Насли гузаштаи диёр дар нисбати имрӯза хеле мутафовит буд. Сатҳи пешрафти замон ва асари ғояи ҳукмрон бар зеҳният ва равиши зиндагӣ авомили таъсиргузоранд. Мутобиқ ба тағйири ин авомил диду мафкураи наслҳо ранг бадал мекунад. Дараҷи тафовут дар миёни наслҳо баста ба суръати рушду асари ин омилҳо мебошад. Аз ин ҷиҳатҳо, тафовути байни наслҳо дар тӯли ҳаёти мо ба ҳадди назаррас дар хотираҳо собит мондааст.
Мо дар зиндагӣ то имрӯз шоҳиди ҳаёти се насл будаем: насли дар замони пешазшӯравӣ мутаваллиду бузургшуда; насли дар замони шӯравӣ таваллуду ба воя расида; насли замони истиқлол. Насли замони пешазшӯравиро дар замони хурдсолӣ камтар дидаам, вале ба туфайли хотираи қавӣ дар даврони камсолӣ дидаву хотираҳо аз эшонро хеле хуб дар ёд дорам ва аз он насл бештар таассурот бурдаам.
Он насл дар замони пеш аз шӯравӣ ба дунё омада, таълиму тарбияти хос ва муқаррари замонро гирифта буд. Аз ин рӯ, насли аввал таҳти таъсири фарҳанги миллии худӣ қарор дошта, пазириши фарҳанги наву бегонаи мутафовит барояш сахту гарон буд. Ҳомилони фарҳанги миллиро то андозаи зурур маҳву нобуд карданд, вале раҳидагон онро то ҳадди тавон ҳифз карданд.
Он насл дар муқовимат бо нерӯи муқтадири мафкураи нав тоб оварда, тавонист ба насли замони нав то ҳадде таъсиргузор бошад ва шаъну эътибор ҳифз намояд. Агарчанде дар замони нав обрӯи коргару муаллиму духтуру муҳандису олими коммунист боло гирифт, вале “органу” “кегебеву” “обахез” васоили таъсирашон бар ҷамъият буд, аммо эҳтирому эътимоди мардум ба “мло”, “китобхун”, “қрҳонхун”, “дҳохун”-у “вариш”-ҳо бештар буд. Аз ин номбурдагон саводомӯхтагон, ки аз боқимондаҳои аҳли зиёи пешин буданд, чунин номида мешуданд ва ононе, ки илму саводомӯхта набуданд, дар қатори “варишо”-н дохил буданд. Онҳо қудрату васила дар ихтиёр надоштанд, вале ба зеҳни омма асаргузор ва нозиру ҳофизон ахлоқи иҷтимоӣ буданд. Фисқу бадахлоқиро маҳкум карда, мушкилоти иҷтимоиро дар деҳот “варишо” ҳал мекарданд. Агар аз фарде дар маҳал ё деҳе амали ғайри ахлоқу номатлуб сар мезад, нахуст “варишо”-ни он ҷоро мазаммат мекарданд, чунки масъулони тарбияти мардум маҳсуб меёфтанд. Он “варишо” боқимондагони насли пешин буданд, насли баъдӣ аломати зоҳирӣ ва эътибори онҳо – ришро гум карда буд.
Он насл ҳофизони фарҳанги асили миллӣ буданд. Бобои Давлат мактабу мадраса нахонда буд, вале як хазинаи дониш буд. Бо донишманду фузало ҳамнишинӣ карда буд, аз нишаст дар ҳалқаи онҳо дониш андӯхта буд. Дар овони хурдӣ аз ӯ чизеро мешунидему меомӯхтем, ки дар кутуби мактабӣ навишта набуд. Аз Ҳофизу Шамси Табрезию Бедил ашъор месуруд, ривоёти аҷибу ғариб нақл менамуд. Аз ғароботи Чину Мочин, мулки Булғору Ҳабаш, Шому Фарангу аз таассуроти сафарҳояш ба Фарғонаю Хӯқанд қисса мекард.
Баъзе бо забони адабӣ сухан мекарданд. Бобои Мӯъмини Харидооӣ аз ҷумлаи афроди фарҳангии деҳа буда, дар ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қӯқанду Фарғона сафар дошта, муддатҳое дар корхонаҳои саноатии он ҷоҳо кор намуда буд. Муоширати ӯ дар хонаю кӯча ба забони адабӣ, тарзи рафтору гуфтор, салиқаи либоспӯшияш ба тарзи шаҳрӣ ва ҷавобаш ба тааҷҷубкунанда – “Мо Фарғонаба гаштагӣ” будааст, яъне, “тарзи рафтору одоби ман мисли аҳли шаҳр аст”. Фарғона яке аз шаҳрҳои қадимӣ бо тамаддуни кӯҳани тоҷикист. Ин сухан ба масале табдил ёфта, баъдан машҳур шуд. Касе дар мавриди анҷоми амали шаҳрӣ онро такрор мекард.
Ҳамчунин, Бобои Дарғиро дар ёд дорам, ки ба забони адабӣ сухан мегуфт ва олуфтаву бофарҳанг буд. Дар он замон таоми палав дар Ванҷ номаъруф ва ҳатто пазандаи он набуд. Ӯ дар тобистонҳо ба зодгоҳ меомад ва ҳар рӯз дар ҳар хонае палаву дамламаву дигар таомҳои “шаҳрӣ” мепухту ҷамъе ҳамарӯза ҳамроҳаш буд. Нишасташон маҷлиси фарҳангӣ буд ва ӯ бо дутор ғазалу қасида месуруд. Бобои Мазорбунро кам дар ёд дорем ва ба гуфти мардум шахси бофарҳанге будаву ба адабӣ муошират доштааст.
Ҷиддияту салобати Бобаи Акбар ҳанӯз дар ёдҳо возеҳ барҷост. Дар ин замон аҳён падарест, ки амраш бар писар гузарост. Аммо сухану амри ӯ бар авлоду маҳалла қонун буд. Аҳли маҳал ба вай ҷуръати мустақим нигаристан надоштанд. Ӯ дар ҷавонӣ муаллими мактабу дар пирӣ муаллими дин буд. Мардумро намозу шаръу китоб хондан меомӯхт. Аҳли илм доим дар хонааш ҷамъ буданд. Соҳибилму китобхонони деҳа Бобии Мӯъмини Скосмӣ, Бобии Соҳати Перва, Бобии Иззатуллои Дршерӣ бо лақаби Шайху дигарон менишастану китоб мехонданду дар масоили илмӣ баҳсу сӯҳбат мекарданд. Аз донишмандони деҳоти дигар Бобии Иғболи Шрговадӣ, Бобии Давлатмандӣ Мрғтгаӣ, Ҳакимбеги Шрговадӣ, Оиди Техарвӣ ба хонаи ӯ рафтуои доимӣ доштанд. Дӯсти хонаводагию шогирдаш Бобои Пирмуҳаммади Гиҷӣ ба хонааш бисёр ташрифовар мешуданд. Ӯ ҳайвони савории нодир – хачир дошт, ки даравидани хору алафу сер кардани онро ба зиммаи мо вогузор мекарданд. Мо низ нахустин ҳуруфи арабиро аз Бобаи Акбар омӯхтем.
Донишманду соҳибхирадоне чун Бобии Гурминҷи Аргингоӣ ва Муллои Скосмӣ дар деҳа нуфузу обрӯ доштанд. Бобии Файзулло, Бобии Убайдулло, Бобии Шамсуддин ва ҳар он касеро, ки аз он насл ба ёд дорем, ҳама ному хотираи нек дар зеҳни баъдомадагон гузоштаанд ва имрӯз мояи ифтихори фарзанду наберагонанд.
Он мардум маърифату хулқу одоби писандида доштанд. Дар ҳама умур пойбанди риояи меъёрҳои ахлоқӣ буданд. Бадкора набуданд, бадзабонӣ намекарданд. Забони фашҳе, ки имрӯз мардум доранд, онҳо надоштанд, дар замони онҳо аз бадзабонии мардуми ғайр изҳори тааҷҷуб мекарданд. Дашному фаҳши қабеҳ надоштанд. Дар ҳолати қаҳрашон аз онҳо мисли “падарлаънат”, “падарсӯхта”, “гӯрсӯхта”, “қалтабони саг”, “разил”, “мурдор” дашномҳое мешунидем, ки баъдан дар китобҳои бадеияшон пайдо кардем.
Намояндагони он насл қариб, ки ҳама қавию тануманд буда, ҳама ҳунарманд ва бештар чанд ҳунар доштанд. Ба навъи варзиши маъруфтарини диёр гӯштингирӣ ҳама моил буданд. Хислатҳои аҷдодиро монанди саховатмандӣ, дастархондорӣ, меҳмоннавозӣ, футуввату садоқат, ғуруру номусу гарданшахиро онҳо ҳифз карда, ба насли баъдӣ таҳвил доданд…
Насли сонӣ фарзандони онҳо буданд, ки дар замони низоми нав ба дунё омада, дар он парварда шуданд. Низом дар талоши дур сохтани он насл аз фарҳанги худию кашидан ба бегона буд. Агарчанде низом ба ҳадди фаҷеъ муваффақ ба ин кор шуд, насли пешин ба қадри имкону тавон монеи он буд. Баъзе аз аъмолу одоти пеш мамнӯъу номатлуб роиҷу марсум шуданд. Шаробнӯшӣ дар нишасту зиёфату маъракаҳо қоида гашт, ки дар интиҳо ҳар базмеро разме дунбола дошт.
Он насли таълиму тарбиягирифта ва ҷаҳондида буд. Ҳар касе дар шаҳр ё кишвари мардуми ғайр хизмати ватан карда буд ва ё ба сафари корӣ ба ҷое аз кишвари паҳновари гуногунмиллат рафта буд ва дониши гирифтаро бо мушоҳида аз сафар сайқал дода буд. Дараҷаи маълумоту савияи донишу фарҳангу бинишашон баланд буд. Хулқу атворашон мутобиқ ба қавоиди одоб буд. Дар он насл авбошу ҷинояткор набуд.
Намояндагони он насл мардумони зарифу боилму фаҳангу адабу санъатдӯст буданд. Аз меҳмоннавозию зиёфатороиҳою сухану амалҳои аҷиби баъзе бузургмардон баъзан имрӯзҳо ҳам ёд мекунанд. Амаки Ширинҷони Ҷӯра бо лақаби “Шурик” дар Ванҷ маъруф буд. Ӯ шахси босаводу фарҳанг буд, бо забони адабӣ гап мезад, ҳам таърифу ва ҳам мазаммат бо масалу шеъри муносиб мекард. Аз ҷумлаи меҳмоннавозу ашхоси барӯманди диёр буд. Амаки Азамат меҳмонавозу соҳибфарҳангу шеъру ғазалдон буд. Амаки Сайёрабеги Ҷоғар бо меҳмоннавозию хушсуханӣ дар Ванҷ машҳур буд. Гоҳе ба назди Амаки Назурдини Шамсуддин мерафтему дар сӯҳбати ӯ гузаштани ними рӯзро фаромӯш мекардем…
Насли саввум, насли замони истиқлол, ки гӯё мо ҳам шомили онем, зеро онро дар синфи нӯҳӣ дарёфтем, аз он ду мутафовит аст. Таҳаввули ҷаҳону тағйири низом тафаккури ҷамъиятиро дигаргун сохт. Тавсифи насли нав, ки онро писарамакамон Мақсади Қадам “пакаленияи пепсӣ” унвон мекард, мавзӯи муфассалу таҳқиқталабтар аст ва онро барои фурсати дигар вомегузорем… Ашраф Акрам.
Назари хешро иброз кунед