Палчои сари мумаша бгира

  Дар вахтои донишҷӯиш ай Ванҷ бобаи як донишҷӯбача хабаргириш миёя. Касе то хобгора пеши бачаш мерасунаш. Баъди вохриву аҳволпрсӣ каме дам мегирану бача бобаша мега биёта брем хунаи ҳамаки флунӣ. Мераван дар тралейбус мешинан. Бача чор тин ай тани хдш, чор тин ай тани бобаш билетпулӣ меда. Рӯзига бача ай хов барвахта мехезаву чойя мехраву мега: – “Боба мн дарс мерам хдт олӣ аманда бош”. Баъди рафтани бачаш се чор соҳат мегзараву боба бетоқат мегара, мега ко флунӣ як ҳилоҷ кну мна бай пеши бачам бар ё варам кн та брам.
  Акаи флунӣ вакт надошта бидаст чие, ки овараст дар астанофкаву дар таксӣ сворш карасту таксичира гфтаст, ки амин каса бай фалон адреса бар. Таксичӣ бай ҷойи гфтагира мерасунашу боба ай ҷебакш як тангаи се тинара меброра сни таксист дроз мекна, таксичӣ мега: – “Ҳо, тағо ин чияй?”. Мега: – “Дар тани бай амандара мна оварант”. Таксичӣ мега: – “Тағо як сум мешава” (пешта таксӣ дар шар ай як сум зиёд намегрфт). Боба мега: – “Э мараки хуб, бгирӣ бгӣ, нагирӣ ваам паси сарм, (сни тралейбус ншун медаву мега) ина дина дар намун мошини бӯзбалаи шохдроз рафтем, чор тинш дом, ин мошини майдаки ту бай ду тина бӣ, боре мнам олӣ длм сӯхту се тинт дом”.
  Таксичӣ ай лаҳҷа чзе мефамаву чзера не, ки меброя дар кашталош мегира. Дар минаи ра нуми бачаша мегираву додзанӣ мегира, ки дар амин вахт мошини ГАИ, як марди брутдрози кӯҳистонӣ ҳар рӯзе чанд борӣ ай кучаи Айнӣ мегзашт, мебинашуну мошинша ай ун тарафи ра қарор меда, пешун уманӣ мегара, шофри таксӣ каштали бобара сар медаву тез дар таксӣ мешинаву ҳай мекна. Гайӣ миёя сни боба як чест медаву мега: – “А амак чӣ гап?”. Мега: – “Як шофри сӯқи мстаақа се тинш даам як сум талаб дора, хиёл караст, ки мн ита гӯли нодунм, палчой сари ммаша грфтаст, надмаш”. Гайӣ ай гапош кайф кара, механдаву мебара дар хобгои бачаш мерасунаш. Нуқра Суннатниё.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.