Вақф дар роҳи Худо барои мардум

  Вақф чист? Оё дар Тоҷикистон заминҳои вақфӣ вуҷуд доранд? Оё дар Тоҷикистон масоили марбут ба заминҳои вақфӣ боре баррасӣ шудааст? Чаро ин қазия дар доираҳои сиёсӣ кам баррасӣ мешавад? Ин масъаларо бояд кӣ дар мадди назар дошта бошад? – ба ҳамин мазмун мо пештар ваъда дода будем, ки дар шумораҳои оянда дар хамин бора менависем.

Вақф ва авқоф, яъне чӣ?  

  Пеш аз баррасии ин масъала мехоҳам дар боби чӣ будани вақф дар луғат ва маънои истилоҳии он ба таври муқаддима бинависам.
  Вақф калимаи арабист ва дар луғат ба маънои истодан, ба ҳолати истода мондану ором гирифтан, манъ кардану ҷилавгирӣ намудан, вақф кардан бар масокин чизеро ба роҳи Худой, ончӣ дар мулки касе набошад ва ба роҳи Худо онро гузоштан аст. Авқоф ҷамъи вақфро мегӯянд.
  Дар истилоҳи фуқаҳо нигаҳ доштану ҳабс кардани айни мулкӣ бар милки воқифи он (на мулки Худо) ва масраф кардани манфаати он дар роҳи Худо аст. Баъзе аз фуқаҳо гӯянд, ки вақф ҳабси айнаст бар милки Худои таоло. Пас бинобар ин милкияти молики он ба Худованд мунтақил мешавад.
  Дар “Луғатнома”-и Деҳхудо оварда шудааст: Замин, мулк ё мустағалле, ки барои мақсуди муайяне дар роҳи Худо ихтисос диҳанд.
  Вақфи хос; вақфест, ки мухтасси дастаи муайян ва хос бошад, монанди вақф бар авлод ё бар афроду табақаи хос аз мардум.
  Вақфи ом; вақфест, ки мурод аз он умури хайрия аст ва махсуси даставу табақаи муайяне нест, монанди вақф бар фуқаро, вақф бар туллобу масоҷиду мадорис. Он муқобили вақфи хос аст. Моле, ки вақф гузошта мешавад он дигар вақфи Худой дониста шуда, ҳеч касро дар он ҳаққи тасарруф нест. Манучеҳрӣ – шоири тавонои форсигӯй мефармояд:

Додори ҷаҳон мулки ҷаҳон вақфи ту кардаст,
Бар вақфи Худой ҳеч касро набувад даст!

  Дар бархе аз кишварҳои исломӣ ва арабӣ як вазорат махсуси авқоф ва умури динӣ мебошад. Ин вазорат дар баробари умури динӣ масъулияти истифодаи шаръии авқофро бар ӯҳда дорад.

Масъалаи вақф дар русияи муосир

  Ҳафтаи охири моҳи гузашта дар ҳаёти рӯҳониёни Русия хабари муҳимтарин ба нашр расидани мақолае оид ба пешниҳоди Вазорати рушди иқтисодии ин кишвар дар бораи аз лиҳози иқтисодӣ чигуна рушд додани конфессияҳои динӣ дар рӯзномаи “Коммерсант” буд ва тавассути саҳифаҳои гуногуни Интернет хонандагон онро ба баррасӣ гирифтанд. Дар мақолаи мазкур гуфта шудааст, ки Вазорати рушди иқтисодӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи интиқоли моликиятҳои дорои аҳамияти динӣ ба созмонҳои динӣ “(“О передаче религиозным организациям имущества религиозного назначения”)-ро омода кардааст, ки мувофиқи он ҳамаи конфессияҳои дар Федеросиюни Русия сабтиномшуда ҳаққи доштани моликияти сохтмон ва заминро мегиранд. Ин раванд аз 23-юми апрели соли 1993 пас аз имзои Президенти вақти Русия Борис Елсин дар фармон “Оид ба интиқоли моликияти ибодатгоҳҳо ва монанди он ба созмонҳои динӣ” оғоз гардида буд. 24-уми сентябри соли 2004 Думаи давлатии Русия қонун дар бораи интиқоли билоивази истифодаи доимии заминҳои назди ибодатгоҳҳоро қабул намуд. Дар баробари пайравони масеҳияту дигар адён дар Русия беш аз 20 миллион мусулмон сукунат доранд ва онҳо ҳам дар иттихози ҳар гуна қонуну қарор дар ин кишвар саҳим ҳастанд. Яке аз масоили муҳим дар ҳаёти мусулмонони Русия барқарор кардани заминҳои вақфӣ мебошад. Феълан барои мусулмонони Русия барқарор кардани вақфҳо ҳамчун суоли калидӣ боқист.
  Дар авоили асри ХХ дар сарзаминҳои мусулмоннишин моликияти созмонҳои динӣ беинсофона аз моликияти давлатӣ ҷудо карда шуд. Дар гузориши ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусиёлистии Доғистон (аз соли 1927) нишон дода шудааст, ки даромад аз вақфу закоти рӯҳониён яку ним миллион рублро ташкил медиҳад, аммо андози ягонаи хоҷагии қишлоқ дар ҳамин сол ҳамагӣ ба 538 ҳазор рубл баробар аст. Дар солҳои охири бистуми асри гузашта вақфҳо нобуд карда шуданд. Режими сталинӣ соли 1943 ибодатгоҳҳои масеҳиро барқарор кард, вале моликияти вақфӣ бетаваҷҷуҳ монд.

Авқоф дар торихи ислом

  Муаррихи муосири мусулмон ва муаллифи китоби “Тамаддуни арабӣ-исломӣ” Шавқӣ Абӯхалил дар бораи авқоф навишта зикр менамояд: “Авқоф – амале аз корҳои хайр мебошад, ки дар ҷомеа мунъакис мегардад. Монанди сохтани мактабу мадрасаҳо, ятимхонаҳо, ислоҳу обод кардани пулу роҳҳо, меҳмонхонаҳо барои мусофирон, риботҳо барои муҷоҳидин, тухмии ройгон барои кишоварзону деҳқонҳо…” Дар китобҳои торих ворид аст, ки дар ҳукуматҳои исломӣ, аз давраи аббосӣ то замони ҳамлаву вуруди кишварҳои ғарбӣ вақфҳои гуногун вуҷуд доштанд. Дар ин бора китобҳои “Муидунниам ва мубидуннақам”- и Тақиюддин Субкӣ, “Риҳлат”- и Ибни Батута, “Вақф”-и Лолопошо ва ҳамсараш Хотун , “Вақф”-и Синонпошо, “Ал- қалоид ал-ҷавҳария фӣ торих ас-солиҳия”-и Ибни Тулун ва дигарҳо навишта шудаанд. Ба илова дар кутуби оид ба аҳкоми фиқҳӣ дар бобати вақф иттилооти кофӣ оварда шудааст. Ш.Абӯхалил менависад, ки “латифтарин вақф мавсум ба забодӣ дар Димишқ вуҷуд дошт, ки дар бораи он Ибни Батута ҳам навиштааст. Дар он зарфу ашёи рӯзгор вақф гузошта мешуд. Агар банохост ғуломе зарферо мешикаст, ба ҳамин вақфхона меомад ва зарфи шикастаро гузошта, зарфи дурустеро гирифта мебурд, то мавриди хашму сарзаниши хоҷааш қарор нагирад. Ҳамин муаллиф меафзояд, ки дар Димишқ ба ҷуз хонаи девонагону хонаҳои махсуси беморони махав, ҷойҳои вақфе барои ҳайвонот низ вуҷуд дошт. Марғзоре андар соҳили ҷанубии рӯди Барадо вақф барои аспҳое буд, ки дар ҷиҳод хаста ё пир мешуданд.
 Ҳамчунин дар Шом ҷойгоҳи вақфе вуҷуд дошт, ки махсуси хонадор кардани духтарони нодор буд. Дигар ҷойгоҳи вақф барои мондани оби ях дар тобистон барои роҳгузарон вуҷуд дошт, ки ташнагии худро бо нӯшидани оби он мешикастанд.
  Дар Маккаи Мукаррама вақфи махсуси манъи вуруди сагон ба дохили Макка буд.
  Дар Тунис вақф барои кӯдакон ҳаст. Дар он рӯзҳои панҷшанбе кӯдаконро ҷамъ оварда, аз омӯхтаҳояшон дар давоми ҳафта мепурсанд ва онҳоро бо додани тӯҳфаҳо ва дирҳамҳо дилшоду рӯҳбаланд мекунанд.Хатнахонаҳо, вақфи муазинҳо ва монанди инҳо дар хилофату амороти исломӣ вуҷуд дошт. Хулоса муассисаҳои хадамот барои мардум ба монанди мактаб, ҳаммоми ҷамъиятӣ, корвонсарой, шифохона (дорушшифо), теморхона (девонахона), тобхона (барои касоне, ки пас аз беморӣ ҳолаташон рӯ ба беҳшавӣ буд), таъмини об ва таъмири ҷӯйборҳо аз ҳисоби моли вақф тавассути созмонҳои динӣ сохта мешуданд.

Авқофи тоҷикон

  Тоҷикон то замони вуруди русҳои сурх ба Осиёи Марказӣ ва тобеият ба Ҳукумати динситези Шӯравӣ дар бекигариву хонигариҳои тобеи аморату хилофатҳои исломӣ зиндагӣ доштаанд ва ин ҳақиқатест, ки таҳрифи он ҳатто дар ҳолати зудудани ҳама хотираҳои торих аз зеҳни мардуму сӯхтани тамоми осори боқимондаи он номумкин аст. Дар сурате, ки дар дигар нуқоти мусулмоннишин замину мулкҳои вақфӣ мавҷуд будаанд, дар сарзамини кишвари азизи мо ҳам, албатта, заминҳои вақфӣ вуҷуд доштаанд. Авқофи мавҷуда дар Аморати Бухоро моли кӣ шуд? Чаро ин масъала барои мусулмонон пӯшида мондааст? Дар ин бора назари рӯҳониён, таърихшиносон ва коршиносонро дар шумораҳои оянда, иншоаллоҳ ба нашр мерасонем. Зоҳиршоҳи давлат. 2009-03-19 

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.