Фатҳулло Фатҳуллоев

  Фатҳулло Фатҳуллоев яке аз футболбозони маъруфи кишвар дар таърихи 24 марти соли 1990 таваллуд шудааст. Фаъолияти варзишии хешро аз соли 2007 дар тими «Динамо»-и Душанбе оғоз кардааст. Фатҳулло дар ҳайати тимҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони кишвар ширкат варзида, дар соли 2007 ба ҳайати тими мунтахаби миллии кишвар даъват карда шудааст. 
  Пас аз зуҳури маҳорат дар соли 2008 ӯро ба тими “Истиқлол”-и Душанбе даъват карданд. Дар ҳайати “Истиқлол” ғолиби чандин мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардид. Фатҳулло дар соли 2012 ғолиби Ҷоми президенти АФК шуд.
  Яке аз комёбиҳои варзишии Фатҳулло дар Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 20 августи соли 2007 ғолибият бар тими ИМА буд.
  Аз соли 2019 то аввалҳои 2020 дар ҳайати тими “Бухоро”-и Бухоро (Узбекистон) бозӣ мекард. Аз моҳи марти соли 2020 дар ҳайати дастаи футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд фаъоляти варзишӣ дошта, капитани ин тим мебошад.
  Фатҳулло Фатҳуллоев бозигари тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, мавқеяш нимҳимоятгар, қадаш 178 см мебошад. Дар ҳайати тими миллӣ дар 70 бозӣ ширкат дошта, тӯбро 10 маротиба ба нишон расонидааст.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.