Себаки сурхи сероб

  Меваҳои шаҳдбору шакарини Ванҷи пурганҷ дар саросари вилоят ва ҷумҳурӣ бо намуд ва маззаи худ беназир буда, кайҳост, ки ном баровардаанд. Ин аз заҳмати боғдориву меҳнатдӯстии мардуми шарафманди диёр дарак медиҳад.
  Деҳаи Бунай дар ин росто агар гӯем, ки пешсафтар аст, хато намекунем. Устод Садриддин Наҷмиддинов яке аз фардҳоест, ки навъҳои беҳтарини зардолуву себро дар боғаш пайванд намудаву ҳар сол ҳосили фаровон меғундорад. Бо ин роҳ ҳам зиндагиашро тинҷ намудаву маҳсулоти зиёдатияшро ба тоҷирон пешниҳод намуда, буҷаи оилавиро ғанӣ мегардонад.
  Ба гуфти Устод аз ҳамин себе, ки дар расм мебинед, барои пайванд ба Кӯлобу Суғд ва Раштонзамин ҳам бурдаанд. Себро бинеду худ қазоват кунед. Ба Устод тандурустӣ, барори кор ва баракат дар зиндагиро таманно мекунем. Давлатмир Юнусзода. 30.10.2020.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.