Пирӯзии паҳлавонони диёр


  Jiujitsu1Дар шаҳри Қоҳираи кишвари Миср дар таърихи 16 март мусобиқоти кушодаи оид ба намуди варзиши ҷиу-ҷитсу баргузор гардида, чанд рӯз имдома доштанд. Ин нахустин сабқате буд, ки дар он ҳар шаҳрванд ва тими ҳар кишваре метавонист ширкат ва ҳунарнаоӣ кунад. Ба истифода аз ин маврид паҳлавон Сайёд Урфонов бо дастаи хеш дар ин мусобиқа ширкат варзида, маҳорат ва натиҷа баланд нишон доданд.

  Сайёд Урфонов аз беҳтарин варзишкорони диёр дар намуди варзишҳои размӣ буда, ҳоло мактаби варзишии хешро таъсис додаст, ки имрӯзҳо шогирдонаш дар саҳнаҳои варзишии ҷаҳон ҳунарнамоӣ карда, муваффақ мешаванд. Дар мусобиқаи Egypt Open Championship ӯ бо 12 шогирд ширкат дошт, аз онҳо 11 нафарашон соҳиби медал шуданд. Ҳашт нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Худи Сайёд дар ин мусобиқа дар ҳар ду риштаи ин намуд – ҷиу ҷитсу бо кимоно ва бекимоно сазовори ҷои аввал гардид. Дар ҷамъ онҳо се медали тилло, чашор нуқра ва чаҳор биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд. Тартиби ҷоизадорони мусобиқа ба ин зайл аст:

  1. Сайёд Урфонов – ҷои аввал ва медали тилло дар вазни 70кг бо кимоно;

  2. Сайёд Урфонов – ҷои аввал ва медали тилло дар вазни 70кг бекимоно;

  3. Шоҳрухи Илмшоҳ – ҷои аввал ва медали тилло дар вазни 64кг бекимоно;

  4. Муҳаммад Файзуддин – ҷои дуввум ва медали нуқра дар вазни 82кг бекимоно;

  5. Маҳмудҷон Каримов – ҷои дуввум ва медали нуқра дар вазни 70кг бекимоно;

  6. Муҳаммад Нуриддинов – ҷои дуввум ва медали нуқра дар вазни 100кг бекимоно;

  7. Мирзо Сафаров – ҷои сеюм ва медали биринҷӣ дар вазни 76кг бокимоно;

  8. Зубайри Расул – ҷои сеюм ва медали биринҷӣ дар вазни 64кг бекимоно;

  9. Холид Абдуссалам – ҷои сеюм ва медали биринҷӣ дар вазни 100кг бекимоно;

  10. Исо Гунҳаракой – ҷои сеюм ва медали биринҷӣ дар вазни 82кг бокимоно;

  11. Исо Гунҳаракой – ҷои сеюм ва медали биринҷӣ дар вазни 82кг бекимоно.

    Jiujitsu2 Jiujitsu3

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.