Натиҷагирӣ аз ҳунарнамоии Сомон дар Марокаш

  Сомон Маҳмадбеков рузи 17 октябр дар Марокаш ба майдони рақобатҳои қаҳрамонии ҷудои ҷавонони ҷаҳон баромад. Ӯ дар шаш набард шаш пирузӣ (6 иппон) ба даст овард. Ҳеҷ яке аз ин набардҳо ба вақти изофӣ (golden score) кашида нашуд. Сомон ҳамаи ҳарифонашро пеш аз муҳлат шикаст дод. Дар додани итиёзҳо доварон ҳам баҳсу мунозира накарданд.
  Сомон Маҳмадбеков ду бор торихсозӣ кард. Бори аввал соли 2017 дар шаҳри Загреби Хорватия нахустин медали ин мусобиқаро ба кишвараш овард (нишони биринҷӣ). Дар Марокаш паҳлавони мо хушрангтарин медалро ба гардан овехт. Медали тиллои Сомон Тоҷикистонро дар байни 82 давлати ҷаҳон дар мақоми ҳафтум қарор дод. Узбекҳо, қазоқу қирғиз, ки дар ин варзиш хеле пешрафта ҳастанд, бидуни медал монданд.
  Сатҳи фаннӣ ва бадании Сомон, хеле беҳтар шудааст. Дар ин мусобиқа ӯ аз усулу тактикҳои нав истифода карда, ҳарифон ва мураббиёни онҳоро ғофилгир кард. Сомон аз ин мусобиқа 700 имтиёз барои радабандии ҷаҳонӣ ва 700 имтиёз барои радабандии олимпӣ касб кард. Бо ин имтиёзҳо ӯ аллакай дар миёни ҷудокороне, ки метавон онҳоро соҳибони саҳмияҳои олимпии Токиё 2020 ном бурд, қарор мегирад. Ин корнамоии Сомон натиҷаи аз худгузаштагиҳо, талошҳои шабонарузии ӯ ва мураббиёнаш мебошад. Корнамоии Сомон такони бузурге барои пешрафти ҷудои кишвар хоҳад шуд. Муҳаммадрозиқи Неъматзод.

  1. Ба майдон пахлавон омад.
    Насли Рустам,Сомон омад.
    Дастболо бар харифон омад.
    Точике бо нангу,ном омад.

  2. Номбардори майхан, Сомон шуда.
    Пахлавони номи дар чахон шуда.
    Чехраи зебояш дар олам намоен шуда.
    Обуруи точикони,чахон шуда.

    Дуруд ба модароне,ки пахлавон ба дуне меоаранд.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.