Султон Замиров

  SultonzamirСултон Замиров дар пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоию мадании ноҳияи Ванҷ сохтмону ба кор даромадани нерӯгоҳи барқӣ мавқеи назаррас дорад. Доир ба суръат гирифтани ин сохтмон ва саросар аз барқ таъмин намудани ноҳия  то андозае хонандаи мӯҳтарам аз навиштаҳои пешин маълумот гирифтааст. Боз нав баргаштан ба сари ин масъала ва баъзе иловаҳоро овардан барои он зарурият дорад, ки мехостем мушоҳидаи худи мутахассис Султон Замировро доири таърихи истифодаи барқ ва рушду такомули ин заруртарин асоси зиндагии ҷомеаи навинро дар ноҳияи Ванҷ то андозае равшантар намоем.
  Пешрафти бо аз қувваи барқ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Ванҷ аз соли аз соли 1950 бо як нерӯгоҳи дизелии муассисаи кафтуковии сангҳои қиматбаҳои ш.Москва, ки дар ноҳияи Ванҷ фаъолият дошт, дар ҳудуди амборҳои худаш оғоз шудааст. Соли 1952  нерӯгоҳи барқӣ-обии иқтидораш 50 кВт дар маркази ноҳия сохта шуда, муассиса ва маркази ноҳияро бо қувваи  барқ таъмин менамуд. Ин иқтидор табиист, ки талаботи аҳолӣ ва идораҳои маркази ноҳияро қаноат намекард, бинобар ин хоҷагии коммунали як нерӯгоҳи дизелӣ, ки иқтидораш 50 кВт буд дар маркази ноҳия гузошта, аҳолии деҳаи Убари Даргов, маркази ноҳия, табобатхона ва шӯъбаи алоқаи ноҳияро таъмин менамуд. Дар вақти ба вазифаи сармуҳандиси шабакаҳои барқии  вилояти Кӯҳистони Бадахшон таъин шудани Султон Замиров барои самарнок истифода бурдани иқтидори нерӯгоҳи дизелии маркази ноҳия корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, ӯ аз нерӯгоҳи мавҷуда бе ягон зарарҳои иқтисодию техникӣ, деҳаи Гишхунро аз қувваи барқ таъмин намудааст.
  Сармуҳандиси муассисаи сохтмону васлкунии нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои барқии ВАБК Султон Замиров ба муносибати 40-солагии ВАБК дар маркази колхозҳои “Сотсиализм” (Водхуд), “Фрунзе” (Бунай), “Лоҳутӣ” (Техарв), “Федченко” (Ғуҷоваст), “Съезди ХХ партия” (Гармчашма) нерӯгоҳҳои дизелӣ шинонда, ин деҳаҳоро аз қувваи барқ таъмин намудааст.
  Баъди ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи пуриқтидори барқии Ванҷ, ҳама кормандони ин нерӯгоҳ аз таълими махсуси касбӣ оиди истифодаю идоракунии нерӯгоҳ гузаштанд. Акнун қувваи барқи ҳосилшударо ба деҳаҳо бурда расонидан лозим буд. Барои ба сохтмони хатҳои барқӣ аз аввали ноҳия, шӯрои деҳаи Водхуд сар карда, корро ба шӯродеҳаҳои Рохарв, Жовид, Техарв, Ғуҷовасту Рованд давом дода, ҳамаи ноҳияро ғайр аз деҳаҳои Пшихарву Узбай ба итмом расонданд.
  Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси шахси худи С.Замиров баъди як соли пурра васл намудани хати барқ ба деҳаҳои номбурдашуда, аз ҳисоби захираи маводи лозимӣ деҳаи Узбай, ки дар нақша набуд ба қувваи барқ таъмин карда шуд.
  Баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ таъмин сӯзишворӣ мушкил гардида, нерӯгоҳҳои дизелӣ аз кор монданд, ба сокинони деҳоти Ванҷи Боло қувваи барқ дода намешуд, чунки иқтидори нерӯгоҳи барқӣ-обии Ванҷ барои ин заиф буд, бинобар дар Шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии энергетикаи Тоҷикистон, ки дар ин давра С.Замиров ба ҳайси ҷонишини сардор фаъолият дошт, тасмим гирифт, ки як нерӯгоҳи барқи-обӣ дар ноҳияи Ванҷ сохтан зарур аст. Барои ин бо маслиҳати ӯ аз нерӯгоҳи барқӣ-обии Шаршараи Варзоб як таҷҳизоти барқдиҳандаи иқтидораш 360 кВт аз соли 1945 бекорхобидаро гирифта, таъмир намуданд. Дар вақти таъмир мушкилоти зиёде ба пеш омад, чунки таҷҳизот фарсуда дар Британияи Кабир соли 1945 сохта шуда, бисёр қисмҳои эҳтиётиаш корношоям буданд. Бо мушкилии зиёде онҳоро тағйир дода, васл намуданд.
  Вале сохтмони биною канал кашол ёфт. Бо ташаббусу талаби қатъии собиқ раиси Ҳукумати ноҳияи Ванҷ Имматшоҳ Карамшоев аз роҳбарони Шабакаҳои барқии Кӯҳистони Бадахшон, Ҳукумати Вилояти Мухтори Бадахшон ва Ширакати “Барқи Тоҷик” сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии “Техарв” аз нав идома ёфта, моҳи октябри соли 1995 ба истифода дода шуд. Ҳоло ин нерӯгоҳ ба аҳолии ноҳияи Ванҷ аз деҳаи Рав то деҳаи Мурғудга қувваи барқ медиҳад.
  Султон Замиров дар кори бо қувваи барқ таъмин намудани ноҳияи Ванҷ аз ибтидо то интиҳо иштирок намудааст. Ин ихтисосманди соҳибтаҷриба дар як қатор иншоотҳои муҳими ҷумҳурӣ, аз ҷумла: хати баландшиддати  500 кВт-аи “Норак-Регар”, хати баландшиддати 220 кВт-аи “Сарбанд-Қабодиён”, “Норак-Роғун”, 6 адад “ПС 500-заводи алюминий”, зерстансияҳои 220 кВт-аи “Қабодиён”, “Ҷангал”, хатҳои баландшиддати 110 кВт-аи “Данғара-Восеъ”, “Ҳушёрӣ-Хоҷаобигарм”, “Колхозобод-совхози Гулистон”, “Хоҷабулбулон” ва ғайра роҳбарӣ намуда, бо унвони фахрии энергетикии ҷумҳурӣ “Аълочии Барқи Тоҷик” сарфароз гаштааст.
  Аз хизматҳои Султон Замиров ёдовар шуда, ҳамзамон бояд заҳмати сарварони истгоҳи барқии Ванҷ Роҳатшо Асроров, Нағзибек Назрибековро қайд намуд. Маҳз бо туфайли масъулиятшиносии инҳо ба зарари обхезиҳои тобистонӣ ва шустани саргаҳи нерӯгоҳ нигоҳ накарда, аҳолӣ аз қувваи арзони барқ муттасил таъмин карда мешуд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳарфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.