Домулло Имом

  Домулло Имом, яке аз шахсиятҳои барҷастаи динӣ ва чароғи маърифати ислом, зодаи диёри Язгулом, ноҳияи Ванҷ буда, дар солҳои баъди инқилоби Октябри ватани хешро ба самти Афғонистон тарк кардаст ва дар шаҳри Толуқони вилояти Тахори Афғонистон ин дунёи фониро падруд кардаст.
  Таҳсили ибтидоии диниашро дар зодгоҳаш гирифта минбаъд барои ташккули илм рахти сафари Бухоро бастааст. Пас аз таҳсилот дар мадарасаҳои Бухоро ба ватани азизаш баргаштаст ва чанде ба тадриси илми дини пардохтаст ва биллохир аз фишори большевикон маҷбур шудааст, ба Афғонистон куч бандад. Ин навиштаҳо, шамаъе дар васфи он устоди бузургвор аст, ки тақдими бародарон ва дӯстони гиромӣ медорам:

“Имомнома”

Ба хукми худои самову замин,
Худованди ҷону ҷаҳонофарин.
Биёмад паём аз қазову қадар,
Ки модар ба олам биёвард писар,
Биёвард ба бору ба вақти дигар,
Писарро бизойид зи тухми падар.
Падар карда шукру кушода бағал,
Ба парвардани тифл бубаста камар.
Муждаи нав даррасид аз Ломакон,
Кудаки навзодро хонед Имом.
Мерасад рӯзеву мегардад калон,
Пайравӣ бар вай кунад чун хосу ом.
Тифл роҳгардон гашту як замон,
Шуд ба даргоҳи Иллоҳӣ худ равон.
Қиблагоҳаш кард варо таблиғ зи илм,
Модари ғамхор парвардаш ба ҳилм.
Шубҳае дигар намонда аз падар,
Ин замон гуфто к – эй ҷони падар,
Ман дуоят медиҳам, ту кун сафар.
Эзиди пок бод нигаҳдори ту,
Расули Акрам бувад ёри ту.
Каломи Аллоҳ мададгори ту,
Чашми ҳама чор андар роҳи ту.
Рахт барбаст, ихтиёр кард бар сафар,
То ба халқаш заррае орад самар.
То шавад аз илми Ҳақ худ баҳравар,
Вон гаҳе таълим диҳад аҳли башар.
Дар сафар пастию сахтиро бидид,
Ранҷ бурду оқибат ҷое расид.
Як замоне дид аркони баланд,
Аз хушӣ вон дам гардид сарбаланд.
Гашт маълуму бифаҳмид он замон,
К- ин ҳамин ҷост ломакони фозилон.
Ин ҳамон гаҳвораи илму адаб,
Тоҷик ин ҷо ояду фаҳмад насаб.
Ин Бухорост, пойтахти тоҷикон,
Сарзамини олимону орифон.
Баъди он ки хастагӣ аз тан рабуд,
Рӯ ба сӯи мадраса роҳ тай намуд.
Рафт бар мадрасаи “Мири араб”,
Мақсадашро гуфт: аст илму адаб.
Бо умеди кирдугори покаш,
Такя мекард бо Расулу зоташ.
Беамал авқоти хешро сарф накард,
Масҷиду мадрасаро ҳеҷ тарк накард.
Дониши ӯ рӯз ба рӯз боло гирифт,
Лек худро ӯ на Мавлоно гирифт.
Ҳар чӣ беш аз бар намуд Қуръонро,
Ин калому ганҷи бепоёнро.
Оқибат аз кишти хеш ҳосил гирифт,
Ҷав на бал, ӯ хушаи гандум гирифт.
Рӯ ба рӯз дар байни аҳли ин макон,
Номи худро кард машҳур ин ҷавон.
Ин ҳамон Имом буд, баҳри калом,
Як замоне рафта буд аз Язгулом.
Омадашро интизор хешу табор,
Ёру дӯстону ҷавонони диёр.
Ин нахустин қарзи ӯ назди ватан,
Ваъдаи ӯ пеши халқи хештан.
Ин буд, ки зуд ба кӯҳистон расид,
Шӯълаи хуршед дар он ҷо дамид.
Язгуломро боди муродӣ вазид,
Халқи ӯро нури Иллоҳӣ расид.
Маърифатро ӯ ба мардум ёд дод,
Бесаводиро ҳаме барбод дод.
Дар Бухоро тундбоде сар шуд,
Оқибат ин бод дарди сар шуд.
Болшевик омад аморатро гирифт,
К – аз сари давлат садоратро гирифт.
Гӯиё мардумро ӯ бахт дод,
Бахт нею ҷазои сахт дод.
Халқи тоҷикро аввал тақсим кард,
Илму фарҳанги варо тасхир кард.
Ҳарфи худро зуд ба мардум касб кард,
В- ин тариқ афкори халқро паст кард.
Мавҷи туҳфонҳо ба кӯҳистон расид,
Ҷомаи мардумро бар тан дарид.
Мардуми фозил гаштанд дарбадар,
Ҷони эшон гашт акнун дар хатар.
Пири Имом гашт з -ин ҳолат хабар,
Он замон бо кофирон шуд сар ба сар.
Чун бидид, ки кор аз коре гузашт,
Гуфт: к- эй, парвардигори тезшаст.
Нест бод ин махлуқони хунхор,
Мардуми моро кунад ӯ хору зор.
Ту бикун бар мо мадад эй кирдугор,
Кофиронро аз Ватан он сӯ гузор.
Лек чун мардум ҳанӯз гумроҳ буд,
Қисмашон бо Аҳриман ҳамроҳ буд.
Чун намедонист, к -ин кораш хатост,
Ин ҳукумат, ин садорат бебақост.
Рӯзи Одина ба асбаш шуд савор,
Зуд ба мулки афғон шуд раҳсипор.
Асби ӯ чун Рахши Рустам меҷаҳид,
Рӯ ба сӯи Панҷу Ҷайҳӯн медавид.
Чораи дигар вале имкон надошт,
Аскари қатол сӯяш мешитофт.
Охирин бор бо диёраш гуфт видо,
Гуфт: к- эй хешу таборон алвидо!
Язгуломро мулки Яздон хонду рафт,
Халқи ӯро пеши Яздон монду рафт.
Алавӣ ин ҳарф гуфтаст аз калом,
Гар хато гуфтем, узр кун эй, Имом.

Абдулқодири Алавӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.