Маҳмадулло Абдуллоев

  Маҳмадулло Абдуллоев соли 1931 дар деҳаи Узбайи деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ ВМКБ, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш хеле барвақт, аз моҳи феврали соли 1947 ба сифати мураббӣ-тарбиятгари хонаи бачагон ва муаллимии мактаби миёнаи ба номи Ленини маркази ноҳияи Ванҷ оғоз ёфтааст. Баъди хатми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнй) аз соли 1954 то 1956 касби муаллимиро дар мактаби номбурда идома додааст.
  М.Абдуллоев солҳои 1956-1961 мудирии шӯъбаи маорифи халқи ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда дошт.Аз соли 1961 ба кори ҳизбӣ гузашта, то соли 1963 дар вазифаи котиби дуюми кумитаи ҳизби ноҳияи Ванҷ кор кардааст. Солҳои 1963-195 ба ҳайси шунавандаи мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москва идомаи таҳсил дошт. Баъди хатми он солҳои 1965-1967 мудирии Шӯъбаи тарғиботӣ-ташвиқотии (пропаганда ва агитатсия) Кумитаи ҳизбии ВМКБ ба зимма доштааст.
  Санъати баланди роҳбарӣ ва ташкилотчигии Маҳмадулло Абдуллоев солҳои 1967-1987 ҳангоми дар вазифаи масъули котиби аввали кумитаи ноҳияи Ванҷи ҳизби коммунисти Тоҷикистон кору фаъолият намуданаш аён гардид.
  Дар ду даҳсолаи сарвари ҳизби ноҳия (дар он вақт шахси дар ин вазифа буда, роҳбари аввали ноҳия ҳисоб меёфт) будани М.Абдуллоев, Ванҷ ба пешравиҳои хеле назаррас соҳиб мешавад. Маҳз дар ин солҳо роҳҳои мошингарди мумфарш дурдасттарин гӯшаҳои ноҳияро бо марказ наздик намуданд, кӯпрукҳои зиёде соҳилҳои дарёю дарёчаҳои кӯҳиро бо ҳам пайвастанд.
  Ҷӯю каналҳои нав даштҳоро обёрию обод намуданд. Даштҳои Торӯғу Хумроғӣ (Сурхсангов) деҳшӯрои Водхуд, ки аз ин ҳисоб 250 гектар замини бекор ва санглох обёрӣ ва обод шудааст. Маркази ноҳия куллан симои худро тағйир дод. Дар қисмати шарқии он (Дашти Бовуд) маҳаллае бино ёфтааст, ки дар намуд чун маҳаллаи шаҳри ҳозиразамон ба назар мерасад.
  Кору хизмати маданӣ-равшанинамоӣ хеле пеш рафт. Биноҳои нави мактабу касалхонаҳои марказӣ қомат афрохтанд. Хонаҳои маданияту клубу китобхонаҳо маркази деҳшӯроҳоро зиннат медиҳанд. Чандин корхонаҳои саноатӣ, аз қабили истгоҳи пуриқтидори барқ, истеҳсоли мармар ва маҳсулот барои мумфарш кардани роҳҳои автомобилӣ ва боз даҳҳо корхонаҳои дигар сохта шудаву сохтмонашон оғоз ёфта (заводи консерва) аз дурнамоиумедбахши ноҳия шаҳодат медоданд. Дар ҳамаи ин саҳми бевоситаи М. Абдуллоев ва дигар роҳбарони солҳои 60-80-уми ноҳия кам нест. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев.

Маҳмадулло Абдуллоев

  Ходими давлатии ВМКБ, ба хусус ноҳияи Ванҷ, фарзанди фарзонаи диёр амаки Маҳмадулло Абдуллоев буданд. Муаллим Маҳмадулло Абдуллоев зодаи деҳаи Узбай, ҷамоати Водхуд, ноҳияи Ванҷ мебошад. Падараш Абдулло Раҳматуллоев яке аз шахсиятҳои саводнок, омӯзгори варзида буданд, ҳам дониши хуби динӣ ва дунявӣ доштанд. Муаллим Маҳмадулло Абдуллоев маҳз дар чунин муҳит тарбия ёфт.
  Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супурда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Баъд бо роҳхат ба зодгоҳаш ноҳияи Ванҷ меояд, чанде ба омӯзгорӣ машғул мешавад. Қобилияти кордонияшро ба назар гирифта, ӯро ба вазифаи мудири Шӯъбаи маорифи ноҳия таъйин менамоянд. Сипас ба маркази вилоят хонда, ба вазифаи роҳбари Шӯъбаи ташвиқоту тарғиботии шуъбаи вилоятии ҲК Тоҷикистон таъйин мекунанд.
  Баъдтар ӯро ба вазифаи Котиби аввали Ҳизби Комунисти ноҳияи Ванҷ (РАЙКОМ) интихоб мекунанд. Ӯ дар ин вазифа зиёда аз 20 соли ҳаёташро бахшид. Ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар даврони сарварии ӯ ба пешравиҳои назаррас ноил шуданд. Аз ин рӯ, номи муаллим Абдулоев Маҳмадулло доимо вирди забони забони ҳамдиёронаш буда, ӯро ба некӣ ёд мекунанд.
  Ҳамдиёронаш хотираашро бо номгузорӣ ба кӯчае дар маркази ноҳия ва номгузории ҷамоати калонтарин абадӣ гардондаанд. Пайкарааш дар маркази шаҳри Хоруғ гузошта шудааст. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!. Давлатмир Давлатов.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар к-ӯ накӯном зист

  Даврони раисии Маҳмадулло Абдуллоевро дар ёд надорем, вале аз хурдӣ зикри номи ӯро пайваста мешунидем. Дар ҳолоте мардум бо ибороти “дар замони раисии Абдулоев…”, “агар замони Абдулоев мебуд…”, “агар алъон Абдуллоев мешуд…”, ё ину он дар замони Абдулоев сохта шуд… ва ғайра ёдоварӣ мекарданд.
  Маҳмадулло Абдуллоев фарде аз зодагони диёр буд, ки солҳои зиёд зимоми идораи ноҳияро ба даст дошт ва бо хидмати шоиста барои мардуму пешрафти ноҳия дар таърихи диёр номи нек ба ёдгор гузошт.
  Одатан, руасо дар замони вазифадорӣ тақдир мешаванд. Аз ҷониби зердасту нафъҷӯён аз буд зиёд ситоишу муаррифӣ мегарданд. Чун аз вазифа канор рафтанд, мардум зуд исмашонро аз хотир берун меоваранд. Манфиатхоҳу чоплусу хушомадгӯён низ матлаби мадҳашонро дигар мекунанд.
  Абдуллоевро шарафу шаън ба чӣ ваҷҳе ба даст омад?. Абдуллоев ноҳияро таҳти идора ва буҷаву сармояро дар ихтиёр дошт, вале амволи давлатро, ки моли тамоми шаҳрвандон аст, ба манфиати хешу авлоду дӯстони хеш истифода набурд. Мисли соири мардум дар хонаи муқаррарӣ зист, аз ҳисоби халқ кӯшк бо боғу бӯстон насохт, ё дар шаҳрҳо хона нахарид. Фарзандонашро аз ҳисоби мардум ба кишварҳои хориҷ ба хондан нафиристод. Дар ҳоле ки мардуми одӣ бо чойу нон гузар доштанд, бо аҳли хонадон аз хӯрданиҳои гаронқимату нуқлу нӯшобаҳои рангоранг хурду нӯш намекард…
  Дар мулоқот бо мардум чанд нӯкаре аз пасу пешаш намедавид, арзу доди мардумро бемонеаи касе мешунид. Маъмурону масъулон медонистанд, ки ришваю тамаллуқ ононро аз ҷурму хато намераҳонад, аз ин рӯ, аз саҳву лағжиш дар адои вазифа эҳтиёт мекарданд ва ӯҳдароиҳои бар дӯш доштаро ба ваҷҳи аҳсан анҷом медоданд. Бар вазоиф мутахассисону афроди шоистаро мегумошт.
  Имрӯзҳо бархе ҳам мехоҳанд, ки чун Маҳмадулло Абдуллоев ному нишон дошта бошанд. Аммо касби ному обрӯ ба таври сунъию сохта ҳосил намешавад, агар ҳам ба ин роҳ сохта шавад, дер намепояд. Барои ин мебояд чун Абдуллоев оташи нафси хешро фурӯ нишонд, манофеи умумиро бар хусусӣ пеш гузошт, шаъну ғурури инсониро нигаҳ дошт, набояд хешро дар пеши воломақоме ба фарш фурӯ ниҳод. Мардум ҳама афъолу аъмолро ба чашм мебинанд, бархе бо тамаллуқ ба хотири суде сано мегӯянд, баъзе аз тарси мақом хомӯш менишинанд, дигарон кирдори раисонро дар ғайб ба муҳокима мекашанд.
  Аслан, кору кирдори руасоро пас аз вазифа канор рафтанашон баҳо медиҳанд…

Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.