Носир Хусравов

  nosirxsravНосир Хусравов дар моҳи майи соли 1958 дар деҳаи Рохарв таваллуд ёфта, мактаби миёнаи №4-и маркази ноҳияро хатм намудааст. Аз хурдсолӣ ба гӯштингирӣ шавқу рағбат дошта, бо ҳамсолон дар рӯи регу сабза машқу тамрин мекард. Дар мусобиқоти мактабӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ оид ба гуштини миллӣ ширкат варзида, доимо дастболо мегардид. Баъди хатми мактаби мёна дар соли 1975 ба шаҳри Душанбе омада, таҳсилро дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ба номи М. И Калинин идома дод.
  Дар соли аввали донишҷӯӣ (соли 1975) дар чемпионати ҷумҳуриявӣ ҷой дуюмро ишғол намуд. Ҳамон сол дар чемионати кушоди Қирғизистон оид ба самбо баромад карда, соҳиби ҷои аввал ва медали тиллоӣ гардид. Соли 1976 дар мусобиқаи ҷудо Чемпиони Тоҷикистон шуда, дар чемпионати умумишуравӣ оид ба самбо дар шаҳри Ашқободи кишвари Туркманистон соҳиби медали тилло гашт. Дар соли 1977 боз Чемпиони Тоҷикистон оид ба самбо ва ҳам ҷудо шуд. Дар ҳамин сол дар шаҳри Мински Беларус медали тиллои мусобиқаи самбо ва ҷои якум дар мусобиқот барои ҷоизаи рӯзномаи “Комсомолец Таджикистана”-ро ба даст овард. Дар соли 1978 чемпиони ҷумҳурӣ оид ба самбо ва ҷудо шуда, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо дар шаҳри Киеви Украин медали тилло ва дар сабқат барои ҷоизаи Блюхер дар шаҳри Маскав медали биринҷӣ гирифт. Дар соли 1979 чемпиони ҷумҳурӣ оид ба самбо ва ҷудо шуда, дар спартакиадаи XIII Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷой якум ва дар спартакиадаи халқҳои ИҶШС соҳиби ҷои панҷум гардид. Дар соли 1980 чемпиони ҷумҳурӣ оид ба самбо ва ҷудо гашт.
  Носир Хусравов баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, дар мактаби №9-и деҳаи Мурғутга то соли 1982 ба ҳайси муаллими тарбияи ҷисмонӣ кору фаъолият кард. Соли 1982 мудири шӯъбаи варзиш ва тайёрии ҳарбии Кумитаи комсомоли ВМКБ таъин шуд ва дар ҳамон сол ба хизмати ватан даъват шуда, онро дар шаҳри Белогорски вилояти Амур адо намуд.
  Пас аз хизмати аскарӣ ба ватан баргашта, дар макотиби №63 ва №41-и шаҳри Душанбе ба сифати муаллими тарбияи ҷисмонӣ кор кард. Соли 1986 ба зодгоҳаш ноҳияи Ванҷ баргашта, издивоҷ намуд ва ҷонишини мудири мактаби варзишии ноҳия таъин гардид. Аз соли 1987 то соли 1998 дар мактаби №4 ҳамчун муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва аз соли 1998 то соли 2013 мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ кор намудааст.
 Носир Хусравов беш аз панҷоҳ нафар устоди варзиши Ҷумҳури Тоҷикистон, панҷ нафар устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ як нафар устоди шоистаи Ҷумхури Тоҷикистонро парваридааст ва ҳамаи ин хизматҳои ӯро ба назар гирифта, ба Н.Хусравов унвони Мурабби шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро лоиқ донистаанд. Аз соли 2013 ин ҷониб ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби ВМКБ кор ва фаъолият дорад. Фарзанди ӯ  Хушқадам Хусравов ҳамчун вориси падар яке аз беҳтарин паҳлавонони соҳибному унвони диёру кишвар дар майдонҳои кишвару ҷаҳон фаъолият дорад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.