Ширговад

  Деҳаи Шрговад (дар асноди расмӣ Ширговад) яке аз деҳоти зебоманзари ноҳияи Ванҷ буда, 35 километр болотар аз маркази ноҳия ва 540 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе қарор дорад. Феълан дорои 135 хонавода ва беш аз 900 нафар нуфус дорад, миллати аҳолии деҳа тоҷик, мусулмон, пайрави мазҳаби ҳанафия.

Таърихчаи ном

  Вожаи “Шрговад” ё “Ширговад”-ро мардуми аҳли фаҳм ба таври мухталиф ҳар гунае маънидод мекунанд. Бархе маънии онро гирифта аз вожаҳои тоҷикии “шир” ва “ов”донистаанд ва онро “Шири равон”-аш хонадаанд.Зеро даргове , (мардуми куҳистони Ванҷу Дарвоз рӯди куҳиро чунин номанд), ки аз васати ин деҳи нозанин ҷорӣ мебошад, дар чаҳор фасли сол софу тоза аст ва ба ҳангоми аз боло назар кардан кафкҳои он ба монанди шир сафед менамояд.
  Аммо ба қавли донишмандону таърихшиносон шакли дурусти номи деҳа “Шрговад” на “Ширговад” мебошад. Шрговад аз ду вожа- ШРГ ва ВАД гирифта шудааст. Донишманд ва забоншиноси тоҷик Умед Ҷайҳонӣ ба ин назаранд: “Шрг”-ро ҳамворӣ ва “Шрговад”-ро макони ҳамвор гуфта буданд. Ҳамчунин вожаҳо ба амсоли “Ширг”, “Ширговад”, “Ширговадак”, дар қаламрави Дарвози таърихӣ зиёданд. Албатта ҳама ширгҳо акнун дашту ҳамвор нестанд, вале эҳтимол дорад, ки дар қадим, дар замони номгузорӣ ҳамвор буда бошанд, ё ин ки мардумаш аз ҷое дигар омада ва номи он зодбумашонро ба ин деҳаашон дода бошанд”.
  Замми андешаҳои ҷаноби Ҷайҳонӣ метавон гуфт, ки дар ин қаламрави тоҷикнишини бостонӣ номҳои мавеъоти мазиде бо пешванди Шрг ва ё Крг ва бо пасванди “вад” ва “ад” мавҷуданд. Деҳоти зайл далели гуфтаҳои фавқанд: Шрг, Крговад, Садвадг, Сумгад, Бовид ё (вад) Жовуд ва ғ..

Мавқеи ҷуғрофӣ ва таърихи деҳа

  Тавре зикр гардид деҳаи Ширговад дар қисмати шимолии ВМКБ ва 35 км ғарбтар аз маркази ноҳияи Ванҷ қарор дорад. Аз тарафи шимол дорои дараи бузурге мебошад, ки ба деҳаро ба водии Вахё (имрӯза ноҳияи Сангвор) мепайвандад. Дорои ду лозури Кашолаях; Сафедлозур ва Сияҳлозур мебошад ва саргаҳи дара бо саргаҳи дараи старғӣ ва техарвӣ мепайвандад.
  Тӯли деҳа бо заминҳои кории он беш аз 2 км буда, аз тарафи шарқ дар мавзеи Ғӯлдара бо деҳаи Мдехарв ва аз қисмати Ғарбӣ дар мавзеи Дашт бо деҳаи Удоб ҳаммарз аст. Қисмати ҷанубии онро дарёи Ванҷов ва Сангов аз деҳоти Ғҷоваст ва Вшхарвак ҷудо мекунад. Деҳаро даргови софи куҳии Даргови Шрговад ба ду қисмат тақсим мекунад.
  Номҳои мевзеъҳои сукунии Шрговад бад-ин зайланд: аз ғарб ба шарқ; Дашт, Севако, Сӯхтгиё Қадра, Тагва, Тагопала, Беҷгав, Торва, Баробарако, Қофила, Загак, Пасрӣ, Убари даргови тор ва Убари даргови таг, Адеҷ. Номҳои пушта ва мавзеъҳои чарогоҳии деҳа қисмати ғарбии деҳа: Дашт, Ҷангал, Севако, Адрахо, Хамб, Штрку, Хамбои тор, Хаспига, Памаи Сағрак, Чапдара, Клӯпак, Ҷавкориё, Даштак, Кӯрқрмб, Ҷарак. Қисмати шарқӣ: Ғавеҷ, Пама, Адрахо, Сфедоро, Ғӯлё, Хамби Бушолак, Хамбак, Кӯйи оврингак, Хамби Салоҳ, Хамби Ҳалак, Чахмохсанг, Заминҳои Фақир, Сели каж, Бружак, Нови бружо ва Нови юӯғу спор. Чаргоҳҳои тобистона ё девлохҳо: Девлохи Чапдара, Наҷина, Сфедсело, Санговак, Дараи ҳавд, Ғарибун, Самарӯғҷога, Загако.
  Таърихи дақиқи пайдоиши деҳа мисли дигар деҳоти Ванҷ ба таври комил омӯхта нашудааст. Аммо бо далели он ки яке аз роҳҳои асосии мувосилотии дараи Ванҷ аз тариқи Вахё ба шаҳрҳои бузург аз дараи Шрговад мегузашт, метавон ҳадс зад, ки мардум дар ин деҳа аз замони хело қадим сукунат доштаанд. Дуввум ба қавли донишмандон дар ин деҳа то солҳои наздик дарахтони бузургсоли тут ва чормағз мавҷуд буданд, ки далел аз сукунати қадимии мардуми бумӣ дар ин мавзеъ мебошад.
  Ҳамчунон дар аксари мавзеъҳои деҳа қабрҳои зиёде маҷуданд, ки онҳоро касе ёд надорад. Ҳатто ҳангоми кишту кор баъзан дар миёни заминҳои корӣ чунин қабрҳо пайдо мешаванд. Дар соли 2012, ҳангоми обхезие, ки заги Шрговадро бо ҳамроҳии наздик ба 40 ҳектор замин аз байн бурд, дар мавзеи Сухтугё дар чуқурии беш аз даҳ метр қабр ва пораҳои куза ва сави оҳан пайдо шуд. Ин ба он далолат мекунад, ки аз солҳои бисёр қадим мардум дар ин деҳа ба оҳангарӣ сару кор доштаанд. Дар мавриди таърихи деҳа инро низ мебояд ёдовар, шуд, ки аксарияти мавзеъҳои деҳа номҳои куҳнаи забони ориёӣ доранд. (Идома дорад). Аъзамшоҳи Ширговадӣ.

  1. Оқои Аъзамшоҳ матни Шумо нопурра аст. Лутфан матнро пурра намоед!
    Давоми матнро бесаброна интизорем )

Посух додан ба Vanji Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.