Маҳмадбек ноибқаҳрамони сабқати аврупоӣ шуд

  Ҷавонпаҳлавони диёр Маҳмадбек Маҳмадбеков дар мусобиқаи ҷудои Қаҳрамонии Аврупо дар байни ҷавонони то 23 сола соҳиби медали нуқра гардид.
  Маҳмадбек шогирди бошгоҳи варзишии “Мори Ҷудо”-и шаҳри Иркутски кишвари Русия буда, дар сабқати ҷудои Қаҳрамонии Аврупо, ки дар таърихи 9 то 10 ноябри соли 2020 дар Поречи кишвари Хорватистон ҷараён дорад, сазовори ҷои дуввум гардид.
  Маҳмадбек Мҳмадбеков дар вазни 73 кг қувваозмоӣ карда, аз панҷ чаҳор ҳарифи хешро аз кишварҳои Латвия, Испониё, Исроил, Ҳоланд мағлуб сохта, дар мусобиқаи ниҳоӣ сабқатро ба ҷудокори кишвари Молдова бохт.
  Маҳмадбек Маҳмадбеков Устоди варзиши Русия дар ҷудо, баранда ва дорандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии аврупо дар соли 2019, дорандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ дар соли 2019, барандаи чандин медалу ҷомҳои аврупоист.
Феълан, дар Омӯзишгоҳи захираҳои олимпии шаҳри Иркутск таҳсил дошта, таҳти сарпарастии паҳлавонони маруфи диёр Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. 10.11.2020.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.