Иршод Сулаймонӣ

  irshodИршод Сулаймонӣ (Сулаймонов Иршод Салоҳович) дар таърихи нуздаҳуми январи соли 1985 дар деҳаи номошнои Гишхун  таваллуд шудааст. Даврони мактабхонӣ барандаи Стипендияи раиси ноҳия ва Стипенди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ғолиби озмунҳои фаннии бисёри ноҳиявӣ ва вилоятӣ буда, соли 2002 дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Ровиёни забони тоҷикӣ” дар Душанбе мақоми дуввумро сазовор шудааст. Мактаби таҳсилоти умумии №17-и ноҳияи  Ванҷро бо гувоҳномаи аъло дар соли 2002 ва факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло  дар соли 2007 хатм намудааст.
  Баъди хатми Донишгоҳ бо қарори Комиссияи арзёбии давлатӣ барои кор дар Донишгоҳ ва таҳсил дар аспирантура тавсия мешавад. Хатмкардаи бахши ғоибонаи шуъбаи аспирантураи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дар соли 2012) аст.
  Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2007 то ин дам дар симатҳои муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, устоди кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, устоди кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ кор кардааст.
  Ҳамчунин фаъолияти рӯзноманигории худро хеле зуд, аз даврони донишҷӯйӣ ба ҳайси муҳаррири идораи барномаҳои фарҳангии Радиои Тоҷикистон (2005-2006), муҳаррири нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» (2009-2010), сардабири ҳафтаномаи мустақили сиёсии «Миллат» (2010), муҳаррири нахустин  рӯзномаи даврони истиқлоли Тоҷикистон – «ИмрӯзNews» (2011), муовини сардабири маҷаллаи давлатии «Бонувони Тоҷикистон» (2011-2012) такмил кардааст. Феълан шореҳи сиёсии гуруҳи расонаҳои “Озодагон” мебошад.
  Дар арафаи дифоъи поённомаи номзадӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои ташаккули журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Муаллифи як китоб (бо шариктаълифон) – «Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ»Душанбе -2012, Ирфон; 5 мақолаи илмӣ (дар маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ) ва бештар аз 300 мақолаи журналистӣ дар расонаҳои гуногуни Тоҷикистон ва берун аз он ҳастанд. Инчунин, муҳаррир ва мураттиби 5 китоби илмӣ, 3 китоби илмию оммавӣ ва 1 китоби бадеӣ мебошанд.
  Узви  Конгресси байналмилалии журналистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 2005 аст. Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2015.
  Иршод Сулаймонӣ дар ҳоли ҳозир аз журналистони чирадаст, ҳирфаии шумораи аввали Тоҷикистон ба шумор рафта, бо таҳлилҳои сиёсӣ ва мусоҳибаҳои чолишбарангезаш маъруф мебошад. Давраҳои бозмӯзии касбӣ ва илмиро дар Русия, Белорус ва Афғонистон фаро гирифтааст. Дар конфронсҳои зиёди илмӣ ва илмию амалӣ ба унвони пажӯҳишгари масоили сиёсӣ ва рӯзноманигорӣ суханронӣ доштааст.
  Ба ҳайси коршиноси масоили сиёсӣ, равндҳои сиёсиву иҷтимоӣ, расонаҳо ва медиаполитология бо марказҳои илмиву тадқиқотӣ ва ВАО лоиҳаҳои муштаракро коркард намуда ва алъон низ ҳамкорӣ менамояд. Оиладор, соҳияби 2 фарзанданд.

    • Бехтарин фарзанди фарзони миллат аст худованд ба бехтарин кулахои баланди зиндаги расонад шуморо бародари азиз

Добавить комментарий для Али Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.