Маҳмадбек Маҳмадбеков

  Маҳмадбек Маҳмадбеков яке аз ҷавонпаҳлавонони умедбахш диёр мебошад, ки дар кишвари Русия зисту тамрин дорад. Маҳмадбек ҳанӯз аз замони хурдӣ ҳамчун иштиёқманди соҳаи варзиш касби муваффақиятҳо намудааст.
  Маҳмадбек Маҳмадбеков Устоди варзиши Русия дар ҷудо, баранда ва дорандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии аврупо дар соли 2019, дорандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ дар соли 2019, барандаи чандин медалу ҷомҳои аврупоист.
  Феълан, дар Омӯзишгоҳи захираҳои олимпии шаҳри Иркутск таҳсил дошта, таҳти сарпарастии паҳлавонони маруфи диёр Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад.
  Ҷавонпаҳлавони диёр Маҳмадбек Маҳмадбеков дар мусобиқаи ҷудои Қаҳрамонии Аврупо дар байни ҷавонони то 23 сола соҳиби медали нуқра гардид. Маҳмадбек ҳамчун шогирди бошгоҳи варзишии “Мори Ҷудо”-и шаҳри Иркутски кишвари Русия, дар сабқати ҷудои Қаҳрамонии Аврупо, ки дар таърихи 9 то 10 ноябри соли 2020 дар Поречи кишвари Хорватистон ҷараён дошт, сазовори ҷои дуввум гардид.
  Маҳмадбек Мҳмадбеков дар вазни 73 кг қувваозмоӣ карда, аз панҷ чаҳор ҳарифи хешро аз кишварҳои Латвия, Испониё, Исроил, Ҳоланд мағлуб сохта, дар мусобиқаи ниҳоӣ сабқатро ба ҷудокори кишвари Молдова бохт.

1 Назар

  1. Ба модарони пахлавонзой салом.
    Ба падарони ба нангу ном салом.
    Ба пахлавонони парчамбардор салом.
    Ба Вахеву Ванчу Точикистон салом.

Добавить комментарий для Рахматулло Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.