Алхаттаб Охиров

  Имрӯзҳо ҳунари размандагӣ дар олам маъруф шуда, мардум аксаран ба он таваҷҷуҳ доранд ва дар атрофи мусобиқаҳои размӣ ҳангомаҳо барпо мекунанд. Хусусан ҷавонон ба ин навъи варзиш тамоюл доранд ва ҷавонмардони миллати мо ҳам ба он шуғл варзида, парчами кишварро борҳо дар саҳнаҳои варзишии дигар мамлакатҳо ба шарафи пирӯзиҳои онҳо бардоштаанд.
   Алхаттаб Охиров аз зумраи чунин ҷавонпаҳлавонони диёр аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷ намояндагӣ мекунад ва дар варзиш бо лақаби “Гладиатори Помир” (Памирский Гладиатор) маъруф аст.
Охиров Алхаттаб Фирдавсович 13 марти соли 2001 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ таҳти сарпарастии мураббиён Давлатшо Охиров – паҳлавони шинохтаи диёр ва Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Нозимҷон Охиров ба тамрини самбо оғоз кардааст. Баъдан ба машқ дар риштаи бокс машғул шудааст.
  Ӯ бо тамрину талошҳои зиёд зуд ба натиҷаҳои дилхоҳ расида, барои фатҳи қуллаҳои баландтар саъю кӯшиш мекунад. Хаттаб фаъолияти варзишии худро аз клуби варзишии “Makhach”-и Украина, ки яке аз дастаҳои бонуфузи Аврупо дар намуди разм бидуни дастпӯшак ба ҳисоб меравад оғоз карда, дар мусобиқаҳои он иштирок мекунад. Ба ғайр аз ин Алхаттаб дар муҳорибаҳои омехта “Харкор”, ки яке аз бонуфузтарин дар Федератсия Русия мебошад, баромад мекунад.
  Алхаттаб чор пирӯзӣ дар разм бидуни дастпӯшак ва як ғалаба дар ҷангҳои беқоида (ММА) дошта, то ҳол мағлуб нашудааст. Ӯ хатмкунандаи Донишгоҳии авиатсияи шаҳри Одессаи Украина мебошад. Алхаттаб ҳамчунин узви дастаи Чоршанбе Чоршанбиев (URJ TIME) мебошад. Далерӣ ва шуҷоати Хаттабро баъзе аз шоирони диёр васф кардаанд.

Зиндагӣ дорад набард, мардона меҷангӣ Хаттаб,
Дар набарди зиндагӣ, марди майдонӣ Хаттаб.
Марди майдон, парчамбардору палвонам Хаттаб,
Қуввати тан, қуввати дил, қуввати ҷонам Хаттаб.
Эргаш Охиров.

Эй Рустами Дастони мо, зафар муборак Ал-Хаттаб,
Шери нар мусалмони мо, зафар муборак Ал-Хаттаб.
Ҷанговарӣ, ҷанг мекунӣ, ҳар як ҳариф ланг мекунӣ,
Дар Октагон палвони мо, зафар муборак Ал-Хаттаб.
Эй размовари тан ба тан, гурди музаффари ватан,
Унвони ту унвони мо, зафар муборак Ал-Хаттаб.
Шакаршои Ванҷӣ.

Як мушти деҳқонӣ бзан,
Як гурзи палвонӣ бзан,
Дар синаву зонӣ бзан.
Бзан, бзан Хаттаб ҳамак,
Фарёд кна то бар фалак.
Амта бзанш шал гара,
Ва шатакорӣ бал гара,
Чшмош сияву лал гара.
Бзан, бзан Хаттаб ҳамак,
Фарёд кна то бар фалак.
Ин ҷанг, ҷангӣ бенизом,
Не ҳалол дора не ҳаром,
Макша бҷқ ҷанг тамом.
Бзан, бзан Хаттаб ҳамак,
Фарёд кна то бар фалак.
Шакаршои Ванҷӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.