Ҳомидҷон Махсумов

  HomidmaxsҲомидҷон Махсумов зодаи хушманзараи Бунай. Шарҳи ҳолу фаъолияташ аз дигар ҳамдиёроне, ки солҳои 50 ва 60 уми асри гузашта ба дунё омада дар ҷомеъа эътибори хоса пайдо намудаанд, ҳамранг аст. Баъди мактаби миёна таҳсили мактаби олӣ ва хизмати беминнати Ватану халқи диёр.
  Ҳомидҷон Махсумов дар Донишкадаи политехникии шаҳри Душанбе ба тахассуси олии муҳандисӣ соҳиб гашта, баъди хатми он соли 1973, фаъолияти меҳнатиаш оғоз ёфт. Аз ҳамин давра сар карда мустақиман маъсулияти чунин вазифаҳоро ба дӯш дошт: 1973 1974 устои муассисаи нақлиёти автомобилии шаҳри Кӯлоб, 1974 1979 мудири хоҷагии ёрирасон, 1979 1995 сардори идораи сохтмони роҳҳои рақами 8 шаҳри Хорӯғ.
  Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва дониши мукаммали касбиашро ба назар гирифта, Ҳомидҷон Махсумовро соли 1995 ба вазифаи муовини раиси Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намуданд. Аз соли 1997 то охири ҳаёт дар вазифаи ниҳоят масъул директори Генералии Иттиҳодияи истеҳсоли Бадахшонроҳ ва идораи нақлиёти Помир кору фаъолият дошт.
  Тамоми дастовардҳои қариб чорякасараи вилоят дар ин самт ба фаъолияту ташаббуси ӯ алоқамандии бевосита ё бавосита доранд. Сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Мурғоб-Қулма, роҳҳои душворгузари водии Бартанг ва Яшиккӯл, шоҳкӯпрукҳои мавзеи Тем ва деҳаи Рузвай, ки ду соҳили Панҷро (Тоҷикистону Афғонистон) бо ҳам мепайванданд, маҳсули меҳнати ин марди меҳнатқаринанд.
  Хизмати беминнати Ҳомидҷон Махсумов бо унвони “Роҳсози фахрии Тоҷикистон”, Ордени “Дӯстӣ” ва чандин ифтихорномаҳои сатҳи олии давлатӣ қайд шудааст. Боиси хеле таассуф аст, ки риштаи ҳаёти ин мутахассиси комил, фарзанди арҷманди диёр дар синни 51 солагӣ. 20 моҳи августи соли 2003, ҳангоми иҷрои вазифа ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Хотираи дурахшони ин фарзанди ҷонфидои Ватан дар дили ҳамдиёрони абадӣ боқӣ хоҳад монд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

  1. Худорахмати тагои мо Хомидчон марде буд,ки тавонову кобил, донову бо хурмат, хушсухану мехмоннавоз.Дари хонааш, барои тамоми мардуми Ванчу Дарвоз кушода буд,ва аз ин ду диер ба фикрам, кам одаме буд ки мехмони тагои Хомидчон нашуда бошад.Ба хама шоху гадо яксон муносибат дошт,мехмоннавози мекард….Чунин мардхо камшуморанд дар ватани мо,худованд чойша чаннат кунаду бихишти баринро насибаш кунад.

  2. Бехтарин инсон буданд ,борхо шохиди хислатхои хамида ,мехмондустона ва дигар амалхои начиби ин шахси нотакрор будаам .Хулованд рахмату махфират кунад Акаи Хомидчона.
    Баъди мурдан турбати мо дар замин мачуй,
    Дар синахои мардуми ориф макони мост!!!

  3. Зиндаву човид монд, хар ки накуном зист,
    К- аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро!
    Худованд рахмату магфиратш кна ачоиб марди бузург ва дилсузе буд барои мардуми диёрш.

  4. Парвардигор ғариқи раҳмату шоистаи ҷаннатулфирдавсш кнад, Марҳумро надидам, аммо аз фаолиятӣ меҳнатиш, аз меҳмондӯстишу меҳмондориш, хайру саховаташ борҳо шунидаам.

  5. Хомидчон як дидгохи инсони дошт Хамаи катаву майдара бо як чашм нигох мекард ва хамара якхела хурмат менамуд

  6. Худованд равонашонро шоду шоистаи ҷаннаташон гардоднад.Хеле марди наҷиб буданд,ба маънии том марди комил ва хизматгори ҳамешагии мардум.Чунин инсонҳо ҳаргиз аз дилу дидаи мардум ҷудоӣ надоранд.Рӯҳашон шод бод!
    Омин!

  7. Ба номи накӯ гар бимирам равост,
    Маро ном бояд, тан маргрост. (Фирдавсии Тӯси).
    Худораҳматии Ҳомидҷон Махсумов шахсе буд, ки хизмату дасти ӯ ба ҳама мардуми Бадахшон расидааст. Хонаи ӯ хонаи ҳамаи мардуми Ванҷ будааст. Худо ҷоша ҷаннат кна ва зану фарзандоша умри дарози беғама насиб кнаву баракатшун бда!!

Добавить комментарий для Мирзовалӣ Нодулёбов Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.