Дар водии Ванҷ мавзеъҳои зиёд астанд, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим ривоят ё нақле ба онҳо рабт дорад. Агарчанде нақлу ривоятҳои ба ин ё он мавзеъ тааллуйдошта аксаран ба ҳақиқат наздикӣ кам ҳам дошта бошанд, дар маҷмӯъ ҳокӣ аз таърихи зиндаи диёри мо мебошанд. Ин ҳама ривояту қиссаву ҳикоятҳо аз замонҳои қадим то замони моро омада расида, дар ташаккули феълу атвор, зиндагии мардуми водӣ нақше ҳам бозидаанд.
Дар сари дараи деҳаи Мдехарв аз тарафи девлохи скосмӣ мавзеи ҳамвору фарохе бо номи “Шоҳи Мардон” вуҷуд дорад. Мавзеъ ҳамвор фароху хушманзара буда, аз мобайнаш рӯди кӯҳии дар таъм лазизу обаш сарду мусаффо ҳамеша ҷорист. Дар ин мавзеъи хушманзара аз замонҳои қадим марқаде (қабр) аст, ки дар бораи шахси мадфун касе, ҳатто муйсафедони кӯҳансоли деҳа маълумоти надоштанд. Фақат дар ин маврид мухтасаран зикр мекарданд, ки дар ин ҷо “ҳазизи Худо” ё “шаҳиди барҳақ” гӯронда шудааст ва номи мавзеъ “Шохҳи Мардон” ба ҳамин марқад рабт дошта будааст.
Ёдовар мешавем, ки аксари ривоятҳои қадима дар водии Ванҷ маҳз ба ким кадом кашмакашиҳои байни кофирҳо ва ва “ҳазизони Худо” (касоне, ки барои ба дини мубини Ислом даъват кардан омада буданд), ҷараёнгирфта рабту ҳамбастагӣ доранд. Ин ривоятҳо ба кашмакашиҳои шадид дар замонҳои пеш дар водӣ далолат мекунанд.
Дар мавриди маркади мавзеи Шоҳимардон, муйсафедон накл мекарданд, ки дар ин мавзеъ ҷангҳои шадиде байни кофирҳо ва азизони Худо сурат гирифта будааст. Ба гуфти мӯйсафедон кофирҳо дар баландӣ сангар гирифта, ба воситаи сангчарх дар дарае, ки дар ин мавзеъ аз тарафи нишебии доманакғҳ арзи ҳастӣ дорад ва то ҳол дар мобайни мардум бо номи “Кофирдара” маъмул аст, лашкари “ҳазизони Худоро” шикаст дода, оқибат саркардаи онҳоро дастгир карда, бо ҷабру ситам мекушанд. Ба қавли мӯйсафедон қабре, ки дар ин мавзеъ мавҷуд аст, басарвари “ҳазизони Худо”, яъне Шоҳимардон” тааллуқ дошта будааст.
Ҷои ҳарбу зарб дар мавзеъи зикршуда қисмате аз замини доманакӯҳ хоки порча-порчаранги сурхи арғувонӣ дорад ва изи сурхи аргувонӣ аз қисмати нишебии доманакӯҳ дар ҷое ба шакли порчаи калон ва дар ҷое ба шакли порчаи хурд мисли доғи хун то ба мавзеи Шоҳимардон меравад. Кӯҳансолони деҳа, ки ин наклро аз бобою бобокалони худ шунида буданд, доғҳои сурхро ба хуни рехтаи захмҳои бешумори саркардаи азизони Худо, ё худ Шоҳимардон нисбат медоданд.
Аслан, аз ҳарбу зарби дар замонҳои қадим дар ин мавзеъ ҷараёнгирифта то замони мо бо гуфти кӯҳансолони деҳа се маркад боқӣ монда будааст: яке марқади Шоҳимардон, марқади дигаре дар мавзеи Мазор ва марқади сеюм дар поёни девлохи Минадара. Қобили зикр аст, ки мардуми маҳаллӣ то замони пош хӯрдани давлати шӯравӣ гоҳ-гоҳе ба зиёрати ин марқадҳои зикршуда мерафтанд.
Ҳарчанд ин нақлу ривоятҳо ба ҳақиқат кам наздикӣ дошта бошанд ҳам, дар маҷмӯъ аз таърих ва фарҳанги мардуми гузаштаи диёрӣ мо мондаанд, ки мутаассифона тадриҷан рӯ ба гӯшаи нестӣ рафтан доранд. Азиз Қадамов. (Дар расм марқади Поймазор).
Назари хешро иброз кунед