Ширчой, птрешку хлеби шӯравӣ

  Деҳоти кӯҳистони мо хӯрокҳое аз ширчой то кабобу шӯрбову оштупаву ширҷӯшу даляву пиёваву палав дорад, ки мазаи онҳо ҳаргиз аз даҳон намеравад. Аммо дар миёни ин ҳама ширчой ҷойгоҳе устувор дорад, ки хонаи ванҷии асил аз он холӣ нест.
  Хосса, ширчойе, ки сермағзу серширу серрӯған бошад ва нонаш ҳам аз птрешку хлеби советӣ бошад. Птрешк пуштаки нону кулчаест, ки дар девораи танӯр ё дегдону чакдон мемонад ва онро канда дар ширчой тар меандозанд. Дигаронро намедонам, аммо ҳар ҷо ки равам бештар аз се рӯз бе ширчой намемонам. Ва ҳар касе дигар ҳамнишинам бошад, ҳатман ширчойӣ мешавад.
  Хлебҳое ки замони шӯравӣ дар Рохарв (корхонаи нонпазӣ маъруф бо номи “Пекарники район”) пухта мешуданд, бо ширчой бисёр маззадор буданд ва лаззати онҳо дар зери дандонҳо барои ҳамеша мемонд.
Ҳар ҷо ки бошед, ширчойу мағзи чормағзи Ванҷ бо нуни тоҷикӣ, агар птрешку хлеби русӣ ҳам бошад, нӯши ҷонатон бод!. Зоир Давлат.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.