Сурат Тоймастов яке аз сармояҳои миллии мо буд

  Ду рӯз аст, ки ҷомеаи огоҳи мо: аз миллигаро то русгарову ғарбгаро дар сӯги ин фарзанди шоистаи кишвар нишастаанд. Зеро Сурат Тойимастов яке аз сармояҳои миллии мо буд ва шоистагии ин ҳамаро дошту дорад. Мутаассифона, дурахши ин ҷавҳар дар ҷомеаи Тоҷикистон ба гунае, ки мебоист ба нафъи миллату давлат бошад, сурат нагирифт. Аз ин дошта ва коршиноси ифтихорофарини кишвар ба андозае, ки зарур буд, истифода нашуд.
  Сурат Тойимастов дар бахши худ ҳамон мутахассисе буд, ки бидуни қайду шарт барои Тоҷикистони имрӯз даркор буд. Дареғу дард, ки як инсони шоиставу боиста моро тарк кард. Дареғи ин ки инсоне аз миёни мо бурид, ки метавонист бо дониш, таҷриба, ҷаҳонбинӣ, андӯхтаҳояш корҳои зиёде мондагоре барои миллатсозӣ, имиҷсозӣ ва шинохти бештари Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ бикунад, ки карда буд.
  Сурат Тойимастов ҳамдеҳаи ифтихорофарини шаҳрии ман буд. Ман бо ифтихори баланд рӯи ин нукта таъкид мекунам, ки ӯ ҳамдеҳаи ман буд. Бо ин гуфтанӣ ҳастам, ки ӯ маҳдуд ба деҳаи мо набуд, балки фавҷу мавҷи сӯгвориҳо аз ақсои олам ба забонҳои гуногун, бозгӯкунандаи он аст, ки ҷуғрофиёи эътироф ва маҳбубияти ин ҳамдеҳаи боиззати мо фаротар аз қаламрави Тоҷикистон аст. Ҳарчанд ёду ному кору пайкори акаи Сурат барои ҳамеша гиромист, вале ҳазорон дареғ, ки ӯро дар замоне аз даст додем, ки бештар барои мо даркор буд ва ниёз доштем!.
  Ӯ дар як хонаводаи арзишмадор, боахлоқ ва мутамаддин, сарҳанги пулиси шӯравӣ зода ва бузург шуда буд. Падараш, худораҳматии амаки Содиқ Тойимастов як инсони озода, хушахлоқ, коркушта ва дар воқеъ содиқ ба пешаву амали худ буд. Бино ба осеби ҷисмонӣ бардоштан дар замони ифои сарбаландонаи масъулияти пулисии худ, қабл аз расидан ба синни бознишастагӣ, ифтихормандона бознишаста шуд. Замоне ки мо хурд ва дар деҳа “бехабар аз гапи ҷаҳон будем” зиндаёд амаки Содиқ тобистонҳо ба деҳа меомад, моро озодагӣ (олуфтагӣ), шахсияти мунҳасир ба фард, бархӯрди оромона, роҳгардии мавзун ва ҳазорон хислату хулқи қобили пайравияш мафтун мекард. Хонаи моро аз хонаи падарии эшон танҳо роҳи мошин ҷудо мекунад, ки дар рӯ ба рӯйи ҳам қарор доранд ва ман шоҳиди бештари манзарҳои ташрифу гусел онҳо будам. Амаки Содиқ ҳам ду се соли пеш аз акаи Сурат моро тарк карда буданд, акнун ину падару писари хушахлоқ бо ҳам, рашки ҳазорон фариштаву сокини биҳиштро ба бор меоранд.
  Сурат Тойимастов хатмкардаи риштаи биологияи Донишгоҳи миллӣ буд. Дар соҳаи худ воқеан олиму донишманд буд. Солҳои зиёде ҳам дар давраи шӯравӣ ба мутолиаву корҳои илмӣ пардохта буд. Аммо бештар ба гардишгарии куҳгардӣ хидмат кард. Худи эшон бо ҳамкории гардишгарони хориҷӣ чандин масирҳои сайёҳии кӯҳгардӣ эҷод карда буд. Тобистонҳо медидем, ки бо чанде гардишгари хориҷӣ аз дараи деҳаи мо – Гшхун ба таъбири шеваи худамон “мехамбӣ”. Яке аз масирҳои кӯҳгардияш аз Ишкошим рафтан ба Мурғоб, аз Мурғоб ба Бартанг, аз Бартанг ба Язгулом ва аз Язгулом тавассути деҳаи дараи Гшхун расидан ба маркази ноҳияи Ванҷ буд. Гоҳҳо ин масир аз маркази ноҳия то ба пиряху яхчолҳои Хирсону Кашолаяху Федченко дар саргаҳи Ванҷ ҳам давом мекард ва тавассути гарданаи дараи Шрговад ба Вахёву Ҷиргатолу Рашту Мастчоҳ ва Зиддии Варзоб то Душанбе мерасид.
  Бештари фурсат гардишгаронро то деҳа меовард ва агар онҳо хаста мешуданд, аз деҳа то Душанбе бо мошин бармегаштанд. Борҳо ифтихорӣ ҳамсафарӣ бо акаи Сурат ва меҳмонҳояш (хориҷиҳои туристи ҳамроҳи ӯро дар деҳа ҳамин гуна ном мебурданд) ба ман ман даст дода буд, ки аз деҳа то Душанбе биоям. Чӣ қадар инсони дарёдилу огоҳу донишманду пурмутолиа буд. Шахсе, ки биология хонда буд, ширкати гардишгарӣ («Pamir Adventures») таъсис карда буду умру рӯзгори худро барои рушди ин бахш бахшида буду нимае аз умри хеле кӯтоҳашро дар кӯҳу дараҳои Тоҷикистон сипарида буд, огоҳии баланде аз фарҳанг ва тамаддуни миллӣ дошт. Бо вуҷуди ин ки тамоми умри худро бо хориҷиён буду зодаву парвардаи Душанбеи шӯравӣ буд, як тоҷики сарсахти миллигаро, дӯстдори фарҳанги миллии эронии мо, яке аз ошиқони хатти форсӣ ва аз қурбониёни орзухӯрдаи рӯҳи бузурги эронияти мо буд. Бо мутолиаи фаровоне, ки дошт соатҳо метавонист дар муҳимтарин мавзуҳои миллӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсӣ суҳбат кунад. Дареғу дард, ки акаи Сурат бо ин ҳама доштаҳои фаровони фикриву амали худ, аз миёни мо бурид!.
  Ӯ на танҳо як аккосу суратгири беҳамтову мумтози Тоҷикистон, ки аксҳояш баландтарин минбару пештоқҳои байналмилалиро бо манзараҳои дилпазири Тоҷикистон зеб медиҳанд, буд, балки як забондон-полиглоти нодир ҳам буд. Як соле, ки ҳамроҳ бо як гардишгари фаронсавӣ, писараш Меҳрдод аз масири Ишкошим – Мурғоб – Мурғоб – Бартанг – Бартанг – Язгулом – Язгулом – маркази Ванҷ ба деҳа омада буд, аз деҳа ба Душанбе ҳамсафар шудем. Пурсидамаш, ки ака чанд забон медонед, хоксорона талош кард, ки бузургнамоӣ накунад, аммо ман подармиёнӣ кардам, ки ин омор барои худам зарур аст. Маълум шуд, ки забонҳои инглисӣ, арабӣ, фаронсавӣ, русӣ, форсӣ, қирғизӣ ва язгуломиву шуғнӣ – забонҳои маҳалии роиҷ дар Бадахшони нозанини худамонро медонад. Тақрибан бо ҳеч кадом гардишгар мушкили забонӣ надошт. Ӯ як наққоши чирадаст ҳам буд. Ҳазорон дареғ, ин сармояи арзишманди миллиро барои ҳамеша аз даст додем!.
  Борҳо бароям занг мезаду дар муҳимтарин масъалаҳо машвара медод. Инсони бисёр ҳалолкоре буд. Ҳамеша шаҳомати ахлоқӣ нишон медод. Ба дархостҳои мукаррари ман, ки ака, биёед имкониат дорем ширкати Шуморо дар расонаҳо таблиғ кунем, ҷавоби рад дода буд. Ҳеч гоҳе аз имконот ва маъмуриятҳои расонаии ман ба нафъи корҳову тиҷораташ баҳрабардорӣ намекард. Ҳатто бароям ҷолиб буд, ки баъде бархе навиштаҳои хому матлабҳои интиқодии ман занг мезаду машвара медод. Ҳатто боре гуфт, ки шумораи Вотсапатро бинавис, ки “баъзе вақто ҳамфикр намеёвум барои машварат)”… Ҳоло, ки ба ёди ин ҳама ҳамкориҳо афтодам, дарк кардам, ки худи ман ҳам истифодаи дурусту ончуноние аз эшон накардаам. Борҳову борҳо дархости маро барои мусоҳиба рад карда буд… Ҳазорон дареғ, ки ба гуфти шоир “Ногаҳон чӣ зуд дер мешавад”.
  Ман аз руҳи бузургвори ин сармояи миллӣ, ки дар рӯнамоияш барои ҷомеа ва миллат кам овардаам, қарздорам. Ҳатто бо марги муфоҷо, бо ин рафтани саросемавораш, имкон надод, ки пойи тобуташ ба гуфтаи аллома Айнӣ “ҳиқ-ҳиқ” бигирйем…
  Имшаб ба мутолиаву мукотибаҳоямон дар паёмрасонҳо пардохтам. Дидам, ки чӣ гуна як мушовири бохирадамро аз даст додаам. Охирин чизе, ки бароям фиристода буд соати 00:42-и чаҳоршанбешаб, наворе аз маросими худоҳофизии мардуми Чили бо раисҷумҳурашон буд, ки баъди анҷоми давраи раёсаташ дар мақоми президентӣ мардуми кишвараш ӯро бо дидаи ашкбор гусел мекарданд. Ин фиристодаашон ҳам беҳикмат набуд… хусусан дар пасманзари ҷонканиҳои Лукашнеко барои савор шудан бар иродаи росихи мардуми боиизати Белорус ва суннатҳои роиҷи ташнагии қудрат дар Осиёи Марказӣ, хусусан интихоботи пешорӯи раёсатҷумҳурии худамон.
  Акаи Сурат, сармояи бебадили пешаву кишвари худ, ҳоло худамро сахт накӯҳиш мекунам, ки чаро аз бузургвориятон истифодаи бештар накардам, чаро фурсати зиёдеро бо Шумо насипаридам, чаро аз пеши бархе пешниҳодоти арзишманди Шумо бисёр сода рад шудаам. Узри зиёд, АКА. Ба гуфти шоир:
Нафрин ба зиндагӣ, ки ту моҳӣ ман одамам,
Нафрин ба зиндагӣ, ки пеши фаровоният камам!.
  Умедворам, саломи дархостнашудаи моро ба биҳиштиён расонадаӣ, зеро ҳуши дарроки Шумо баъди пайвастан ба олами улвӣ ҳам, набзи Тоҷикистону афроди онро эҳсос мекунад!. Нақши кору амалкарду бозмондаҳои Шумо на танҳо дар миёни касоне ҷовидона аст, ки ҳамкору ҳамнишинатон буданд, балки дар мағз-мағзи синаи кӯҳу камару дараҳои ин кишвар малмусу побарҷост!.

Иршод Сулаймонӣ. 12.09.2020.

  1. Вокеъан бародари зебои ориёии моьдархакикат бехтарин шахсияти милли будааст.Афсуз мехурам, чи гуна дар зиндаги вонахурдамем.Ки медонад,шояд вохурда бошем?!

  2. Шахсияти бехтарини миллат ва ифтихори миллат -чунин аст андешаи заминии банда!Рухаш шоду хонаи охираташ бод бошад.Омин!

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.