Эмомиддин Тулфоров

  Яке аз афроди барӯманд, ки ба донишу адабу маърифат ороста буд. Ба эътибори хешу диёр дар минтақаи дигар афзуда буд. Ҳамдеҳу ошноён аз эшон ҳамун фарди фарзонае бо хӯву хисоли шоистаи инсонӣ ёдоварӣ мекунанд.
  Эмомиддин Назриддинов соли 1950 дар деҳаи Ускроғ таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар соли 1968 хатм кардааст. Ҳамон сол ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1973 хатм намуда, дар солҳои 1973 – 1974 дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хидмати аскариро ба ҷо овардааст.
  Фаъолияти омӯзгориро аз соли 1974 шурӯъ карда, то соли 1982 дар мактабҳои Водхуду Роғ ба шогирдон таълим додааст. Баъдан, аз соли 1982 то соли моҳи октябр 2020 дар макотиби миёнаи дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат фаъолияти омӯзгорӣ доштааст.

Ёде аз бародари фозил

  Аз фавти бародари арҷманд ва фозили мо Эмомиддин Тулфоров як сол гузашт. Худованд хонаи охираташро ободу мунаввар нигаҳ дорад ва ба умри бозмондагонаш биафзояд.
  Дар деҳаи мо мардуми китобхон кам набуданд, вале шояд кам касе мисли худораҳматиро метавон пайдо кард, ки новобаста аз мавзӯъ тамоми китобҳои китобхонаи деҳаро мутолиъа карда бошад. Аз бачагӣ як лаҳза фаромӯш намешавад. Агар акаи Эмомиддин пораи қоғази дар замин афтодаро медид, ҳатман онро бардошта мехонд.
  Баъдан риштаи фанҳои дақиқро интихоб карду таҳсилро дар шаҳри Кӯлоб идома дод. Дар он ҷо бо ҳамсафари доимии умраш, шарикдарсаш муаллима Сафаргули фариштахисол ва намунаи олии одамият издивоҷ кард ва Худованд фарзандони солеҳашон дод. Мегуфтанд, ки на танҳо дар ноҳия, ҳатто дар вилоят ҳам дар касбаш рақиби сазовор надорад, вале боре аз ин ҳунараш такаббур накард.
  Дар зиндагии хоксоронааш ҳам на касеро озурд ва на пеши касе ҳам сар хам кард. Бо робитаҳои хешутаборие, ки ӯ дошт, гирифтани ҳар мансабе то сатҳи болои вазорати маъориф мумкинаш буд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ истифода намекард ва дақиқан бо он ошноие, ки ман аз адаб ва фарҳангашон дорам, дар хаёлаш ҳам намеовард.
  Хешовандонашро бениҳоят, самимона дӯст медошт. На танҳо хешовандон, барояш тамоми аҳли деҳа азизу бародар буд. Солҳои 90 ба хотири рушди деҳа, дастгирии камбизоатон ва донишҷӯёни муваффақ ҷамъомаде доштем, ки соле чанд бор маҳфиле ороста масоили муҳимро баррасӣ мекардем. Бо вуҷуди дурии роҳ нафаре буд, ки ҳеҷ вақт таъхир намекард ва барои наомадан ҳеҷ вақт баҳонае пеш намеовард, дар ҳоле, ки баъзе ҳамсолонаш лозим ояд, сад баҳона меоварданд. Марди фурӯтан ва қаноатпеша буд.
  Нашунидаам ва надидаам, ки ҷуз шукргузорӣ иддаои чизи дигаре карда бошад. Зиндагӣ амон надод, ки бархе аз орзуҳои некаш амалӣ шаванд, аммо Худо кунад, ки ин орзуҳо бо дастони фарзандону наберагони шоистааш амалӣ шаванд. Зайниддин Назриддинов. Октябр, 2021.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.