Ахбори қаблӣ

Сомон қаҳрамони ҷаҳон шуд

  Ҷавонпаҳлавони маъруфи диёр Сомон Маҳмадбеков нахустин унвони Қаҳрамони ҷудои ҷавонони ҷаҳонро дар саҳифаҳои таърихи варзиши тоҷик ба номи худ сабт кард. Ӯ дар таърихи 17 октябри соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон дар Марокаш ширкат варзида, дар мусобиқаи ниҳоӣ ҳарифи утришии хешро дар тӯли 20 сония мағлуб карда, медали тиллоӣ сабқатро ба гардан овехт.
  Сомон дар шаш қувваозмоӣ шаш пирӯзӣ ба даст оварда, ҳама ҳарифонашро пеш аз анҷоми вақти сабқат мағлуб кард. Паҳлавон ду сол пеш медали биринҷии ин мусобиқаро аз кишвари Хорватиё ба ватан оварда буд ва ин дастоварди бузургаш роҳи ӯро ба бозиҳои олимпии Токиё – 2020 ҳамвор намуд. Ин пирӯзӣ дараҷаи Сомон ва мақоми Тоҷикистонро дар радабандии ҷаҳонӣ дар ин навъи варзиши маъруф боло бурд.

Нодир Одилов аз олам даргузашт

  Олими маъруфи кишвар, файласуф, исломшинос, зодаи диёр Нодир Одилов дар шаби 21 сентябри соли 2019 дар синни  87-солагӣ аз олам даргузаштанд. Нодир Одилов дар соли 1932 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шуда, пас аз хатми донишгоҳ муддате дар зодгоҳ ба омӯзгорӣ шуғл варзида, пас аз хатми аспирантура фаъолияти корияшро ҳамчун устод ва баъдан мудири кафедраи фаслсафаи Донишгоҳи кишоварзӣ идома додааст. Баъдан, вазифаҳои мудирии Шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳо, мудирии кафедраи фалсафаи Донишгоҳи омӯзгорӣ, мудирии кафедраи фалсафаи Донишгоҳи забонҳо ва Донишгоҳи тиҷоратиро ба ӯҳда доштааст. Дар солҳои охир мудири Шӯъбаи дини Донишкадаи фалсафаи АИ ва раиси Шӯрои кӯҳансолони Тоҷикистон буд.
  Муаллифи асару мақолоти зиёди илмӣ буда, “Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ”, “Ислом дар оинаи ақл”, “Ихтилофи ақоид ва низоъҳои мазҳабӣ дар ислом”, “Ислом ва сотсиализм” асарҳои калони илмии олим мебошанд.

Садамаи маргбор дар роҳ ба диёр

  Воқеаи мудҳише, ки дар субҳи рӯзи аввали моҳи август ба вуқӯъ пайваст, аҳли диёрро такон дод. Худраве, ки аз пойтахт ба ҷониби Ванҷ равон буд, дар мавзеи Яхчипуни Шӯробод сарозер ба дарёи Панҷ афтода, бо мусофиронаш ғарқ шуд. Дар натиҷа, се мард, ду зан ва як кӯдак қурбони ин ҳодиса шуда, чанд рӯз аст, ки ҷасади фавтидагонро ҷустуҷӯ доранд.
  Фавтидагон мансуб ба як хонадон, яке аз муаллимони обрӯманди диёр, сокини деҳаи Чихох Садриддин Асоев бо бародару духтару набера, хоҳарзодаи сокини пойтахташон ва ҷавонзани хешовандашон аз деҳаи Мудехарв буданд. Ҳодиса дар рӯзи 1 августи соли 2019 дар мавзеи номбурда, дар маҳалли дур аз сукунату назар ба сабабҳои норӯшан дар соати панҷи саҳар рух додааст. Мақомоти дахлдор ва ҷавонмардони диёр дар маҳалли ҳодиса қарор дошта, ғарқшудагонро ҷустуҷӯ доранд. Ҳоло, ки мавсими серобӣ ва ошуфтагии ин дарёи пуртуғёни кӯҳӣ аст, адои корҳои ҷустуҷӯи дар соҳилҳои он мушкил аст. Матни комил. 

Идомаи сохтмони пули пиёдагарди Бунай

  Умури сохтмонӣ дар пули пиёдагарди Бунай оғоз гардида, бо сарпарастӣ ва маблағгузории соҳибкори варзида, зодаи деҳа Баҳор Мирзоев ин шабу рӯз дар авҷ аст. Сохтмончиёни ширкати Одилҷон Аҳмадов, ки бунёди ин пулро ба зимма доранд, тавонистанд пойдевори бетонӣ ва зерпояҳои ҳар ду тарафи соҳили рӯдхонаро ба анҷом расонанд. Дар ҳоли ҳозир бардошти пояҳои оҳанин сурат гирифта, аз он тарафи дарё – Убара бардошта шуда, иҷрои чунин кор дар тарафи дигари рӯд – Ибара идома дорад.
  Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, худи соҳибкор Баҳор Мирзоев иброз дошт, ки дар машварат бо сохтмончиён якҷоя ӯҳдадор шудаем, ки бунёд ва сохтмони пули мазкурро то фарҷоми рузаи моҳи шариф ва оғози иди мубораки Рамазон комилан ба анҷом расонем, ва онро чун ҳадяе барои сокинони деҳа ва мардуми шарифи диёрамон дар ин рӯзҳои муборак тақдим намоем. Гузориши Б. Назарзода.

Бунёди пул бар фарози рӯди Бунай

  Иқдоми мазкурро соҳибкори созандаю бунёдкор, зодаи ин деҳаи зебоманзар Баҳор Мирзоев сармоягузорӣ хоҳад кард. Тендери марбут ба бунёди иншоотро пулсози ҷавон, фарзанди диёр – Одилҷон Аҳмадов дастрас намудааст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ чандин пулу роҳҳои мошингард низ сохтааст. Ҳамзамон, ин ҷавони варзидаву кордон, техникаву олоти заруриро оварда, корро оғоз намудааст.
  Ёдовар мешавем, ки бар асари баланд шудани сатҳи оби дарё, об пули сохташударо мебурд ва дар гармии тобистон сокинони деҳа, хонандагон ва мӯйсафедон маҷбур мешуданд, боз 4 км масофа роҳро тай намуда, бо убур кардан аз пули мошингарди поён ба маркази деҳа, ки маркази деҳшӯрои Ҷовидон ба ҳисоб меравад, бирасанд. Ҳамакнун кори анҷоммедода бо риояи талаботҳои стандартӣ, мушкилоти масофаи роҳро бартараф сохта, равуои сокинони деҳаро дар чаҳор фасли сол сабук ва осон мегардонад. Муфассал. 

Ширкати Гулзод дар ҳамоиши байналмилалӣ

  GlzodhamoishУстод Наврӯз Гулзод яке аз донишмандони фарҳехтаи тоҷик аст, ки дар маркази Русия -шаҳри Москва дар Донишгоҳи давлатии забоншиносӣ забони тоҷикиро ба донишҷӯён дарс медиҳад. Усули дурусти расонидани илм ба шогирдон боиси дилбастагии беандозаи ҷавонони рус ба забон ва адабиёти тоҷик гаштааст. Худи устод бо муносибати неку самимонааш дар ин росто соҳиби эҳтироми вижаи донишпажӯҳон ва устодони донишгоҳ гардидааст.
  Чанд рӯз пеш устод бо шогирдонаш ба шаҳри Душанбе рафтанд ва дар ҳамоиши 11 байналмилалии “Гуфтугӯи тамаддун ва забонҳои Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Созмони Ҳамкории Шонхой дар асри XXI” ва ҳамоиши 6 байналмилалии “Мактаби тарҷумонҳои адабиёти бадеии ДММ ва СҲШ ” ширкат доштанд. Суханронии устод ва шогидонашро аҳли нишаст хеле хуб пазироӣ намуданд. Идома.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.