Рустам Соиров

  Рустам Соиров яке аз футболбозони ҷавону маъруфи умебахши кишвар аст. Аз синни нӯҳсолагӣ ба футболбозӣ шуғл варзида, ҳамчун варзишкори бомаҳорати соҳа аз навҷавонӣ шомили тимҳои маъруф ва дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқот ширкат дошта, дар ҳоли ҳозир футболбози ҷавони беҳтарини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
  Рустам 12 сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Падари Рустам Ҷамшед Соиров муаллим ва яке аз варзишгарони моҳири диёр, зодаи деҳаи Ғуҷоваст мебошад.
  Рустамро ба тими “Барқчӣ” (собиқ “Локомотив”) даъват карданд ва ӯ аз соли 2009 то соли 2013 дар ҳайати наврасони он бозӣ кард. Баъдан дар ҳайати дублёрони тими “Барқчӣ” бозӣ карда, маҳорати варзишии хешро зоҳир намуд ва ӯро ба ҳайати тими мунтахаби то 16 солаи кишвар даъват карданд.
  Баъдан, дар ҳайати дастаи “Помир” бозӣ карда, дар соли 2019 Қаҳрамони лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд.
  Рустам Соиров дар мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё дар ҳайати тими мунтахаби то 17 солаи Тоҷикистон дар соли 2017 яке аз беҳтарин футболбозони ин мусобиқа буд. Ҷаҳду талошу маҳорати баланди варзишкории Рустам дар ин сабқат буд, ки тими наврасони кишвари мо сазовори ҷои дуввум гардид ва ин баландтарин дастовард дар таърихи футболи кишвари мо буд.
  Рустам ҳамчунин дар ҳайати дастаи наврасони кишвар иштирокдори Қаҳрамонии ҷаҳон буд, ки даста бо намоиши ҳунари хуби футболбозӣ Тоҷикситонро муаррифӣ намуд.
  Алъон Рустам дар ҳайати тими “Истиқлол” фаъолияти варзишӣ дорад. Дар ҳайати ин тим Суперкапи (суперкубок) Тоҷикистонро ба даст овардааст. Рустам дар ҳайати ин тим имсол 8 маротиба тӯбро ба нишон расондааст ва мо дастовардҳои бузургро аз ӯ умед дорем.

1 Назар

  1. Рустам Соиров бозингари беҳтарин аст. Ман боварӣ дорам соли 2026 бозингарони тоҷик ба монанди Рустам Соиров, Алиҷони Айнӣ, Шӯҳрат Элмуродов, Рустам Ятимов, Муҳридин Ҳасанов, Муҳаммадвориси Саидамир дастаи Тоҷикистонро ба ҷаҳон мебароранд. Ман ба пурагӣ боварӣ дорам.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.