Комментарии: Аълохуҷа Сурхов https://vanj.info/%d0%b0%d1%8a%d0%bb%d0%be%d1%85%d1%83%d2%b7%d0%b0-%d1%81%d1%83%d1%80%d1%85%d0%be%d0%b2/ Сафҳаи интернетии Ванҷ Tue, 12 May 2020 18:45:33 +0000 hourly 1 https://wordpress.org/?v=6.5.5 Автор: Ашраф Акрам https://vanj.info/%d0%b0%d1%8a%d0%bb%d0%be%d1%85%d1%83%d2%b7%d0%b0-%d1%81%d1%83%d1%80%d1%85%d0%be%d0%b2/#comment-685 Tue, 12 May 2020 18:45:33 +0000 http://vanjiman/?p=403#comment-685 Замоне омада, ки кас дигар ҷуръати бардоштани телефону кушодани сафҳаи фейсбукиро надорад. Рӯзҳо бо шунидани хабарҳои бади бистарӣ шудану фавтидани касе оғоз шудаву анҷом мепазиранд. Дар кӯчаҳо одам кам аст, аммо чун дуе ба ҳам вохӯранд, аз афтодану гузаштани касе ба ҳам хабар медиҳанд.
Сафҳаро боз кардаму аз хабари даргузашти Устод Аъло таконе хӯрдам, бо эҳсоси нобоварӣ дубораву себора хондам, то итминон пайдо кардам, ки Худованд ӯро аз миёни мо гирифта. Худованд Устодро то ба имрӯз умре ба орият дода. Ба дурустӣ, ки ҳама аз они Ӯст ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст!.
Вале фавти донишманде, устоде, маърифатпарваре, носеҳу ҳидоятгаре, равшангаре бештар аз марг, мусибате барои ҷомеаест. Устод Аъло Умарзод муаллиме, шоире бо ин ҳама сифот бо даргузашти хеш ҳузне дар миёни аҳли фарҳанги кишвар ҷо гузошт.
Бо Устод солҳо аз дурӣ рафоқату муошират доштем. Нахустину охирин дидорамон дар дунё соле пеш сурат гирифта буд. Ба ҷанозаи хешованде ба Ёвон рафта будем ва Устодро дар он ҷо дарёфтем. Шинохтаму салом дода, исми хеш гуфтам. Ҳамро ба сони дӯстони қадимӣ, самимӣ, сахту тӯлонӣ бағал гирифтем. Аз мардум ҷудо гашта, дар тӯли беш аз соате ба ҳам бомеҳру самимӣ сӯҳбат доштем, ба ҳам ба саҳни масҷид рафта, офтобаҳоро гирифта, вузӯъ кардем, паҳлу ба паҳлу намози пешинро адо кардем. Ҳамро ба умеди дидор боз сахт ба оғӯш кашидем, видоъ гуфта, ман аз паси майит ба гӯристон рафтам…
Аммо, афсӯс, ки қазо чунин буда, на дидоре дигар муяссар шуд ва на аз паси майиташ ба гӯристон рафтан…, дар гӯшае аз манзил бо ғам дар гулӯ нишастан…
Покопарвардигоро, илтиҷо дорем, чун Устодро дар ин даҳаи мағфирати моҳи шариф ба сӯят бозхондаӣ, дар мавриди раҳмату мағфирати хеш қарор додаву дар биҳишти баринат маъвояш бидеҳ!. 11.05.2020.

]]>