Мирзомуддин Раҷабов

  Мирзомуддин Раҷабов 7 декабри соли 1935 дар деҳаи Роғ, деҳшӯрои Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиаш баъди хатми мактаби миёна, соли 1952 ба сифати муаллими мактаби 7-солаи ба номи Молотов оғоз ёфт.   Соли 1954 шавқи донишандӯзӣ Мирзомуддини ҷавонро ба даргоҳи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бурд. Баъди хатми факултаи физикаю математика (шӯъбаи физика) ба макони тавлид баргашта шуғли омӯзгорӣ намуд.  
  Фаъолияти меҳнатии М.Раҷабов баъди хатми донишкада чунин ҷараён гирифтааст: солҳои 1958 – 1959 муаллими мактаби меёнаи рақами 5 (ба номи Ленин), 1959 – 1966 ҷонишини сарвари мактаби номбурда, 1966 – 1967 дастурдиҳандаи (инструктор) кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ, 1967- 987 мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ.  
  Қобилияти ташкилотчигии Мирзомуддин Раҷабовро ба назар гирифта, сарварони кумитаи ҳизбӣ ӯро барои аз нав ба корҳои ҳизбию шӯравӣ баргаштан тавсия намуданд. Солҳои 1987-1989 дар вазифаи мудири шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи ҳизбии ноҳия, 1989 – 1991 котибии совхози “50-солагии СССР”, 1991-1993 директории совхози “50-солагии СССР”, 1993 – 1996 сарварии маркази шуғли аҳолии ноҳия, 1996-1997 ҷонишинии раиси хоҷагии “Меҳнат”-ро ба дӯш дошта, дар ҳама ҳолат санъати баланди роҳбарӣ нишон додааст.  
  Дар давоми фаъолияти кории хеш М. Раҷабов борҳо ба депутатии Шурои ноҳияи Ванҷ, аъзои кумитаи иҷроияи ВМКБ, депутатии Шурои депутлтҳои халқии ВМКБ, аъзогии кумитаи ҳизбии ноҳия, аъзогии кумитаи вилоятии ҳизб интихоб шудааст.   Барои хизмати тӯлонӣ ва намунавӣ борҳо бо мукофотҳои давлатӣ, медалу ифтмхориомаҳои сатҳи олии ҳизбию давлатӣ сарфароз гаштааст.   
  М. Раҷабов дорандаи унвони ифтихории “Аълочии маорифи ИҶШС” мебошад. Ҳоло ин марди корозмуда, нафахӯри дараҷаи давлатӣ мисли пештара аз меҳнат дурӣ намеҷӯяд. Ҳарчанд барои давлати пирӣ рондан тамоми шароит барояш муҳаёст, вале дар боғи калони мевае, ки дар як ҷои санглоху назарногир бо заҳмати хеш бунёд намудааст пайваста кор мекунад. Лаззати зиндагиро ӯ маҳз дар меҳнат мебинад. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.