Мулло Насриддин

  Фарзанди мударрис Мулло Лутфулло дар Бухоро таҳсили илм карда, баъд ба зодгоҳ, деҳаи Лугад бармегардад. Ба қавли мӯйсафедон ороиши нигорхонаи қалъаи Рохарв, ки соли 1929 ба хок яксон карда шуд, ба мӯқалами Мулло Насриддин тааллуқ дорад. Шеър из эҷод мекардааст. Соли 1929 ба шаҳодат расидааст. Пеш аз қатлаш сурудааст:
Ман аз равиши чархи фалак зор бигирям,
Бо сад аламу дидаи хунбор бигирям,
Мансури аналҳақ ба сари дор бигирям.

Шоири шаҳири диёр Басир Расо дар васфаш сурудааст:
Навхати Юсуфҷамоле Насриддин,
Нақшбанде буда чун наққоши Чин.
Лафзи тоҷикдону турку ҳам дарӣ,
Ёфта дар ҷамъи хаттотон сарӣ.
(Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.