Ҷфтбандун

  JftbandunОвони хурдсолии мо замони шӯравӣ буд ва дар он даврон наврӯз иди расмӣ набуда, як ҷашни мардумӣ буд, ки дар ҳар минтақа ба шеваи хос таҷлил мегардид. Замони навҷавонии мо ба даври истиқлол рост омад, дар солҳои ҷангу даргирӣ мардум дар қаҳтию сахтӣ ба сар мебурд ва ба ҷашну дилхушӣ мойилу ҳавасманд набуд. Баъдан, наврӯз иди расмӣ эълон шуд ва таҷлили он шукӯҳу тобиши нав гирифт. Имрӯзҳо бо шукӯҳу масорифи зиёди давлатию мардумӣ ҷашн гирифта мешавад ва иддае низ ба он мухолифат дорад, ки мувофиқу мухолифони он дар фазои озоди шабакаҳои иҷтимоӣ бархӯрди назар доранд.
  То замони аз деҳа баромаданам наврӯз ҳамчун ҷашн аҳамияти хосу обуранг надошт. Аз он асосан дар мактабҳо ёдоварӣ мекарданд. Ба хотири наврӯз ҳамчун оини миллии қадимӣ муаллиму хонандае баромад карда,маълумотномае медоданд ва пас санъаткорони мактабӣ суруду тарона мехонданд. Писару духтарон дар либоси муқаррарӣ ширкат меварзиданд. Бачаҳо ба хотири дар мавриди истеҳзои ҳамолон қарор нагирифтан аз рақсидан ибо мекарданд ва духтарон мешармиданд. Хусусан, духтарони синфи мо хеле бошарму ҳаё буданд, устоди мусиқӣ муаллими Мавзуд онҳоро маҷбуру тела ба рақсидан менамуд, вале онҳо бо чеҳраҳои сурхида мегурехтанд. Наврӯзӣ кардан дар фаҳми мо дар он замон баровардани кӯрпаю кӯрпача, чодару палоси хона ва дар офтоб гузоштану бо шохаи чӯб зада чанги ононро баровардан буд. Дар хонаводаҳо расму таомуле ба хотири наврӯз анҷом дода намешуд.
  Ҷашни баҳору дилхушии мардумиро “сарҷфтӣ”, “ҷфтбандӣ” ё “ҷфтбанд(у)н” меномиданд. Он таърих муайяни баргузорӣ надошт. Онро бо маслиҳати бузургони деҳ дар оғози мавсими кишту кор ташкил мекарданд, ки бастаи шароити фасли сол буд. Рӯзеро барои ҷашн таъйин мекарданд, ҷуфти барзаговеро испор мебастанд ва ба сари замини киште мебурданд. Яке аз пирони кор дуои кушоиши корро хонда, талаби баракат аз Худованд карда, бо ҷуфти гов рамзан дар замин як кӯш бурда, мавсими киштро мекушоданд. Пас аз он мусобиқаҳои варзишӣ оғоз мешуданд.
  Аввалан аз давидан оғоз мекарданд. Ширкаткунандагон аз ҷои дуртар ба ҷашнгоҳ – замини ҳамвори дар маҳаллае интихобшуда медавиданд. Баъд аз он мусобиқаҳои гурзбардорӣ (гирвардорӣ), дастхобонӣ (дсттовак) ва бандкашӣ (бандкашак) гузаронда мешуданд. Бандкашӣ дар миёни ҷавонмарду мардони маҳаллаҳо мегузашт. Пас аз ҷамъбасти натиҷаи ин мусобиқот қариб ба нисфирӯз вақти таом хӯрдан мерасид.
  Занони ҳар хонаводаи маҳаллаҳо як табақ аз хӯрокҳои миллӣ пухта, бо дастархон ба ҷашнгоҳ меоварданд. Асосан хӯрокҳои миллӣ – ширҷӯш, ширрӯған, шкана, ширбат, тарҳавло мепухтанд ва хурду калон ҷамъ шуда, навъи таоми расидаро мехӯрданд. Таъми ширҷӯши дар табақи чӯбин бо чапотии хелидаву равғани чормағзии он давраро то ҳол бар забон дорам. Пас аз анҷоми таомхӯрӣ ҷою ҷогаҳро ғун дошта, мусобиқаи асосӣ ва муҳими ҷашн – гӯштигирӣ оғоз мегардид.
  Гӯштингирӣ аввалан аз хурдсолон шурӯъ мешуд ва тадриҷан ба калонсолон мерасид. Бештар ба ин ҳунар алоқаманд буданд, худ гӯштингир ё мухлисони сахти он буданд. Дар маъракаи гӯштин ҷавонмардони дигар деҳот низ ширкат варзида, қувваозмоӣ мекарданд. Ҳавасу иштиғоли кӯдаку навҷавонон дар тӯли ин ҷашн тухмҷангандозӣ буд. Дар ин ҷашн хурусҷанг низ меандохтанд, ки мухлисони он дар гӯшае ҷамъ омада, наззораи он мекарданд. Хурусҷанг бешарту пулгузорӣ, барои тамошо буд. Тавре ки ба ёд дорам дар “ҷфтбанд(у)н” нағмаву сурудхонӣ намекарданд.
  Ҷуфтбандон як ҷашни самимии мардумӣ буд, ки бо суруру ҳавас ба он мерафтанду ширкат мекарданд. Дар он ҷоиза намедоданд, вале мардум иштиёқи баргузорӣ ва иштирок дар мусобиқаҳоро доштанд. Дар онҳо бо мардонагӣ барои номгирӣ мекӯшиданд. Дар ин мусобиқот паҳлавону даванду бақувваттарину беҳтаринҳои деҳа муайян мешуданд ва муҳим касб кардани номи қаҳрамонӣ буд. Дар ҳунарнамоию қувваозмоиҳои ин ҷашнҳо ҳаргиз шоҳиди баҳсу ҷанг набудаам. Ашраф Акрам. 21.03.2018.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.