Раҳимбек Юсуфов

  usfrahimРаҳимбек Юсупов соли 1931 дар деҳаи Вравзи ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш баъди хатми мактаб ба ҳайси муаллими синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи ба номи Ленини ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Соли 1948 ба факултаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории ш.Сталинобод ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, онро соли 1952 ба итмом расонд. Ҳамчунин солҳои 1952-1953 дар назди Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ш.Тошкент) таҳсилу такмили ихтисос намуд, сипас фаъолияти касбии Р.Юсупов ин тавр сурат гирифт: солҳо 1952-1954 директори мактаби миёнаи ба номи Молотови ноҳияи Куйбишев, 1954-1955 мудири маорифи ноҳияи Куйбишев, 1955-1958 директори Омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғарм (шаҳраки Навобод), 1958-1960 дар дастгоҳи Вазорати маорифи халқ чун мутахассис кори педагогии худро такмил дод, 1960-1968 директори мактабҳои миёнаи рақамҳои 25, 37 ва 55-и шаҳри Душанбе, 1968-1971 директори мактаб-интернати ноҳияи Куйбишев, 1971-1972 директори мактабҳои шабонаи №17, 18-и шаҳри Душанбе, 1972-1989 Р.Юсупов дар вазифаҳои директорӣ, мудири қисми таълимӣ дар мактабҳои рақами 75 ва 49-и ш.Душанбе кору фаъолият дошт. Р.Юсупов дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ бо чандин медалу унвонҳои ифтихорйӣқадрёбӣ шудааст.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.