Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев

ahmadjon  Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев – узви вобастаи Академияи илмҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор. 10 феврали соли 1941 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадааст.  Ӯро дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ ҳама мешиносанд. Барои аҳли фарҳангу зиёиён ва аксари хонандагони қаторӣ низ ин олим ба муаррифӣ намудан эҳтиёҷ надорад, чунки зиёда аз се даҳсола ба ин ном шиносоӣ доранду ҳар он чӣ аз таҳлили борикбинонааш қалам рӯи коғаз оварда, аз хонандаи оддӣ то олимро ба ваҷд меорад. Агар навиштаву гуфтаҳои ӯро хонандаи қаторӣ чун дунёи барояш то кунун накушудаи суннату ҳикмати волои халқаш қабул кунад, барои мутахассиси варзида, таҳлили воқеии ӯ он самту уфуқҳоеанд, ки ҷомеа солҳо боз интизорашон буд.
  Шавқи омӯзиши панди ҳаёту хиради волои инсониро, ки рукни марказии фалсафаи гузаштаву муосир ҳисоб меёбад, дар ниҳоди ин олим падари бузургвораш, марди донишогоҳу хирадманд, Муҳаммадхоҷа Хоҷаев бедор кардааст. Ҳар касе, ки бо амаки Муҳаммадхоҷа шиносоӣ дошт, метавонист бе душворӣ дунёи ниҳоят васеи тафаккури мантиқӣ ва заковату хирадӣ баланди ботиниашро эҳсос намояд. Шояд дурӣ аз маркази илмиву фарҳангӣ ва тангдастии замона бошад, ки он пири хирад қобилияти зеҳнии хешро ба маҷрои дилхоҳи илмӣ пеш бурда натавонист. Вале тафаккури олимонаи дар ниҳод дошааш, донишу ғайрати ташкилотчигии шахсиро барои пешрафти иқтисодию мадании зодгоҳаш – Ванҷ, то рӯзҳои охири ҳаёт бедареғ сарф нашуд.
  Аз ин рӯ, зеҳни буррову тафаккури мантиқии олими оянда – Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев мероси ирсӣ буда, он чи дар ҷодаи илм бадаст овардааст, на фақат ба туфайли заҳмат ва шояд бештар ба туфайли он имкониятҳое, ки падари бузургвор барояш муҳайё карда буд, амалӣ гардид. То кадом андоза орзуву ҳаваси доштани ӯро барои дар қатори олимон дидани фарзандаш касоне, ки шоҳиди дифои рисолаи номзадии Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев будаанд, ба хубӣ эҳсос намудаанд.
  Он рӯз амаки Муҳаммадхоҷа дар толор ҷои худро намеёфт. Ӯ батамом ҳушу гӯш гашта, рафта мубоҳисаву муҳокимарониҳоро назора мекард, аз қаноатмандиву бо тасдиқ сарҷунбониҳои аъзоёни Шӯрои дифоъ рӯҳ мегирифту чашмонаш медурахшиданд. Ӯ ифтихор дошту гӯё ба худ мегуфт: «худам, ки бо роҳи илм рафтан натавонистам, боке нест. Акнун писарам Аҳмадҷон орзуямро амалӣ сохт». Дилаш бехато гувоҳӣ медод, ки ҷаласа ва фотиҳаи неки олимони мутахассис ва варзида ибтидои шоҳроҳест, ки фарзандашро ба қуллаҳои баланди илм ҳидоят мекунад…
  Роҳи тайнамудаи олим Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев дар ҷодаи донишомӯзӣ аз ҳамсолони деҳотие, ки Ҳокимияти Шӯравӣ барояшон роҳи донишро кушода буд, фарқ намекард: мактаби миёнаи ноҳияи кӯҳистон; ҳисси масъулиятшиносии волидайн барои пурра азбар намудани нақшаҳои таълимӣ; ҷиддияти донишомӯзие, ки дар қалби бачаҳои деҳот, омӯзгорон – фидоиёни ҳақиқии ин касб мепарвариданд; ифтихор доштан нисбати донишандӯзӣ, ки худи зарурияти замону муҳити маънавии солҳои 40-70-ум дар қалби бачаҳои мактабхон ҷой карда буд; эҳсоси дар дараҷаи баландтарини ифтихору эътибор қарор доштани таълимоти олии касбӣ, алалхусус нуфузи олидараҷаи дар ҷомеа соҳиб будани илму олимӣ омилҳое буданд, ки дар қалби писарбачаҳои деҳотиву шаҳрӣ ҷой гирифта, шавқу рағбати беандозаи онҳоро барои донишомӯзӣ бедор мекарданд.
  Ҳамин тариқ, баъди хатми мактаби миёнаи ноҳияи Ванҷ шавқи дониш Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаевро ба факултаи таъриху филологияи (шӯъбаи форсӣ) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии миллӣ) овард.
  Инак, солҳои донишҷӯӣ ноаён соли 1964 поён ёфтанду мутахассиси ҷавон, ки нозукиҳои забони форсиро азбар карда, аз ганҷинаи илму ҳикмати ниёгон ба хубӣ хабардор гашта буд, барои кори омӯзгорӣ аз рӯи роҳхати тақсимотии касбӣ ба ноҳияи Колхозобод рафт. Вале шавқи шуғли илм, ки дар солҳои дониҷӯияш дар қалбаш ҷо шуда буд, нагузошт, ки ӯ шуғли омӯзориро давом диҳад. Ҳамон сол баъди супоридани имтиҳонҳои тахассусӣ ва гузаштан аз озмун ба аспирантураи донишгоҳ, шӯъбаи фалсафа, ба он самте, ки падари бузургвор ҳидояташ карда буд, дохил шуд. Ин худ аз оғози неки роҳи интихобкарда гувоҳӣ медод. Бурди дигари ин ҷавони дар арсаи илм ҷиддан қадам гузошта, интихоби устод буд.
  Бо амри тақдир роҳбарии илмии Аҳмадҷонро шахсияти намоёни ҷумҳурӣ, ташкилотчии дақиқназари маъмуриву илмӣ, олими соҳибмактаб дар ҷодаи таърихи фалсафа, профессор Мӯсо Раҷабов ба ӯҳда гирифтанд, ки ин бурди дуввуми олими оянда буд. Аз устод Мӯсо Раҷабов (ёдашон ба хайр!) ёдовар шуда, бо таассуф бояд гуфт, ки самтҳои илмии олим, хизмати он кас дар пешрафти таърихи фалсафаи ватанӣ то ба ҳол мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор нагирифтааст.
  Ниҳоят баъди заҳмати кофтуковҳои тӯлонӣ, маъхазҳо ва таҳлили мӯшикофонаи мероси илмии яке аз нобиғаҳои фарҳанги ниёгон Фаридаддини Аттор ба Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев муяссар гашт, ки рисолаи илмии хешро бо унвони «Ҷаҳонбинии Фаридаддини Аттор», ки то кунун аз таҳлили ҷанбаи фалсафии ӯ бисёре аз олимон меҳаросиданд (чунки дар чаҳорчӯбаи фаҳмиши «материализми ҷанговар» намеғунҷид) бо муваффақият дифоъ намуда, ба қатъияти расмӣ ба шоҳроҳи васеи илмӣ ворид шуд. Акнун олими ҷавон бо масъулияти хосса, ки аз он самти интихобнамудаи илмиаш талаб мекард, ба таҳқиқу таҳлили масъалаҳое пардохт, ки бисёре аз мутахассисони варзида дар онҳо ба ҷуз аз тарғиботи диниву ҳурофоти асримиёнагӣ чизи бештареро намедиданд.
  Рисолаи «Ҷаҳонбинии Фаридаддини Аттор» соли 1974 ба забони русӣ рӯи чоп дид, ки худ ҷавоби ҷиддие буд барои ашхосе, ки ба фаъолияти илмиву адабии Аттор аз доираи танги таълимоти диншиносиву атеистии худ назар мекарданд. Вале барои илми воқеӣ ин асар хизмати олимона буд.
  Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев аз соли 1969 инҷониб дар бонуфузтарин маркази илмии фалсафаи ватанӣ, дар Институти фалсафа ва ҳуқуқ аз ходими хурди илмӣ то ба мудири шӯъбаи таърихи фалсафа адои хизмат дошта, дар роҳи пешбурди илм пайваста заҳмат ба харҷ медиҳад.
  Соли 1992 олим дар асоси тадқиқоти ноҳият ҷиддии илмӣ «Идеологияи нақшбандия», ки соли 1991 ба чоп расида, ба ҳайси рисолаи докторӣ пешниҳод шуда буд, бо муваффақият дифоъ намуда, ба унвони баланди доктори илмҳои фалсафа соҳиб шуд. Ин боиси боз бештар авҷ гирифтани ҳисси маълумотшиносии олим гардид.
  Чи хеле ки маълум аст, нақшбандия ҳамчун таълимоти динӣ-фалсафӣ ва яке аз равияҳои махсуси сӯфия аз давраи пайдоиши худ (асри XIV) ва қарнҳои баъдина дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсӣ, тафаккури фалсафии халқи Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, Босния ва ғайра нақши мукаммале гузоштааст. Давраи гулугулшукфоии ин таълимот ба асрҳои Х^-Х^ рост меояд. Фаъолияти ҷамъитӣ, илмиву адабии чунин нобиғаҳои фанҳанги ниёгон монанди Абдураҳмони Ҷомӣ, Саид Шарифи Ҷурҷонӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Қосими Анвор, Хоҷа Аҳрор ва ғайра, ки зери таъсири ғоявии он ҷараён гирифтааст, доираи таъсиру таблиғи онро ниҳоят васеъ ва дар ташаккулу равнақи ин таълимот саҳмгузорӣ намудаанд. Беҳуда нест, ки пешқадамтарин намояндагони афкори сӯфия дар асри XV пайравони нақшбандия будаанд.
  Вале ба ҳамаи мақому таъсири худ нигоҳ накарда, аз тарафи доираҳои илмӣ ин таълимот, ки аз дигар равияҳо дида, дар адабиёти диниву илмӣ зиёдтар тарғиб шудааст, аз диди воқеъбинонаи илмӣ-фалсафӣ ба таври ҷиддӣ мавриди тадқиқот қарор нагирифта буд. Яқинан гумон меравад, ки ин муносибати дар диди аввал хеле «ноодилона»-и олимон бо омӯзиши чунин масъала сабаб дошт: а) ҷараёну низоми муайян даровар- даи равияҳои зиёду ниҳоят мухталифи пайравони ин таълимот таҳлили ниҳоят нозукбинона ва тӯлониро талаб мекард; б) барои ба ин кори мураккаб даст задан мутахассис бояд, дониши мукаммали теологӣ, фалсафӣ ва методологияи ба таҳлили воқеан илмӣ ҷавобгӯ мусаллаҳ ме- бояд; в) маводи ниҳоят зиёду таҳлилталаби равияҳои мухталиф, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ доманадории таъсири ин таълимот тадқиқи дастҷамъиро (коллективӣ) алаб мекард.
  Аз ин лиҳоз, барои тадқиқи масъала шахсияте лозим буд, ки на фақат таҳкурсии илмӣ доша бошад, инчунин барои ба дӯш гирифтани ин бори сангин соҳиби қудрату матонати фардиву касбӣ ва аз чаҳорчӯбаи оштинопазири идеологӣ берун буда тавонад. Зарурати ҷиддии кушоиши масъала, ки ба талаби ҷомеаи нимаи дуюми солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум созгор омад, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаевро чун шахсияти ба ҳама ин нишондиҳандаҳо ҷавобгӯ ба майдон овард. Бурди ин олим боз дар он аст, ки аз ҷараёнҳои тафаккур ва ҷаҳонбинии фалсафии шарқу ғарб пурра бархӯрдор буда, дар таҳлилу кушоиши масъалаҳои баҳсталаби илмӣ синтези ин ду ҷанба яқинан ба назар мерасанд.
  Ба тадқиқи масоили гуногунҷабҳа ва печидаи назарияи маърифати тасаввуф даст задан ва ба ҳамин унвон, яъне «Назарияи маърифати тасаввуф» соли 1990 рӯи чоп дидани тадқиқоти ҷиддии олим гувоҳи гуфтаи болост. Вале ин фақат як ҷузъи тадқиқоти доманадори муаллиф буда, аз иқдоми боз ҷиддитари он дарак медод.
  Инак баъди як сол хонандаи ҳассос ва мутахассиси борикбин китоби навбатии Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев «Идеологияи нақшбандия»-ро ба даст гирифта, аз ҷиддияти масъалаи ҳадафи таҳлилгашта ва аз таҳлили доманадори муаллиф дарёфт, ки тадқиқоти мазкур рисолаи оддии илмӣ набуда, падидаи ниҳоят назаррасест дар тадқиқи ҷабҳаи камравшан, аниқтараш барои ҷомеаи муосир норавшани на фақат таърихи фалсафа ва то андозае худи фалсафа.
  Имрӯзҳо аз санаи рӯи чоп дидани «Идеологияи нақшбандия» даҳ сол сипарӣ шудааст. Дар ин муддат ин асар дар байни олимон мавриди чандин баҳсу мунозираҳо қарор гирифта, хизмати муаллиф низ то дараҷае баҳои илмӣ гирифтааст. Қайду мулоҳизот дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ интишорёфта, тақризу таҳлилҳои доварони (оппонент) расмиву ғайрирасмӣ, дар аснои дифои унвони докторӣ, худ гувоҳи баҳои мувофиқу воқеан ҷиддии мутахассисон доир ба ин тадқиқот буд. Албатта, доираи таъсири илмӣ ва гардиши ҷуғрофии ин асар беҳтару бештар мешуд, агар он ба забонҳои «худии» ин таълимот, яъне ба забонҳои арабиву форсӣ чоп шуда, дастраси минтақаҳое мешуд, ки худро вориси ин таълимот меҳисобанд. Он вақт шояд ҳам доманаи баҳс васеъ ва ҳам таъсири китоб қавитар мешуд. Вале аз тарафи дигар, он чӣ ки олими шинохта ба он қодир буд ва аз он ҳам зиёд ба ҷо овард, баргардонидан ё тарҷумаи ин асар ба забонҳои ишорашуда, кори олимонест, ки худро ворисони воқеии ин таълимот ҳисоб мекунанд ва барои ин имконияти пурра низ доранд. Барои мо бошад, бе муболиға қайд намудан ҷоиз аст, ки ин тадқиқот қиммати минтақавӣ (регионалӣ) ва аз он бештаре дорад.
  Баъд аз ин, боз чандин асару мақолаҳо ба чоп расидаву дар чандин симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ олим даҳҳо масоили рӯзмарраи илмиро баррасӣ намудаву ғояҳои бузурги фалсафӣ-гуманистии бузургони миллатро муаррифӣ ва аз лиҳози илмӣ шадидан пуштибонӣ кардааст, ки фақат номгӯи онҳоро чандин саҳифа ғунҷонида наметавонад.
  Тадқиқоти соли 2000 интишорёфтаи олим «Хоҷа Аҳрор» низ ақидаи нави илмист. Чӣ хеле ки маълум аст, шахсияти Хоҷа Аҳрор ниҳоят мураккабу печидааст ва то ба имрӯз ӯ нафақат барои хонандаи қаторӣ торику ноаён аст, ҳамчунин аз тарафи мутахассисон низ баҳои мухталифи ғайривоқеъӣ гирифтааст. Агар баъзе аз аҳли илму маърифат ӯро шадидан «иртиҷоӣ», «душмани маърифат», «ҳариси пулу молпараст», «истисморгар», «ваҳшисират» ва ғайра пиндоранд, иддае ӯро чун «шайхи деҳотӣ», «бузургтарин аз ҳасудони замон» баҳо додаанд. Барои дигар гурӯҳ ӯ чун «такягоҳи ҳақиқату ҳақиқатпарастӣ», «нури умеди халқ», «қутби қутбҳо», «пешвои хирадмандон» ва ғайра ҳисоб меёфт.
  Дар китоби Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев намояндаи бузурги таълимоти сӯфия Хоҷа Аҳрор чун ҷонибдори тариқаи нақшбандия таҳлили амиқи илмӣ гирифтааст. Ин сӯфӣ ҳаммаслаконашро, ки аз зиндагии воқеӣ ва ҷомеа дурӣ ҷуста, зоҳидиву гӯшаниширо ихтиёр намуда, дар амал ба муфтхӯрӣ машғул буданд, сахт маҳкум намуда, ба зиндагии заминӣ, ба созандагӣ, ба тозагиву адолати шариатӣ, ба хотима додани низоъҳои бемаънии харобиовари феодалӣ даъват мекард.
  Аз хулосаи тадқиқоти олим бармеояд, ки Хоҷа Аҳрор ҳамчун сарватманди калон зодаи давраи худ буда, аз қолаби имтиёзу корбасти воситаҳои истисмори феодалӣ берун буда наметавонист. Вале аз тарафи дигар, ӯ чун тарғибгари ғояҳои пешқадам ва инсондӯстонаи сӯфия дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва мадании Мовароуннаҳру Хуросони асри XV нақши барҷаста гузоштааст.
  Дар самти шиноси Хоҷа Аҳрор ва ҷараёни нақшбандия корҳои зиёде ба анҷом расонидааст. Ба хусус «Консепсияи диниву сиёсии Хоҷа Аҳрори Валӣ» (2006), «Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор» (2007) нишондиҳандаи онанд. Олим ҳамчунин бевосита дар таълифоти дастаҷамъӣ монанди «Осори фалсафии Носири Хисрав. Ҷилди 3» (2003), «Ибни сино ва фарҳанги замони ӯ» (2005), «Таърихи фалсафаи тоҷик. Аз замонҳои қадим то асри 15». (Дар 3 ҷилд, 2011-2012) саҳмгузории назаррас дорад. Дар маҷмӯъ Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев муаллифи беш аз 250 мақолаю рисолаҳои илмист.
  Олим шарафи илми тоҷикро дар бонуфузтарин конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ ҳифзу муаррифӣ намудааст.
  Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев чун олими соҳибравия дорои мактаби хоси таълимӣ ва илмист. Аз ин мактаб даҳҳо шогирдон, шавқмандони илм сабақ бардошта, зумрае аз онҳо дифои рисолаҳои илмӣ намуда, худ соҳибунвон гаштаанд. Ин олими пухтакор солҳост, ки ба аспирантон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатии миллӣ ва омӯзгорӣ аз рӯи проблемаҳои мухталифи фалсафӣ, аз ҷумла аз проблемаҳои тидқиқотии хеш таълимоти курсҳои махсусро ба зимма дорад. Аз мактаби таълимии ӯ садҳо, балки ҳазорҳо донишҷӯён гузашта, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, мактабу донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ адои вазифа доранд.
  Кору фаъолияти Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев чунин ҷараён гирифтааст: солҳои 1959-1964 донишҷӯи факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В.И.Ленин, моҳи сентябри соли 1964-ноябри 1964 муаллими мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Колхозобод, 1964-1965 хизмат дар сафи Артиши Шӯравӣ, августи соли 1965-декабри соли 1965 муаллими мактаби миёнаи №67-и ноҳияи Колхозобод, 1965-1968 аспиранти шӯъбаи фалсафаи АИ ҶТ, 1969-1972 ходими хурди илмии шӯъбаи фалсафа, 1972-1979 ходими калони илмии шӯъбаи фалсафа, 1979-1983 сафари кории хориҷӣ дар гурӯҳи мушовирони шӯравӣ дар Афғонистон, 1983-1986 ходими калони илмии шӯъбаи фалсафа, 1986-1990 ходими пешбари илмии шӯъбаи фалсафа. Аз соли 1990 – то алҳол ба ҳайси мудири шӯъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа кору фаъолият менамояд. Ҳамзамон солҳои 2005-2010 масъулияти академик-котибии Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ ҶТ-ро ба зимма дошт.
  Ин марди наҷиб бо тамоми унвону рутбаҳои илмӣ (доктору профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) соҳиб гаштааст, вале аз ҳамаи онҳо эҳтирому самимияти хонандагони сершумор ва шогирдонашро боло мегузорад. Фурӯтаниву хоксории сӯфиёнаи устод, самимияти рустоӣ шаҳодати донишу хиради волои ӯст. Ҳар сӯҳбаташ барои шогирдонаш панди ҳикмату зиндагист. Хизматҳояш бо ордени «Дӯстӣ» (2001) қадр шудааст. Ҳамдиёрон барои ин хизматгузори воқеии илми ҷумҳурӣ бурдбориҳои навин орзуманданданд. (Аз китоби “Ванҷи ман”- и Ҳ. Пирумшоев).

1 Назар

  1. Аз олими бисёр доштани Ванҷи пурганҷ хеле хурсанд шудам, вале мехостам, ки таҳқиқоти пурарзишашон дар саҳифаҳои ин сомона пешкаш мешуданд то хонанда аз онҳо истифода мебурд. Олимони барҷастаи соҳаи таъриху геология ва фалсафаву филологияаамонро медонем, хуб мешуд аз эҷодиёти ин ҷавонони олимамон огаҳ мегаштем-албатта василаи дастовардҳои илмиашон, ки на ҳама аз онҳо огаҳанд….

Добавить комментарий для Неъматуллои Нурулло Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.