Ашъори мухталиф

Ғазале танз ба лаҳҷаи дарвозӣ

Иқа мегум сни мн ноз нзи пр чӣ кмӣ?,
Пеши хунат, ки брем вағ-вағу қиғр чӣ кмӣ?.
Мн амоле хо нагуфтм, ки тра мегирм,
Даҳана гиз тарафм сохти газанбр чӣ кмӣ?.
Чи гапе дорӣ амоле т-бгӯ дар пешм,
Ай қафо бо дигаро шштав пр-пр чӣ кмӣ?.
Гуфтӣ: “Мардм ҳама ай Русия шд ҷипсавор,
Чанд каҷғел замӣ бо занако, мр!”, Чи кмӣ?.
Маракой зӯр ҳама ай пайи коран ғариб,
Т-бмурай, ки брай, чоя т фр-фр чӣ кмӣ”?.
Чанд гуфтм, ки дига ай паси мн гап назанӣ,
Деги айши мнани тнд қаламфр чӣ кмӣ?.
Вот вит гуфта бдан бо т-нагирм сар кор,
Вов вийи мнанӣ хал-халу ср-ср чӣ кмӣ?.
Расия рафтм дим ҳар тарафе кавги дарист,
Як-д-се зан бгрфтм, оле ғр-ғр чӣ кмӣ?.
Мна мегуфтӣ, ки безебиву шмрӯву хапак,
Оле ай талхаи кафят, дига ҳр-ҳр чӣ кмӣ?.
                                             Беҳруз Забеҳулло.

Ов ва тилло гараме

Олӣ як вахт амин ов ва тилло гараме,
Ун замон кишвари мо ай ҳама боло гараме.
Ин ҳама ғрбату ғам мегара авсунаву бас,
Зндгӣ ранги амун зндги(й) почо гараме.
ГЭСи Роғуна ага тезтарак соз кнан,
Угам бай чор бара рӯшанисавдо гараме.
Кор фровун гараву халқ нарава дарвадарӣ,
Барқ таъмин, ки гарем корхуна бисё гараме.
Агар имрӯз туро нест харидор чи ғам,
Бо касе ай ғами ишки ту Злайхо гараме.
                                       Баҳодури Ҷумъа.

  1. Сабр кн дарвадарӣ бгзараме,
    Умр ва хориву хшӣ бгзараме.
    Нолаҳаки ёфтагита шкруна бкн,
    Рӯз ва сериву гшнагӣ бгзараме.

  2. Расия умам холм бадтар шӣ,
    Ҷои ховм тахунаву пеши дар шӣ.
    Ай замбаркашира қоматм хам шӣ,
    Ду сумаки ефтагим заҳри бадан шӣ.

  3. Ба вруси кофр гфтм бкнам ёрӣ,
    Ки да мо бидабӣ ёри ихтиёрӣ.
    Амин ёри врусӣ хубтар зи ёри мо шӣ,
    Ки ҷебак пр кару соф зори мо шӣ.

  4. Беҳтарин, дар Ирон Афғонистон ин навиштан хеле роиҷ аст, ба хотири гум нашудани вожаҳои маҳаллишон филмҳои чанд қисматт мегиранд, аммо мо бошем вожаҳои точикие, ки дар баъзе маҳаллаҳо зинда аст, маҷбуран таи хокшон мекунем.

  5. Якчанд шеър аз ҷониби Ҳайдар Маҳмадзода, ки зодаи деҳаи хушманзараи Бовуд мебошад ва нисбати водии хушманзараи Ванҷ эъҷод намудааст, пешкаши Шумо хонандагони Торнамои Ванҷ карда мешаванд.

    Ванҷи ман
    Сарнавишти ман туӣ, эй Ванҷи ман,
    Гулбиҳишти ман туӣ, эй Ванҷи ман.
    Дар канори гарми ту гаштам калон,
    Чун сиришти ман туӣ, эй Ванҷи ман.
    Гаштаӣ обод, эй Ванҷи дилам,
    Мардумат дилшод, эй Ванҷи дилам.
    Шеъри нав орам бароят ҳадяе,
    Бо туям дилшод, эй Ванҷи дилам.
    Дар лаби домони ту эҳё шудам,
    Ошиқи шеъри ҷаҳоноро шудам.
    Чун шунидам лаҳҷаи шевои ту,
    Шоири дилдодаву гӯё шудам.
    Ванҷи ман, эй шеъру эй дастони ман,
    Қуллаҳоят қуввате бар ҷони ман.
    Мисли ҷонаш дӯст дорад, Ҳайдарат,
    Баски ҳастӣ нанги ман, имони ман!
    Ҳайдар Маҳмадзода

    Дараи Лангар (деҳаи Ғумаст)
    Ба дараи Лангар нигар,
    Ҳар санги ӯ ҳаст ҷилвагар.
    Никели ӯ овоза шуд,
    Дар чорсӯйи баҳру бар.

    Имрӯз меҳмон мерасад,
    Аз чорсӯ бар сӯӣ Ванҷ.
    Аз Аврупову Амрико,
    Дар ҷустуҷӯйӣ кони ганҷ.

    Ғӯмаст басо пуршӯр шуд,
    Бо Лангари худ зӯр шуд.
    Бо ганҷи беҳамтои худ,
    Дар ин ҷаҳон машҳур шуд.

    Аз ҳусни беҳамтои ӯ,
    Килкам ғазалхон гаштааст.
    Бар дараи Лангар нигар,
    Як ҷумла меҳмон гаштааст.

    Обу ҳавояш марҳам аст,
    Мардони ӯ мустаҳкам аст.
    Як гӯшаи хоки Ватан,
    Ёдовари Ҷоми Ҷам аст.
    Ҳайдар Маҳмадзода

    Ин шеър нисбати чашмаи
    шифобахши деҳаи Гармчашмаи
    ноҳияи Ванҷ бахшида шудааст.

    Обаки Гармчашма
    Бомазза асту ширин обаки Гармчашма,
    Аз дил барорадам кин, обаки Гармчашма.
    Сад дардро даво ҳаст, беморро шифо ҳаст,
    Эй дӯстони дерин, обаки Гармчашма.
    Ҳар кас агар бинӯшад як коса оби ӯро,
    Аз рӯй мебарад чин обаки Гармчашма.
    Ман рози дил бигӯям андар лабаш нишаста,
    Бошад маро ин оин обаки Гармчашма.
    Шоиста аст бинӯшем з-ин чашмаи муҳаббат,
    На дар Ҷапону дар Чин обаки Гармчашма.
    Ҳайдар Маҳмадзода

    Оби зулол
    Оби зулол нӯшам аз новадони Бовуд,
    Меҳроби меҳри ман шуд кӯҳу дамони Бовуд.
    Гулбоӯи наврасиям ҳар лаҳза ёд орам,
    З-ин рӯ равам ҳамеша бар хонадони Бовуд.
    Хуршеди ӯ бубахшад бар ҷисми одамӣ зӯр,
    Ман мешавам тавоно з-оби равони Бовуд.
    Меҳанпарасту мушфиқ бошад мардумонаш,
    Бикшодааст ҳамеша дастурхони Бовуд.
    Мардони ӯ ҳунарманд, мардони ӯ шарафманд,
    Гаштаст пурмуҳаббат рӯҳу равони Бовуд.
    Хоҳам, ки бинам ӯро ҳамвора сабзу зебо,
    Моҳи наваш дурахшад дар осмони Бовуд.
    Медорадам саломат оби шифои сардаш,
    Бидҳад дуои некам кампиракони Бовуд.
    Дилро ба рақс орад, ҷонро ба шавқ орад,
    Гулхандаҳои нағзи гулдухтарони Бовуд.
    Боз ой Ҳайдари ҷон гӯянд аҳли деҳа,
    Аз дур саљда созам ман остони Бовуд.
    Ҳайдар Маҳмадзода

Добавить комментарий для Раҳматулло Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.