Амирбек Юсуфов

  usfamirАмирбек Юсуфов соли 1914 дар деҳаи Вравзи деҳшӯрои Водхуди амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омада, то соли 1934 дар тарбияи волидайн буд. Дар ин муддат мактаби ихтиёриро тамом карда, солҳои 1934- 1935 дар база-интернати ноҳияи Қалъаихумб мактаби муаллимтайёркуниро хатм намуд. Дар деҳаи Дашти Лучи ҳамин ноҳия то соли 1938 вазифаи мудирии мактабро ба ӯҳда дошт. Қобилияту кордониашро ба назар гирифта, ӯро барои пурра кардани маълумоти педагогӣ ба шаҳри Тошкент, ба Дорулмуаллимин фиристоданд. Баъд лз хатми ин муассисаи таълимӣ, соли 1940 бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба кор фиристода шуд. А.Юсуфов аз соли 1940 то соли 1950 вазифаҳои мухталифи омӯзгориро аз мудирии интернати назди мактаби ми- снаи ба номи Ленин то вазифаи директории ҳамин мактаби калонтарини ноҳия ба ӯҳда дошта ва дар ба воя расондани кадрҳои омӯзгорӣ саҳми босазое гузошт.
  А.Юсуфов барандаи номи муаллими хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, дорандаи орденҳои Ленину “Дӯстии Халқҳо”, аълочии маорифи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин чандин мукофотҳост. Ӯ дар давоми умри бобаракати худ садҳо шогирдонро ба камол расонид, ки онҳо то имрӯз номи муаллим, устодро бо некӣ ба забон меоранд. Аз чумла Басир Расо, Нодир Одилов, Ғафлат Мирзоев (шодравон) ва даҳҳо дигарон, ки худ ба дараҷаи устодӣ ва ифтихори ҳамдиёрон расидаанд, шогирдони А.Юсуфов мебошанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳукумати ноҳия мактаби рақами 6-и деҳшӯрои Водхуд ба исми ӯ номгузорӣ намудаанд.  (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.