Комментарии: Ашъори мухталиф https://vanj.info/%d0%b0%d1%88%d1%8a%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d1%82%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%84/ Сафҳаи интернетии Ванҷ Sun, 12 Feb 2023 18:57:37 +0000 hourly 1 https://wordpress.org/?v=6.7.2 Автор: Ҳайдар Маҳмадзода https://vanj.info/%d0%b0%d1%88%d1%8a%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d1%82%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%84/#comment-2248 Sun, 12 Feb 2023 18:57:37 +0000 https://vanj.info/?p=5876#comment-2248 Якчанд шеър аз ҷониби Ҳайдар Маҳмадзода, ки зодаи деҳаи хушманзараи Бовуд мебошад ва нисбати водии хушманзараи Ванҷ эъҷод намудааст, пешкаши Шумо хонандагони Торнамои Ванҷ карда мешаванд.

Ванҷи ман
Сарнавишти ман туӣ, эй Ванҷи ман,
Гулбиҳишти ман туӣ, эй Ванҷи ман.
Дар канори гарми ту гаштам калон,
Чун сиришти ман туӣ, эй Ванҷи ман.
Гаштаӣ обод, эй Ванҷи дилам,
Мардумат дилшод, эй Ванҷи дилам.
Шеъри нав орам бароят ҳадяе,
Бо туям дилшод, эй Ванҷи дилам.
Дар лаби домони ту эҳё шудам,
Ошиқи шеъри ҷаҳоноро шудам.
Чун шунидам лаҳҷаи шевои ту,
Шоири дилдодаву гӯё шудам.
Ванҷи ман, эй шеъру эй дастони ман,
Қуллаҳоят қуввате бар ҷони ман.
Мисли ҷонаш дӯст дорад, Ҳайдарат,
Баски ҳастӣ нанги ман, имони ман!
Ҳайдар Маҳмадзода

Дараи Лангар (деҳаи Ғумаст)
Ба дараи Лангар нигар,
Ҳар санги ӯ ҳаст ҷилвагар.
Никели ӯ овоза шуд,
Дар чорсӯйи баҳру бар.

Имрӯз меҳмон мерасад,
Аз чорсӯ бар сӯӣ Ванҷ.
Аз Аврупову Амрико,
Дар ҷустуҷӯйӣ кони ганҷ.

Ғӯмаст басо пуршӯр шуд,
Бо Лангари худ зӯр шуд.
Бо ганҷи беҳамтои худ,
Дар ин ҷаҳон машҳур шуд.

Аз ҳусни беҳамтои ӯ,
Килкам ғазалхон гаштааст.
Бар дараи Лангар нигар,
Як ҷумла меҳмон гаштааст.

Обу ҳавояш марҳам аст,
Мардони ӯ мустаҳкам аст.
Як гӯшаи хоки Ватан,
Ёдовари Ҷоми Ҷам аст.
Ҳайдар Маҳмадзода

Ин шеър нисбати чашмаи
шифобахши деҳаи Гармчашмаи
ноҳияи Ванҷ бахшида шудааст.

Обаки Гармчашма
Бомазза асту ширин обаки Гармчашма,
Аз дил барорадам кин, обаки Гармчашма.
Сад дардро даво ҳаст, беморро шифо ҳаст,
Эй дӯстони дерин, обаки Гармчашма.
Ҳар кас агар бинӯшад як коса оби ӯро,
Аз рӯй мебарад чин обаки Гармчашма.
Ман рози дил бигӯям андар лабаш нишаста,
Бошад маро ин оин обаки Гармчашма.
Шоиста аст бинӯшем з-ин чашмаи муҳаббат,
На дар Ҷапону дар Чин обаки Гармчашма.
Ҳайдар Маҳмадзода

Оби зулол
Оби зулол нӯшам аз новадони Бовуд,
Меҳроби меҳри ман шуд кӯҳу дамони Бовуд.
Гулбоӯи наврасиям ҳар лаҳза ёд орам,
З-ин рӯ равам ҳамеша бар хонадони Бовуд.
Хуршеди ӯ бубахшад бар ҷисми одамӣ зӯр,
Ман мешавам тавоно з-оби равони Бовуд.
Меҳанпарасту мушфиқ бошад мардумонаш,
Бикшодааст ҳамеша дастурхони Бовуд.
Мардони ӯ ҳунарманд, мардони ӯ шарафманд,
Гаштаст пурмуҳаббат рӯҳу равони Бовуд.
Хоҳам, ки бинам ӯро ҳамвора сабзу зебо,
Моҳи наваш дурахшад дар осмони Бовуд.
Медорадам саломат оби шифои сардаш,
Бидҳад дуои некам кампиракони Бовуд.
Дилро ба рақс орад, ҷонро ба шавқ орад,
Гулхандаҳои нағзи гулдухтарони Бовуд.
Боз ой Ҳайдари ҷон гӯянд аҳли деҳа,
Аз дур саљда созам ман остони Бовуд.
Ҳайдар Маҳмадзода

]]>
Автор: Алӣ Тоҷик https://vanj.info/%d0%b0%d1%88%d1%8a%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d1%82%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%84/#comment-2139 Fri, 28 Oct 2022 21:20:00 +0000 https://vanj.info/?p=5876#comment-2139 Беҳтарин, дар Ирон Афғонистон ин навиштан хеле роиҷ аст, ба хотири гум нашудани вожаҳои маҳаллишон филмҳои чанд қисматт мегиранд, аммо мо бошем вожаҳои точикие, ки дар баъзе маҳаллаҳо зинда аст, маҷбуран таи хокшон мекунем.

]]>
Автор: Рохарвӣ https://vanj.info/%d0%b0%d1%88%d1%8a%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d1%82%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%84/#comment-1763 Wed, 02 Mar 2022 10:31:39 +0000 https://vanj.info/?p=5876#comment-1763 Ба вруси кофр гфтм бкнам ёрӣ,
Ки да мо бидабӣ ёри ихтиёрӣ.
Амин ёри врусӣ хубтар зи ёри мо шӣ,
Ки ҷебак пр кару соф зори мо шӣ.

]]>
Автор: Меҳмон https://vanj.info/%d0%b0%d1%88%d1%8a%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d1%82%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%84/#comment-848 Sat, 19 Dec 2020 05:07:32 +0000 https://vanj.info/?p=5876#comment-848 In reply to Раҳматулло.

Ва ҳалво гфтан дҳан шрин гараме

]]>
Автор: Раҳматулло https://vanj.info/%d0%b0%d1%88%d1%8a%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d1%82%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%84/#comment-738 Tue, 01 Sep 2020 08:37:36 +0000 https://vanj.info/?p=5876#comment-738 Расия умам холм бадтар шӣ,
Ҷои ховм тахунаву пеши дар шӣ.
Ай замбаркашира қоматм хам шӣ,
Ду сумаки ефтагим заҳри бадан шӣ.

]]>
Автор: Раҳматулло https://vanj.info/%d0%b0%d1%88%d1%8a%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d1%82%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%84/#comment-736 Sat, 29 Aug 2020 08:22:23 +0000 https://vanj.info/?p=5876#comment-736 Сабр кн дарвадарӣ бгзараме,
Умр ва хориву хшӣ бгзараме.
Нолаҳаки ёфтагита шкруна бкн,
Рӯз ва сериву гшнагӣ бгзараме.

]]>