Ҷӯйбори ширговадӣ

  JeborshrgovadiҶӯйбори ширговадӣ дар фосилаи қариб ду километр тӯл кашида, аз даҳани дараи шрговадӣ оғоз гирифта, аз мавзеъҳои Ғавеҷи Таг, Ғавеҷи Тор, Ғӯлак ва мавзеъҳои аз роҳи мошингард поёни деҳаи Мдехарви Ибар гузашта, ҳектарҳо заминро шодоб менамояд. Ин ҷӯйбор аз даҳани дара то мавзеи Ғавеҷи Таг аз доманакӯҳу бармолҳои нисбатан садамавӣ мегузарад, ки ҳар лаҳза хавфу хатари сар задани маҷрои оби ҷӯйбор ва сел шудан имкон дорад.
  Бинобар ягона назоратгар ё ба қавли мардуми маҳал мироб Растам Фатҳуллоев ҳамарӯза маҷрои обро дар минтақаҳои садамивии ҷӯйбор назорат карда, саривақтӣ аз сар задани оби ҷӯйбор дар натиҷаи резиши шағалу хасу хошок ба он хабар медихад. Растам Фатҳуллоев, ки воқеан бисёр шахси зиндадил ва росткору покизарафтор аст, дар фасли тобистон ба ғайр аз назорати оби ҷӯйбор ба тақсими одилонаи оби ҷӯйбор барои обдиҳии заминҳои корами мардуми деҳаҳои Шрговади Убара ва маҳаллоти аз роҳи мошингард поёни Мдехарви Ибар муваззаф аст. Азиз Қадамов. (Дар акс Қадамов Нозим, Қадамов Алӣ, Қадамов Амиршо ва Фатҳуллоев Растам ҳангоми адои корҳои барқарорсозии Ҷӯйбори шрговадӣ дар мавзеи садамавии Ядеҷ). 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.