Саламшо Нӯъмонов

  Имрӯзҳо тамошои гӯштингирии аксари паҳлавонон дар мусобиқаҳои расмию идҳои мардумӣ як навъ дилгиркунанда ба назар мерасад. Наззораи часпу талошҳои дарозу бенатиҷаи паҳлавонон лаззати тамошоро кам карда, мусобоқоти пештару паҳлавонони он даврро ба хотир меоварад. Паҳлавононе буданд, бо намоиши маҳорати майдондорӣ издиҳомро ба ваҷд меоварданд.
  Яке аз чунин паҳлавонони моҳири диёр Саламшо Нӯъмонов буд, ки бо ҳунарнамоии худ майдонҳои мусобиқотро гарм менамуд. Дар маъракаҳои гӯштингирии диёр, ки шоҳид будем, дар як баромад беш аз даҳ нафарро дар вақти кӯтоҳ мағлуб мекард. Худ вазни сабук дошт, вале бо усули аз дарун даромадану паҳлавонони бузургҷуссаро ба ҳаво бардоштану сарозер ба замин оварда, ба пушт хобондан тамошогаронро ба завқ меовард.
  Саламшо Нӯъмонов 13 сентябри соли 1971 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи ҳунарманди маъруфи диёр Усто Мулкамони Нӯъмон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби асосии деҳа соли дар 1985 таҳсилро дар Омӯзишгоҳи захираҳои олимпии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе идома дода ва онро хатм кардааст.
  Пас аз адои хизмати аскарӣ фаъолияти варзиширо давом дода, чандин бор дар вазни хеш қаҳрамони ҷумҳурӣ гаштааст. Дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ борҳо ғолиб омадааст. Саламшо Неҳмонов Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо ифтихорномаҳои соҳаи варзиш қадр карда шудааст.
  Саламшо Нӯъмонов пас аз адои хизмати аскарӣ фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода идома дода, баъдан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов дар тӯли ҳафдаҳ сол кор кардааст.
  Саламшо баъдан ба фаъолияти варзишӣ баргашта, нахустин касест, ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби варзишии ҷудо, самбо ва самбои размиро таъсис додааст. Бо истифода аз таҷриба ва малакаи варзишӣ тавонист дар муддати кӯтоҳ ба комёбиҳо ноил гардад. Ҳафт нафар аз шогирдонаш унвони қаҳрамони ҷумҳуриро ба даст оварда, як нафарашон қаҳрамони Осиё гаштааст. Ин шогирдони ӯ номзад ба устодии варзиши ҷумҳурӣ мебошад. Писараш Нӯъмон алъон идомадиҳандаи касби падар буда, дар синни наврасӣ қаҳрамони ҷумҳурӣ ва барандаи мусобиқаи Осиёӣ гаштааст.
  Шогирдони Саламшо дар мусобиқот фаъолу пешсафанд, ки ин албатта, самараи заҳамоти ӯ мебошад ва мо умедворем, дар оянда шогирдони мактаби Саламшо Неҳмоновро дар зинаҳои баланди мусобиқоти ҷаҳонӣ мебинем.

Саламшо бо шогирдон

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.