Ҷонон Хаскашов

  Ҷонон Хаскашов аз ҷумлаи афродест, ки месазад аз кору рӯзгорашон зикру ёдоварӣ намуд. Пас аз хатми мактаб солҳои зиёд аз деҳа баромада, аммо аз атворе, ки дар тӯли зиндагии ҷавонӣ зоҳир намуда буд, аҳли деҳ ба некӣ ёд оварда, дар нисбаташон иззату эҳтиром қоиланд.
  Аз хонандагони аълохони мактаб буд, ба хулқу одоб фарқкунанда ва амалу рафтораш бар соир намуна буд. Дар нисбати бузургсолон ҳурмату эҳтиром дошт, хурдсолонро аз рафтори бад боз медошт. Эътибораш дар деҳу диёр ба туфайли хушхулқӣ буд, ки дар миёни дамдарсу ҳамкору ҳамсоягонаш дар шаҳр низ аз он бархурдор аст.
  Хаскашов Ҷонон Марҳамадович 14 январи соли 1972 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи пурганҷи Бадахшони Тоҷикистони азиз ба қудрати воҷибулвуҷуд дар оилаи хизматчии давлатӣ Хаскашов Марҳамад ва Толиҳова Гулшан чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маълумоти асосиро дар мактаби деҳа гирифта, пас аз хатми синфи ҳашт барои идомаи таҳсил ба маркази ноҳия рафта, мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуд.
  Баъди хатми мактаби миёна хизмат дар артиши шӯравиро адо карда, дар Раёсати хадамоти муҳофиза ба кор шурӯъ намуд. Баъдан ба Донишгоҳи омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро бо ихтисоси технология ва соҳибкорӣ хатм кард.
  Ҷонон Хаскашов ҳоло дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва фаъолияти корӣ дошта, соҳиби чор фарзанд мебошад. Фарзандонаш таҳти тарбияту парвариши ӯ дар таҳсилу варзиш ба муваффақиятҳо ноил шуда, мисли падар одобу рафтори писандида доранд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.