Хушвақт Искандаров соли 1934 дар деҳаи Ширговади ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1954 таҳсили мактаби миёнаи ба номи Ленинро анҷом дода, ҳамин сол ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Онро соли 1958 бо ихтисоси муаллими фанни физикаву математика ба итмом расонд. Сипас фаъолияти меҳнатиаш ин тавр оғозу идома гирифт: солҳои 1958-1959 муаллими мактаби миёнаи ба номи Ленини ноҳияиВанҷ, 1960-1961 муаллими мактаби миёнаи ба номи Ленини ноҳияи Куйбишев, солҳои 1961-1967 ба ҳайси муаллими фанҳои физикаю математика дар мактаби 7-солаи “20-солагии Октябр”, мактаби 8-солаи ба номи Ломоносови ноҳияи Ванҷ ифои касб дошт. Солҳои 1967-1969 Х.Искандаров ҷонишини директори хонаи бачагон, 1970-1971 муаллими мактаби ба номи Крупская, 1972 директори мактаби 8-солаи рақами 23-и деҳаи Жамаг, 1973-1981 муаллими мактаби миёнаи рақами 4 шуда кор мекунад. Аз соли 1982 то алҳол вазифаи ҷонишини директори мактаб доир ба корҳои таълимиро ба ӯҳд дорад. Бо меҳнати намунавии худ Х.Искандаров сазовори унвони ифтихории “Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон” ва чандин медалу ифтихорномаҳо гаштааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед