Нозимҷон Охиров

  Яке аз ҷавонпаҳлавонони номдори диёр, ки ватани хешро дар мусобиқаҳои варзишӣ намояндагӣ карда, ба шарафи ӯ суруди миллии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ садо додааст Нозимҷон Охиров мебошад.
Охиров Нозимҷон Раҳматшоевич 15 августи соли 1994 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ чашм бо олами ҳастӣ кушодааст. Ҳанӯз шашсола буд, ки бо амакаш Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Охиров ба шаҳри Душанбе омада, бо дастгирии ӯ ба машқу тамрин пардохт. Нозимҷон таҳти роҳбарии паҳлавони маъруфи кишвар Маҳмадшариф Сулаймонов ба тамрини самбо машғул шуд.
  Нозимҷон, ки ба ин намуди варзиш ҳаваси беандоза дошт, зуд муваффақ шуд. Бо ҷаҳду талош заҳматҳои зиёдро паси сар карда, комёбиҳо ба даст овард. Нозимҷон аз соли 2011 то соли 2016 шаш сол пайдарпай дар риштаи самбо, дар вазни хеш қаҳрамони Тоҷикистон будааст. Се маротиба солҳои 2012, 2013 ва 2015 қаҳрамони Осиё гардидааст. Соли 2017 дар бозиҳои Олимпии Осиё мақоми аввалро касб кардааст.
  Нозимҷон Охиров соли 2012 дар мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар шаҳри Минск мақоми сеюм ва медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ се маротиба: солҳои 2011, 2013 ва 2015 қаҳрамон шудааст. Дар соли 2017 дар мусобиқаи Осиёии самбо дар шаҳри Ашқобод соҳиби мақоми сеюм шудааст.
  Нозимҷон Охиров хатмкунандаи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ буда, Устоди дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар толори варзишии деҳаи Техарв ба тарбияи варзишии насли наврас машғул аст. Ӯ соҳиби се фарзанд аст. Писараш ба ҷодаи падар рафта, алъон яке аз паҳлавонони беҳтарини хурдсол ва ояндадори диёр мебошад.
  Шоири мардумии диёр Шакаршои Ванҷӣ, ки мухлиси Нозимҷон аст, ӯро дар ашъораш васф кардааст.
Дар Ванҷи мо палвонай, у мард Нозимҷонай,
Номдори ин ҷаҳонай, у мард Нозимҷонай.
Ӯ аз замини мардхез, зурт ки нест бгрез,
Як Рустами замонай, у мард Нозимҷонай.
Дар сабқати ҷаҳонӣ, нест зи ӯ меҳрубонӣ,
Ҳамчун шери жаёнай, у мард Нозимҷонай.
Сад пушти ӯ палвонай, паҳлавони майдонай,
Пушти ҳариф нолонай, у мард Нозимҷонай.
Боз чашми мо шуд довар, у қаҳрамони Ховар,
Ҳоло ҳам ӯ ҷавонай, у мард Нозимҷонай.
Парчами меҳанбардор, ашки шодияш қатор,
Суруди миллихонай, у мард Нозимҷонай.
Ҷоми ӯ гар беҳамто, нишони ӯ боз тилло,
Садҳазора достонай, у мард Нозимҷонай.
Шермарди тоҷиконай, тоҷбасари худмонай,
Ӯ амтари палвонай, у мард Нозимҷонай.
Шакаршои Ванҷӣ
Паҳлавони Ванҷи бостонист, Нозимҷони мо,
Рустами Дастони сосонист, Нозимҷони мо.
К-аз замини қаҳрамонони ҷаҳони номдор,
Номвараст, номвараст, номист, Нозимҷони мо.
Чун ситора медурахшад дар фазои куштӣ,
Дар замин аст, лек осмонист, Нозимҷони мо.
Марди майдон, пили маст, шери нар астӣ,
Чун ялони Оли Сомонист, Нозимҷони мо.
Гурди мо андар забони мухлисони олам аст,
Булбулам вақти ғазалхонист, Нозимҷони мо.
Ӯ бадахшонист, бадахшонист Нозимҷони мо,
Тоҷдори Тоҷикистонист, Нозимҷони мо.
Шакаршои Ванҷӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.