Ёрии аҳли диёр дар давраи COVID-19

  Гурӯҳе аз зодагони ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ки дар доираи як ибтикори шаҳрвандӣ дар давраи коронавируси COVID-19 аз тариқи шабакаи Фейсбук барои Беморхонаи марказӣ ва ҳама бунгоҳҳои тиббии ноҳия маблағ ҷамъ меоварданд, ба Беморхонаи марказии ноҳия автомашинаи “Ёрии таъҷилӣ” хариданд.
  Дар маҷмуъ ин гуруҳ, аз 16 май то кунун барои Беморхонаи марказӣ, марказҳои саломатӣ ва ҳамаи бунгоҳҳои тиббии ноҳия ба маблағи бештар аз 100 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонидаанд.
  Иршод Сулаймонӣ яке аз масъулони ин ибтикори шаҳрвандӣ гуфт, ки онҳо бо нашри як эълон дар гуруҳи махсусии фейсбукии марбут ба зодагони Ванҷ эълони ҷамъоварии маблағро нашр намуданд, ки дар давом ду ҳафта наздик ба 60 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст. Баъдан баъзе аз соҳибкорони зодани ноҳия, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд ба ин ибтикор ҳамроҳ шудаанд.
  Аз ҷумлаи хонаводаи маъруфи соҳибкорон Хушаковҳо дар вилояти Твери Русия барои Беморхонаи ноҳия ва ҳамаи бунгоҳҳои тиббӣ ба маблғи 250 ҳазор рубли русӣ 300 либоси муҳофизатии бисёрмасрафа ва 3 ҳазор ниқоби тиббӣ фиристоданд. Бештари маблағи ҷамъоваришуда аз зодагони ноҳия буд, ки дар шаҳрҳои гуногуни Русия кору зиндагӣ мекунанд.
  Ба гуфтаи масъулони ин ибтикор дар доираи ин даъват 60223 сомониву 68 дирам пули нақд, 300 либоси муҳофизатии тибии бисёрмасрафа, 3000 ниқоби тиббӣ ва ниқоби бисёрмасрафа, 3 ҳазор шпритс, 15 л спирти 96% ҷамъ шуд, ки ҷамъулҷамъ бештар аз 100 ҳазор сомонӣ мебошад.
  Ба гуфтаи масъулон ин маблағҳо ба гунаи зерин масраф шудаанд. Яъне бо ин маблағ барои Беморхонаи марказӣ, Дармонгоҳи марказӣ, Марказҳои саломатӣ ва ҳамаи бунгоҳҳои тиббии ноҳия маводи зерин харида ва расонда шудааст.

Дар марҳилаи нахустин (26.05.2020):

Анаферон 10 пачка 480 сомонӣ;
Эргаферон 14 пачка 840 сомонӣ;
Гидрокихлорихин 6 пачка 420 сомонӣ;
Гепарин 4 пачка 800 сомонӣ;
Эуфилин 4 пачка 28 сомонӣ;
Дасткаши тиббӣ 4 пачка 552 сомонӣ;
Антисептик 80 шиша 200 сомонӣ;
Спирт 120 шиша 360 сомонӣ;
Скотч 1 дона 12 сомонӣ;
Халта 3 дона 3 сомонӣ;
Респиратор 4 дона 80 сомонӣ;
Ҳаққи фиристодани бор 50 сомонӣ.

Дар марҳилаи дувум (20-24.06.2020):

 Автомашинаи Ёрии таъҷилӣ – Hunday Starex, соли истеҳсол 2003, рангаш нуқрагӣ, ҷойи нишаст – 8, тавоноии муҳаррик – 77/103 – 44520 сомонӣ (ба пули мошин масрафи ҳуҷҷатгузорӣ, нархи ивази равғану антифириз, аккумулятор ва ғайра низ дохил аст);
Пул ба духтур Ниҳмонов Маъсумӣ – 1050 сомонӣ аз ҳисоби Мунавваров Эҳсон (Худованд биёмурзадаш);
Пул ба духтур Ниҳмонов Маъсумӣ – 1386 сомонӣ аз ҳисоби ширкати Помирквартс;Пул ба духтур Усмонов Насиб – 1000 сомонӣ;
Мошини ҷомашӯии автомат барои Беморхонаи марказӣ – 3400 сомонӣ;
Роҳкирои ронандаи мошини Ёрии таъҷилӣ (Ванҷ-Душанбе) – 300 сомонӣ;
Доруи Паратсетомол 1200 баста (12 ҳазор дона) – 1560 сомонӣ;
Витамин С (аскарбинка) 800 баста (8 ҳазор дона) – 640 сомонӣ;
Ҳаққи интиқоли ёриҳои Хушаковҳо аз Промбаза то анбор – 50 сомонӣ;
Сӯзишворӣ Душанбе – Ванҷ – 432 сомонӣ;
Сӯзишворӣ Рохарв-Гармчашма-Рохарв – 140 сомонӣ;
Сӯзишворӣ Рохарв-Андарбак-Рохарв – 140 сомонӣ;
Ҳаққи барчаспҳову занги махсус (мигалка) барои мошини Ёрии таъҷилӣ – 200 сомонӣ;
Масрафи роҳ Душанбе-Ванҷ – 100 сомонӣ;
Роҳкирои роҳбалад аз Ванҷ ба Душанбе – 300 сомонӣ;
  Ёриҳо ба Беморхонаи марказии ноҳия, Дармонгоҳи марказии ноҳия ва ҳамаи 32 марказҳои саломатии ҷамоатҳо ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои ноҳия шахсан аз сӯйи намояндаи гуруҳи ташаббускор – Иршод Сулаймонӣ, Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия Муҳаббат Сафаров ва Сардухтури Дармонгоҳи марказии ноҳия Сиддиқбек Норов ба ҳамаи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бо санади қабул ва имзои масъулин супурда шудааст.
  Ин гуруҳи ташаббускор мегӯяд, ки ин як таҷрибаи калонтари ҷамъоварии маблағ буд, ки дар ин давраи ҳасос иҷроӣ шуд ва умедворанд, ки кори ин ибтикор доимӣ шавад ва ёриҳо дар ҳангоми зарурат ба ҳама қишрҳои аҳолӣ расонида шаванд.

Гузориши тасвирӣ:

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.