Дар ҳақиқат сӯҳбати ҷонпарвар аст, сӯҳбати омӯзгор. Шахсияте, ки тамоми ҳаёти худро сарфи пешаи омӯзгорӣ намуда, дар таълиму тарбияи насли навраси ноҳия саҳми босазои худро гузошта, имрӯз фарзандонаш низ аҳли фарҳангу илму адабанд, устод Садриддин Наҷмиддинов мебошанд.
Устод зодаву тарбиятдидаи деҳаи зебоманзар ва хуштабиати Бунайи бостонӣ ҳастанд. Дар мактаби деҳа таҳсилоти миёнаро гирифта, баъди хатми мактаби миёнаи №3-и деҳа ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забонҳои хориҷӣ, шӯъбаи англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон месупорад. Баъди хатми донишгоҳ ба тарбияи насли наврас дар зодгоҳаш машғул шуда, аз забони англисӣ дарс мегӯяд.Тамоми умри пурбаракаташро сарфи омӯзгорӣ намудааст.
Аз дил наравад, он ки бар дида нишаст. Баъд аз тай роҳи ҳашткилометраи Потов – Бунай хастагии роҳро чеҳраҳои хандон ва пазироии гарми хонаводаи устод Садриддин бартараф карданд. Онҳо, ки машғул ва саргарми кор буданд, корро як сӯ гузошта даву тозро сар карданд. Баъди лаҳзае устод ҳам кори сохтмонро як сӯ гузошта хона омад.
Агар чӣ бо муаллим бори аввал дида бошем ҳам, чеҳраи пуртабассум ва меҳрубониҳояш онро мемонд, ки гӯё мо якдигарро кайҳо боз мешиносем. Сари дастархон сӯҳбати мо тафсид.Устод аз айёми донишҷӯӣ ва фаъолияти корияш нақл намуданд.
У стод фарзандонашро низ соҳибмаълумот намудаанд. Кобулӣ Наҷмиддинов соҳиби ду маълумот дар Амрико гашта, онҷо зиндагӣ ва фаъолият дорад. Бадахшӣ дар хона дастёри падар аст. Онҳо ҳоло нияти сохтмони таҳхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва меваю сабзавотро доранд, ки сохтмонаш идома дорад.
Устод соҳиби 7 фарзанд, 5 писар ва 2 духтар ҳастанд. Суҳайли пешаи падарӣ – омӯзгориро ихтиёр намуда, дар мактаби деҳа ба шогирдон аз фанни забони англисӣ дарс медиҳад. Ҷӯрабек ва Саид бошанд, дар Руссия ба тиҷорат машғуланд. Модари хонадон холаи Бибиё дар тарбияи фарзандон нақши боризро иҷро намудааст. Мо ба аҳли оилаи устод тандурустиву сарбаландӣ ва баракатро дар корҳои рӯзмарраашон аз даргоҳи иллоҳӣ таманно дорем!. Давлатмир Юнусзода. 24.10.2020.
Назари хешро иброз кунед