Давлатшо Бачабеков

  davbachbegДавлатшо Бачабеков устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ оид ба гӯштии тарзи самбо, устоди варзиши ИҶШС оид ба тарзи гӯштии дзюдо мебошад. Вай соли 1963 дар деҳаи Даштаки деҳшӯрои Водхуд дар оилаи кишоварзи асил Бачабеков Акбаршо чашм ба дунё кушодааст. Дар ин деҳа таълиму тарбияи мактабӣ гирифтааст.
  Соли 1984 – ғолиби мусобиқаи Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурй мегардад. Соли 1989 дар чемпионати ИҶШС ҷои 5-ум насибаш гардидааст.
  Давлатшо паҳлавонест, ки шарафи варзиши тоҷикро дар вазни мутлақ ба дуриҳои дур, ба кишварҳои ҷаҳонӣ бурдааст. Ӯ дар чандин мусобиқаҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла, дар София (Булғория) соли 1995, қувваозмоӣ намуда, ба паҳлавонони доираи ҷаҳонй Валери Парумашвилии гурҷӣ, Бернард Ортичи  амрикоӣ ва Ардебат Дашсавеги муғулистонӣ дастболо шудааст.
  Соли 1995 баъди ғолибияти пурра аз болои ҳарифони номдор дар вазни мутлақ, қаҳрамони варзиши қитъавии Осиё эълон шуд. Ҳамчунин дар дигар мусобиқаҳои минтақавӣ дар Красноярск (1996), Деҳлӣ (Ҳиндустон, соли 1997), Спартакиадаи тобистонаи X халқҳо дар Минск ва мусобиқа барои “Ҷоми ҷаҳон” ширкат варзида, дар зинаҳои баланди ифтихорй ҷойгузин гаштааст. Солҳои 2000-2003 чемпиони ҷумҳурй аз намуди гӯштиҳои “самбо”, “дзю-до” ва “гӯштигирй” гаштааст.
  Фаъолияти паҳлавонии Давлатшо Бачабеков дар зери роҳбарии устодонаш Маҳмадшариф Сулаймонов ва Муруват Бачабеков ташаккул ёфтааст.
  Давлатшопаҳлавон ҳоло ҳам тарки майдон накарда, ба нерӯи қавии худ боварии комил дорад. Боз чанд сол ғолибиятро ба касс доданӣ нест. (Аз китоби “Ванҷ-и Ҳ. Пирумшоев).

  1. Давлатшопаҳлавон ба азимҷусасаи нигоҳ накарда хело инсони оддӣ мебошад.Соли 2015 буд.Ман дар мактаби рақами 44 деҳаи Даштак директор будам ва синфхонаҳо на фаршу на шифт доштанд.Ба муҳосиби мактаб супориш додам,ки аз маблағҳои тбарои таъмир ҷудо карда ДСП ва Фанера харида биёр то аз фарши хокӣ халос шавем.Хуллоса чунин ҳам кардем.Барои таги -ҳо хона ба хона гашта ғӯлачӯб пурсидем.Миннатдорем,ки мардуми деҳҳа моро дастгирӣ карданд.Дар ин кор акаи Давлатшо дастёр ва ҳамроҳӣ мо буд.Чун ашёҳҳо камӣ карданд,паҳлавон ба назди сардори қисми сарҳадӣонӣ рафта чандтои дигар чӯбу тахта овард.Мо аз сӯҳбатҳояш доир ӣа иштирок дар мусобиқаҳо ҳаловат мебурдем.Садсола шавӣ акаи Давлатшо!

  2. ҶАҲОНҚАҲРАМОН ДАР ВАЗНИ МУТЛАҚ.
    Соли 2014 буд,хато накунам.Банда директори мактаби ибтидоии рақами 44-и деҳаи Даштаки ноҳия будам.Чун соли 2007 ба вазифаи омӯзгори ин мактаб таъинам карданд,аз ростӣ бо дидани ҳолати мактаб хело ҳам мушавваш шудам.Дар асри 21 кӯдакон дар болои хоки нам дарс мехонанд.Мактаб на фарш дораду на шифт.Чун сарвари мактаб шудам,аз ростӣ аз паяш шудам,бовар кунед мактаб ҳатто аз ҳоҷатхона орӣ буд.Борҳо дар сатҳи ҷамоат ва раиси ноҳия ин масъала бардошта шуд.Хулоса соли 2010 мактабҳо ба маблағгузории сарикасӣ гузаштанду мо ҳам соҳиби маблағ шудан гирифтем.Соли аввал масъалаи ҳоҷатхона ҳам ҳал шуд.Банда ба муҳосиб Қурмаҳмад Маҳмудов супориши қатъӣ додам,ки аз маблағҳои барои таъмир ДСП ва фанера биёранд.Хулоса супориш иҷро шуду масъалаи зерчӯб барои таги ДСП-ҳо пеш омад.Бо амри тақдир ва бахти баландамон он тобистон фарзанди деҳа,ҷаҳонпаҳлавон акаи Давлатшо Бачабеков онҷо буданд.Чун шунидаанд,ки ман аз паи таъмири мактабам ба наздамон омада хело миннатдории хешро баён намуданду ҳамроҳи ману усто Алифбек Бандайихудоев хона ба хона чӯбҷамъкунӣ рафтанд.Чун чӯбҳо камӣ карданд аз заставаи наздисарҳадӣ рафта 5 ғӯлачӯби дигар гирифт.Дар аснои таъмир писарбачае бо номи Соири Зоиршо ба мактаб зуд зуд меомад.Хислаташ ин буд,ки такрор ба такрор салом,салом,салом мегуфт.Ин дафъа ворид шуда буд,ки акаи Давлатшо шӯхиомез гуфташ:-Ай саломи пр гфтаннда брай чой биёрӣ нагарама!Ин писарак қафо гашта баромада рафт.Мо фикр кардем,ки мумкин хафа шудааст.Чанде нагузашта буд,ки писарак хандон хандон вориди мактаб шуда дар дасташ ду баклашка чойи гарму як халта пури шакаладу нон, бо ҳамон забони ширини кӯдакӣ:-Сайом,майими Давлатмир ана чой овайм.Мо ҳам чойҳоро бо каме шоколадҳою нон гирфта пурсидем.Ин шоколатҳоро умат дод.Гфт,не умаином набин хдм гйфтм.Гфтем ин шакалалои гара бубар,ки таи лат назанӣ.Гуфт умам мна ичӣ нагама.Тӯли тамоми таъмири мактаб паҳлавон бо мо буданд ва дар обод кардани мактаби деҳа шарики мо буданд.Мо барои чунин хизмат ба акаи Давлатшо арзи сипос мекунем ва аз Худованди мутаъол тансиҳатӣ ва сарбаланлиашро таманно мекунем.Ва ун эҳтироми хосае,ки нисбати падари бузургворам аз паҳлавон эҳсос кардам фаромӯшношуданист.Соли 2002 падарам бемор шуду дар бемористони Роҳи Оҳани Душанбе бистарӣ буданд, акаи Давлатшо барои эҳтироми устодашон ҳаррӯз ба аёдаташон мерафтаанд.Чун аз онҷо ҷавоб шуда дар хона буданд,доимо айёдаташон мекарданд.Арзи эҳтиром ба чунин шогирд.Давлатшо Бачабеков мутаввалид ба соли 1963,деҳаи зебоманзари Даштак,ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ.Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби рақами 44-и Даштак ва мактаби миёнаи рақами 6-идеҳаи Вравз гирифтааст.Баъди хатми мактаб,соли аввал ноком шуда соли дуввум бомуввафаққият донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мегардад.Машқу тамринҳои пайвастааш зери назар ва роҳбарии устодони маъруфи кишвар Маҳмадшариф Сулаймонов ва Муривватшо Бачабеков сурат гирифтааст.Устоди варзиши сатҳи байналмиллалӣ доир ба самбо ва Устоди варзиши ИҶШС доир ба ҷудо мебошад.Дар мусобиқаҳоибайналмиллалӣ шарафи Тоҷикстонро дар вазнҳои мутлақ ҳифз кардааст.Соли 1984 ғолиби Спартакиадаи донишҷӯёни ҷумҳурӣ ва соли 1989 дар чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ мақоми 5-умро касб кардааст.Соли1993,ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Қирғизистон иқомат дошт, аз номи он давлат дар чемпионати ИДМ баромад карда,соҳиби унвони қаҳрамони ИДМ ва соҳиби медали тилло гашт.Соли 1995 дар вазни мутлақ соҳиби ҷойи аввал ва қаҳрамони Осиё шуд.Давлатшо паҳлавон инчунин ишчиркчии мусобиқаҳои солҳои 1996 дар Красноярски Руссия,соли 1997 дар Деҳлии Ҳиндустон ва Спартакиадаи халқҳои Шӯравӣ дар шаҳри Мински Белорус буда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст.Чемпиони ҷумҳурӣ солҳои 2000-2003 аз намудҳои самбо,ҷудо ва гуштини миллӣ мебошад.Дар шаҳри Амстердами Голандия ва соли 2004(Турсунзода.Тоҷикистон) ғолибият ба даст оварда Қаҳрамони ҷаҳон байни устодон гашта як бори дигар соҳиби ҷои дуюм ва медали нуқра шудааст.Мо ба ҷаҳонпаҳлавон тандурустӣ ва сарбаландиро таманно дорем!
    Муаллиф:Давлатмир Юнусзода.
    PS.Арзи сипос ба бародари азизу киром, устоди гиромиқадр Аъло Умарзод барои кӯмак дар дастрас кардани аксҳо ва маълумот.

Добавить комментарий для ДАВЛАТМИР ДАВЛАТОВ Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.