Анис Чиллаев

  Ҷавонпаҳлавонони диёр дар навъҳои гуногуни варзиш дар дохил ва хориҷӣ кишвар ширкат варзида, муваффақу комёб гардида, шаъну шарафи миллату кишварро баланд мебардоранд. Яке аз чунин афроди номбардори миллат ҷавонпаҳлавон Анис Чиллев мебошад, ки аввалин қаҳрамони тоҷик дар намуди бокси бидуни дастпӯшак (кулачный бой) гардидааст. Ӯ ҳамчунин дорандаи “Дастпӯшакӣ тиллоӣ”, соҳиби унвони Қаҳрамонии TDFC мебошад.
  Анис Чиллаев дар варзиш бо лақаби “Шикорчӣ (Охотник) маъруф аст. Вай 18 августи соли 1997 дар ноҳияи Ванҷи вилояти Мухтори Бадахшон ба дунё омадааст. Аз синни хурдсолӣ таҳти сарпарастии мураббиён, падари хеш Чиллаев Улфатшо Шамсович ва Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Кирилин Юрий Валентинович ба тамрини бокс шурӯъ кардааст. Ҳанӯз дар синни ҳаждаҳсолагӣ нормативи устодии варзиши Федератсияи Русияро дар риштаи бокс ба даст оварда, ғолиби чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ гардидааст.
  Бо вуҷуди мушкилиҳо дар роҳи комёбиҳо Анис ноумеду рӯҳафтода нашуда, мардонавор талош варзида, касби дастовард карда, ҷаҳд ба фатҳи қуллаҳои баландтар дар соҳа дорад. Носеҳу пуштибонаш падараш дар лаҳзаҳои сахтиву рӯҳафтодагӣ, ёвару имдодгараш шуда, тасаллояш медод:
Аз ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
  Агарчанде Анис дар Тоҷикистон зода шуда, дар овони хурдӣ аз ватан рафта ва дар кишвари бегона бузург шудааст, дар оила дар рӯҳияи миллату ватандӯстӣ тарбия ёфта, суханони “ Ман дар оина фақат тоҷикро мебинам” аз забонаш садо медиҳанд. Анис бо хоксорӣ ва хушрафторӣ маҳбуби мухлисонаш гардидааст.
Пирӯзии Анис боиси шодмонии мухлисону ҳамватанон шуда, аҳли қалам ӯро барои муваффақияти бузург сутудаанд:
Хуш бош ту, эй паланги ванҷӣ,
Ту номусу номи нанги Ванҷӣ.
Монанди уқоби хушчангӣ,
Пирӯзӣ, вале ба рағми ҷангӣ.
Аз шер қавитарӣ Анисҷон,
Як лаҳза накун таваққуф,эй ҷон.
Бигзор, шавӣ ту дастболо,
То парчами мо шавад муҷалло.
Хуш бод туро, чунин садоқат,
Аз лутфи Худои бо каромат.
Дар дасти ту парчами Ватан бод,
Ҳамвора Аниси анҷуман бод.
Мушти ту ба мисли санги Ванҷ аст,
Мушти ту ба мисли нанги Ванҷ аст!.
Шаҳрияи Аҳтамзод.

Худо ёрат, Худо ёрат Анисҷон,
Мададгору нигаҳдорат, Анисҷон.
Дар ин майдон разме, расми мардист,
Зафар дар кору пайкорат Анисҷон.
Нуқта Суннатиё.

Як шикорчии моҳир аст, кист ӯ? Аниси Чилла,
Шер барин меҷангад, кист ӯ? Аниси Чилла.
Ҳалолаш бод ба ӯ камарбанди қаҳрамонӣ,
Аҷали ҳарифонаш ҳаст, кист ӯ? Аниси Чилла.
Ҳайдаршоҳи Бовудӣ.

Бо бузургони диёраш номвар аст Боми Ҷаҳон,
Бо ҳавои дилнишину хулқи неки одамон.
Хоруғу Мурғобу Ишкошим чу хулданду вале,
Ванҷи зебо зода дар хокаш Аниси паҳлавон.
Нилуфар Воҳидова.

Анисҷон хонаат обод бошад,
Ду дастат оҳану пӯлод бошад.
Ба майдони набард чун шери нар бош,
Ки аз фатҳат ҷаҳонро ёд бошад.
Нозимҷон Охиров.

(Маводро барои торнамо Эргаш Охиров дастрас кардааст).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.