Нонвойхона, ба забони мардум маъруф ба «хлебопекарник» дар Кучаҳо
Мавзеъ ё маҳалли Кучаҳо ё “Кӯҳандиёре ҷойгаҳаш дар қалби мост”! Аз замонҳои қадим то айни ҳол ин маҳалла шӯҳрат ва номаш вирди забони хосу ом аст.
Айёми пешрафти ҷомеъа дар ноҳия солҳои 60-и садаи бистум дар маҳаллаи Кучаҳо дар ҳамшафатии ё наздикии хонаҳои марди зиндаёд бобои Сикандар Шоев (падари Диловар Сикандаров) нонвойхонаи калон ва ҷавобгӯ ба ҳама талаботҳои ҳамон замона, бо ёрдаму таҳрезии муҳандисони миллати рус онро бино намуда, бо таҷҳизотҳои зарурӣ насб карданд. Чунки дар он давра мутахассисони таҳҷоӣ намерасиданд. Технологияро насбу таъмир карданро фақат онҳо ба анҷом мерасониданд. Ҳамаи таҷҳизоти он тавассути асбобоҳои барқӣ, яъне дегҳои калони хамиркунӣ ба сомон расонида мешуданд.
То андозае мо нағз дар ёд дорем, ин дохили бинои барҳавои кушоди тозаю озода, фарши ин бино аз оҳанҳои чӯянӣ (чугунӣ) насб кардашуда буд ва дар дигар бинои ёрирасонаш баъди пухтани нонҳо рафҳои баланди чӯбӣ, ё ба маънои дигар — этажерка хлебҳоро бо як низому тартиб мечиданд. Инчунин, ду ё се оташдони (печ) калони дарозиашон даҳметра зиёдтар аз хишти пухтаи махсуси тобовар (огнеупорнный кирпич) ба оташу ҳарорати баланд барои пухтани нон (хлеб) сохта шуда буданд, ҳамаҷониба мусоидат мекарданд.
Мутахассисони рустабор лӯлаҳои оташгузару қубурҳои обгузаронӣ ва оташдонҳои (печҳои) дар боло зикршударо, ки ҳангоми ягон нуқс ва вайрон шуданашон аз Душанбешаҳр бо даъват ба ноҳия омада, дар назари ман бо як маҳорату моҳиронаи ба худ хос кафшергари менамуданд Ин ҳолатро мо борҳо вақти таъмир намудани оташдонҳои хлебпазии азкормонда (хиштҳои корношоямшударо ба берун бароварда буданд) аз ҷониби мутахассисони рус ҳангоми наврасӣ борҳо аз ҷиҳати кунҷовӣ дида ва мушоҳида карда будем. Бо лаҳни шикастаи забони русӣ ҳам бо онҳо боре муошират намуда будем.
Ногуфта намонад,ки ин мутахассисон ба мардуми таҳҷойи бо хоҳишу илтимоси онҳо бо масолеҳи овардаашон баъзан вақт бо ороиш кат (манҷа) низ кафшер мекарданд. Дучархаҳои наврасон ё дучархаҳои бачагонаи шикастаро тариқи кафшергари банду баст ҳам мекарданд. Як кати (манҷа) бо дастони ҳамин ҳунармандон сохташуда солҳои сол мешавад, ки дар хонаи нависандаи ҳамин сатрҳо то ҳол хизмат намуда истодааст.
Бо усули кафшергарии газ ва маҳорати хуби ҳунармандиашон ба шаҳрванд Абдуллоев Сайфулло (суратгири ноҳия), сокини маҳаллаи Кучаҳо як аробаи (тачка) мустаҳками хуб ва бо балон ё чархи оҳанини пурдошти ба он замон ҳамаҷониба ҷавобӯ сохта дода буданд. Мардуми таҳҷоӣ хизматпулиашонро бо тариқи шартномаи даҳонӣ пардохт менамуданд. Аз маҳсули меҳнаташон ва муносибат бо мардуми таҳҷоӣ бисёр қаноатманд буданд.
Мудирияти нонпазхонаро (хлебопекарний) шодравонҳо Музаффаров Мунаввар аз деҳаи Бунай ва баъдан Иззатов Давлат сокини ноҳияи Ванҷ бар ӯҳда доштанд. Кормандони онҳо қисме аз маркази ноҳия ва қисме аз деҳаи Бунай буданд, кор дар ду баст, бо навбат ба сомон расонида мешуд. Коргарон Ғалчаев Мазорӣ, Фархов Асо ва баъдан Ғалчаев Маҳмад (фарзанди амаки Мазорӣ, вазифааш равған молидани қолабҳои (фомаҳои) хлеб дар нонвойхона буд ва онҳоро бо як тартиби муайян дар мизи калони махсус чинда мемонд.
Пакаев Ғафур (аз маҳаллаи Пуни Ҷӯгунӣ), Соқиев Ҷонибек, Карамов Иззатшо аз Убари даргови Рохарв коргарони нонвойхона буданд. Дамдоров Амир аз Бунай дар утоқи алоҳида тавассути моддаи сузишворӣ — солярка оташдонҳои нонпазиро барои пухтани нонҳо бо истилоҳи забони русӣ — кочегарная омода мекард.
Ғайр аз ин, дар дохили ин бинои алоҳида оташдонҳои нонпазиро ба пухтани нон омода менамуд. Як ҳуҷра-ҳамомхона барои шустушӯи коргарони нонвойхона вуҷуд дошт. Ходимии онро Шехов Саидшариф аз маҳаллаи Сабзигаи деҳаи Убари Даргови Рохарв ба ӯҳда дошт.
Автомашинаҳои махсуси нонкашон бо нишонаи “ХЛЕБ” дар се баст: пагоҳӣ, нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ нонро ба мағозаҳо дастрас мекарданд. Яке аз ин ронандагони Ҷамъияти матлуботи ноҳия, шодравон аз деҳаи Убари Даргови Рохарв Бачабеков Азора буд.
Бисёр вақт наврасон ба хотири мошинасаворӣ бо як завқи калоне ҳамроҳи амаки Азора то пеши мағозаҳо дар фуровардани нон (хлеб) бо як қаноатмандӣ саҳмгузор мешуданд. Интизории бесабронаи ҳамарӯза мекашиданд, ки бо розигӣ ва хоҳиши ронанда лаҳзае бошад ҳам ба хотири мошинасаворӣ хлебфурорӣ намоянд.
Нони ё “хлеби” Ванҷ шӯҳраташ то маркази ҷумҳурӣ — Душанбешаҳр рафта буд. Кормандони нонвойхона хлебро бо як нозукии хосу дилгармӣ, бо хамирмояи аслӣ (хамирмояи сунъиро истифода намебурданд) ва муҳаббати хосса дар нисбати касбу корашон мепухтанд. Зодагони Ванҷи дар шаҳри Душанбе сукунатдошта тавассути тайёра (самолёт) дар фасли тобистон ба диёр меомаданд ва дар вақти бозгашт ҳатман бо худашон хлеб мебурданд. Ҳангоми рафтуомади донишҷӯёну рафтани доталабон аз шаҳр хлеб фармоиш медоданд. Меҳмононе, ки аз Душанбе ба рухсатии меҳнатӣ ба диёр меомаданд, дар вақти бозгашт ҳатман лебро ҳамчун савғо мебурданд.
Тайёра дар тобистон аз соати ҳафти пагоҳӣ сар карда, то панҷи бегоҳ сафар мекард. Ҳамин тариқ “хлеби ванҷӣ” тавассути тайёра ба Душанбе интиқол дода мешуд. Сарнишинони тайёраҳо (лётчикҳо) низ хлеби Ванҷро пурсида, харидори намуда, бо худ мебурданд.
То ҳатто фармоиш (заказ) дода ҳам мешуд. Чунки бисёриҳо “хлеби Ванҷро” ҳангоми саҳарнорӣ бо таоми ширҷойи бобоӣ сахт пазмон мешуданд. Шоҳиди ҳол ҳам будем, ки ҳангоми ноништа: — “Агар хлеби Ванҷ мебуд, роҳати ҷон мешуд” гуфта, изҳори ақида менамуданд. Изҳори таассуф низ мекарданд. Талабгорони то он андоза зиёд буд, ки ин нонро халта-халта сокинони деҳаҳои наздику дурдасти ноҳия ба як сӯ ба ҷониби кашолях — деҳаи Поймазор ва ба сӯи дигар — водии Язгулом то деҳаҳои Жамагу Зайч барои истифода ба хоҷагиҳояшон мебурданд.
Пойнавишт
Қаблан нонвойхона (хлебопекарня) дар он сӯи дарё, дар ҷои Толори варзиш, дар ҷавори манзили истиқоматии марди накӯному зиндаёд Назаров Хушвахт дар ҷое, ки ҳоло як бинои зебои барҳавое бунёд намудааст, ҷойгир будааст.
Роҳбарияти онро Ҷорубов Мумин аз деҳаи Убари Даргови Рохарв ва баъдан Фазилат аз маҳаллаи Гластуни Рохарв ба уҳда доштаанд. Дар ин нонвойхона пухтупази хлеб бо ҳезум будааст. Мардум ҳезумро саришта карда, оварда, дар ивази он нон мегирифтаанд.
Дар шафати он нуқтаи маводи сузишвори (заправка) мавҷуд будааст. Бар асари оташ гирифтани он зарфҳои сузишворӣ (бочкаҳои бо маводи сузишвори пуркардашуда барои захира) аланга гирифта, забонаи оташро дергоҳ хомуш карда натавонистаанд. Сухане ҳам ҳаст, ки сарпӯши яке аз ин зарфҳо аз зарбаи таркиш то назди кӯҳсор парида, афтидааст. Ин бино бо тамом сухтаю вайрону валангор шудааст.
Мо дар ин ҷо нуқта гузоштанӣ нестем. Ба қавле дил ҳам намешавад, ки хомаро дар ҷояш гузорем. Манзуру мӯҳтавои ин нигоштаҳо аз саргузашти таърихи куҳандиёри маҳаллаи Кучаҳои Рохарв ва мардуми деҳаҳои зебоманзари худи ноҳия ёдоварӣ кардан аст. Мардуми одии ин сарзамини мардхез бо дилу нияти гарм ҳаётро, зиндагиро, муҳитро, ҷамъиятро дуст медоштанд.
Адабу маърифати волои ин мардуми одӣ барои мо ибрат, мактаб ва дарси зиндагӣ буд. Ин муҳит, ин ҷамъият моро тарбия ё бо калимаи дигар обутоб дод. Ин як туҳфаи ночизе ҳам бошад, насли ҷавону ояндасози миллат аз таъриҳи маҳалу рустои хеш, хусусан, маҳаллаи Кучаҳо (“Кучоо — боғи тамошо”), мардуми сарфарозу сарбаландаш, ки бо меҳнати ҳалолу самарноку дилу қалби соф, дустию рафоқату якдигарфаҳмӣ бо ҳамдигар баҳри ободию сарсабзии макону диёру меҳани азизи хеш саҳми арзандаи хешро гузоштаанд, огоҳ мешавад.
Зиёратшо Шоҳзода, маҳаллаи Кучаҳо, шаҳраки Рохарв.
Назари хешро иброз кунед