Қисааи як ҷавонмарди воқеии ванҷӣ

  Дар амун солои бистуми асри бист, вақте, ки русо бай Ванҷа меёян, Қалъаи Рохарва мегиран, ай рӯи нақлои бобам (худованд раҳматш кна) ай тамоми хоҷагиё марако бай ҷиҳода бай Рохарва рафтан. Ай деҳаи Бунайни пр рафта бидан, ай ҷумла бобии Нуралини иштирокчии амун воқеа бидаст. Баъди мағлуб шияни мардми мо, ки ва камунои пилтаиву ва белу чоршох рафта бидан, ай Бунай як хешимун Пӯшак нум доштаст, шаҳид мегара. Шавошав меёрану ба хокш меспоран.
  Амун шав, ки тирамои қавс бидаст, хнки сахт мекнаву барф мебора. Рӯзона аскарои рус кофтукови одамои муҷоҳиди Ванҷа сар мекнан. Меёян дар Бунай, мардми Бунай пешакӣ фамия бидан, ки русо ума естан ҳамашун бай друни дараи Бунайӣ мегрезан, як қисмшун дар друни ҷӯйборо баҷо мегаран. Умуман, дар қишлоқи мо фақат як марак мемуна – бобии Бачона, дига занаку марак ҳама баҷо мегаран. Ин мараки паҳлавонҷусаи бақувват ва ғайюр бидаст. (баъзе коро дора мисли афсунан, агар Хдованд тавфиқ бда, баротун менависмшун). Ун вақто кадм вазифаи гани ай мири Ванҷ дошта бидаст. Барои амин ай деҳа намеброя ва мунтазири русо мегара. Русо меёян, дар маҳаллаи Қофилаи деҳаи Бунай бобии Бачонара мебинан. Дар друни як ванҷихунои қадимӣ, ки дар погаш борои хор бидан, тайи лату қинш мекашан, ки тамоми одамои муҷоҳиди Ванҷа,ки бар зиди уно бай Қалъаи Рохарва ҷанг рафта бидан, нумошна бга. Бобии Бачона нуми ягон каса ба забон намеёра. Баъди ин ва қндоқои камун ва шата чанде метунан мезананш, баъд дар болои бори хорш медозану лғатсумш мекнан, қоил намегара. Амиқа, ки мезанан як одама, нумша намега, чунки медунистаст, ки агар нуми як одама бгира нисфи Ванҷа гум мекнан. Барои амин хап мекна, тамоми сахтиёра таҳаммул мекна ва бай русора ягон нума намега…
  Баъд, бобии Бачонара дар унҷа мепартовану хдшун ай Бунай мегардану бай Рохарва мераван. Баъди амун латои дуру дроз, бобии Бачона касалманд мегара, пас ай чанд муддат ай Ватан бадарғаш мекнан, баъди тамом шияни мӯҳлатш кӯшиши баргаштан бай Ванҷа мекна, неки то деҳаи Сағрдашти ноҳияи Қалъаи Хумб меёя ва касалиш авҷ мегираву ай днё мерава. Дар амун ҷош ба хокш месупоран.
  Ана, ин қисааи як ҷавонмарди воқеии ванҷӣ, ки ҷунша барои мардми Ванҷ қурбон караст, вале сирри мардми Ватанша – Ванҷа фош накараст. Нуралӣ Нуралиён.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.