Тоҷик ба ҳиммат аз ҳама воло буд,
Дар ҳалқаи дор ҳам сараш боло буд. (Рустами Ваҳҳоб).
Панҷ сол пеш яке аз дӯстон, ки вазифаи баландеро дар як ниҳоди варзишии кишвар ба ӯҳда дошт мегуфт, ки бо Эргаш Маҳмадбеков бисёр баҳси тунде дар мавриди ояндаи ҷудои тоҷик кардем. Эргаш изҳор медошт, ки мо низоми омода кардани ҷудокор барои мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониро надорем. Низоми тамрини мо бисёр корношоям ва фарсуда аст ва ӯ чандин пешниҳодҳои хуб ҳам кард, вале бисёр масъулини варзиши тоҷик ба ӯ таъна мезаданд, ки аввал худаш шогирд тайёр кунад, баъдан ба мо насиҳат кунад.
Эргаш ин қадар ба ин ҳарфҳо аҳамият намедод Дар пеши худ ҳадаф гузошта буд ва бовармандона ба сӯи амалӣ шудани он қадам мегузошт. Як сол баъд аз ин ҳарфҳо шогирдонаш ҷоизадорони мусобиқоти ҷудои наврасону ҷавонони Русия ва Ҷомҳои Урупо шуданд.
Аз соли 2016 шогирдони Эргаш ва бародараш Фотеҳ дар Русия дар ҳамаи вазнҳо дар дастаи миллии ҷудои наврасон ва ҷавонони Русия шомил гардиданд. Аз соли 2017 дастпарварони клуби Мore Judo-и Иркутск ба намояндагӣ аз Русия ва Тоҷикистон ҳамеша аз чемпионатҳои ҷудои ҷавонони ҷаҳон ва Урупо медал ба даст меоранд.
Ҳоло ин клуб яке аз беҳтарин клубҳои ҷудои Русия аст. Имрӯз вазири варзиши Русия Олег Матитсин бо мураббиён ва дастпарварони ин клуб мулоқот кард ва ба заҳмату талошҳои онҳо баҳои баланд дод. Ҳамчунин, Олег Матитсин барои хидмату талошҳои хастанопазири додари азизи мо Фотеҳ Маҳмадбеков ифтихорнома эҳдо кард .
Пирузиҳоятон бешумор ва обру ва эътиборатон баландтар бод!. 11.09.2020.
Муҳаммадрозиқ Неъматзод.
Назари хешро иброз кунед