Туронқлибек Мирумадов

  Туронқлибек Мирумадов 15октябри соли 1954 дар деҳаи Убго деҳшӯрои Жовиди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1971 баъди гирифтани маълумоти миёна дар мактаби рақами 4-и ноҳияи Ванҷ ва хатми факултаи математикаи Институти педагогии ш.Душанбе (1976) фаъолияти меҳнатиаш ин тавр сурат гирифтааст: солҳои 1976-1980 муаллими мактаби миёна, 1980-1982 вазифаи мушовирии Ҳукумати ноҳияи Коммунистии вилояти Қӯрғонтеппаро ба зимма дошт.
  Туронқлибек Мирумадов аз соли 1982 инҷониб дар Вазорати бехатарии ҶТ кору фаъолият дорад. Аз ҷумла аз соли 1983 то соли 1985 дар ҳайати гурӯҳи мақдуди қувваҳои мусаллаҳи Шӯравй дар Ҷумҳу- рии Афғонистои хизмат кардааст. М.Мирумадов бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Афғонистон мукофотонида шудааст. Соли 2003 бофармони Президенти ҶТ бо ордени “Шараф” сарфароз гаштааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.