Шӯ, ки намедошт тра варишӣ намиёварм

  Ай нақлойи пешина. Як лавнд ай Баравн як рӯзи тирамо ова мепара, мегзара убар, мерава қшлоқи Жумарч, шав да як хуна меҳмун мегара. Хунойи авғунони варанги хунойи пешинаи мо, ҳама дар як хуна. Ин лавнда дар чшмш як нозанин меғалтаву ва як диян ай длу чун ошқ мегара. Шава вазур рӯз мекнаву барвахт бо мегзара имбар. Ҳамакша миёваву мега: – “Ҳамак тиёрита бин, сноча дам мекнм, ин вега убар мегзарем”. Ҳамакш мега: – “Чӣ гапай, тинҷист? Мега: – “Зангапзанӣ мерем, як дхта ай Жумарч бсё маъкулм шияст, дига тоқат надорм, амин вега мерем, хдт варишита бҷмбуну амӯра бай мна гап зан”.
  Кӯтаи сухан мераван, вега меҳмун мегаран. Жумарчӣ як бза мекшаву хуб зиёфатшун мекна. Инсуву ун су нига мекнаву лавнд сни ҳамакш мега ана намӯст, дхтаре, ки мн гиринда шиям. Ҳамакшам хакикатан мараки вариш бидаст. Ҳавал иқа фикр караст, ки пас ай иқа мемундориву хшбошӣ гапа чхел сар кна. Баьд сни соҳибхуна, ки хдш ворин мараки мӯсфеди бардам бидаст, мега: – “Тақсир, ойилатун хела сернфуз бидаст, шносмун кн, ки ино кадмош чит мегаран”.
  Соҳибхуна хуб гфта, ай як лав ва шноскнӣ сар мекна, нӯбат бай амун дхтари ин лавнд хшкарагӣ мераса, дли лавнд тап-тап дар заан медроя, ки гапи соҳибхунара ҳавал намешнававу дбора мепрса: – “Бобӣ ин дхтартай?. Бобӣ мега: – “Не, ҳолӣ гфтмтун, ки сноормай, зани бачайи миюна”. Лавнд ҳммм мегаву пфаки срохшиягӣ ворин дамш дар друн шп мегара. Шав дар чойи хов ҳамакш мега: – “Хдоза шӯ дошта бияст, охӣ ту ҳавал намепрсиву баъд одама саргардун кни!. Қарибе амолӣ гап мезому аманда тай мшту лғати авғуно мемурем”. Лавнд мега: – “Шӯ, ки намедошт ам хдмнӣ гап мезом, тра варишӣ намиёварм”. НуқраСуннатниё. 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.