Назриддин Давлатов

  Дар замони инҳитоти ахлоқӣ ҷавонони бофаросату фарҳанг камтар пайдо мегарданд. Аксар дар гуфтору кирдор аъмоли нақзи ахлоқӣ зоҳир мекунанд. Агарчанде ба зоҳир аҳли тақво менамоянд, дар асл кору рафтори ғайришаръию ахлоқӣ доранд.
  Назриддин аз ҷумлаи ҷавонмардони бофарҳангу фаросати диёр аст, бо хулқу атвори шоиста азизи ҳамдиёрон гардидааст. Ӯ ба илму фарҳанг рағбат дошта, дар ташвиқи маърифатгароӣ дар ҳадду тавон даст ба кор дорад. Ҷавонмарде бо ҳама хусусиёти хубӣ инсонӣ аст. Дар нисбати мардум боэҳтиром аст, бузургсолонро икром мекунад ва ба ин ваҷҳ дар миёни эшон иззат дорад.
  Назриддин Давлатов соли 1990 дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби миёнаи №4-и маркази ноҳия ба номи Юсуф Қудратов рафта, онро соли 2008 ба итмом расонидааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (молия ва қарз) дохил шуда, дар идомаи таҳсил моҳи апрели соли 2013 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ ба тариқи даъватнома ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешавад ва хизмати ҳарбиро дар қисми низоми 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шурӯъ мекунад ва пас аз як соли хизмати аскарӣ бо рутбаи сержанти хурд мушараф гардида, идомаи хизматро дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчун “ҷобаҷогузор” идома медиҳад.
  Пас аз 9 моҳи хизмат дар дастгоҳ дубора ба қисми ҳарбӣ баргашта, соли 2015 бо рутбаи “сержант” мушарраф гардида, моҳи апрели худи ҳамон сол хизмати ҳарбиро ба анҷом мерасонад ва бо сари баланд ба хона бар мегардад.
  Ҳоло Назриддин ба иллати вазъи саломатӣ муваққатан фаъолияти меҳнатиро канор гузоштааст ва бо хости Худованди бузург ҳар чӣ зудтар бар бетобӣ чира хоҳад шуд. Мо ба ин ҷавонмарди арзандаи диёр хушбахтии дунё ва саодати охиратро орзумандем!.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.