Чаҳорумин ҷоизаи баланди Хушқадам

  Хушқадам Хусравов дар таърихи 08.11.2020 дар Ново Сади кишвари Сербистон барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳон дар самбо гардид ва ин ҷаҳорумин ҷоизаи Хушқадам аз сабқатҳои ҷаҳонӣ мебошад. Хушқадам дар ин сабқат дар вазни 62 кг қувваозмоӣ дошт.
  Хушқадам ба касби як медали тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ дар қаҳрамониҳои ҷаҳонии самбо аз паҳлавонони Тоҷикистон ягона касест, ки чунин натиҷа ба даст овардааст. Ӯ ҳамчунин Қаҳрамони самбои ҷавонони ҷаҳон мебошад.
  Дар ин қаҳрамонӣ аз паҳлавонони тоҷикистонӣ Комроншоҳ Устопириён барандаи медали биринҷӣ (барои бори севвум), Акмалиддин Каримов соҳиби медали нуқра (барои бори чаҳорум) ва Самеъҷон Абдушукуров барандаи медали биринҷӣ гардиданд. 08.11.2020.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.