Дар феълу атвори мардуми диёри Ванҷ ҳанӯз аз замони қадим меҳмону меҳмондорӣ мақоми хосса ва аввалиндараҷаро дорад. Бино бар ин сабаб барои густурдани дастархони меҳмонон ҳамеша пешакӣ анвои хӯрданиро аз қабили мурӯдпора (амрӯтпора), сепора, тут, мағзу дона, тутпусту сурха ва қуруту ғайраро ҳамчун маводи хӯрдани барои меҳмонон дар ганҷуру сандуқу хамбанҳо, ба истилоҳи мардуми таҳҷоӣ “чаву хамбан” мекарданд.
Ҳатто дар фасли зимистон барои меҳмонҳои ба гуфти худашон “қалбу ноқалб” чоҳи себу ноку кайон ҳам захира мекарданд ва наёфтану аз амвои гуногун ороста накардани дастархони пеши меҳмоноро барои худ “аҷаб ҳайбе шӣ” мешумурданд. Ба ин сабаб аз замонҳои қадим то ин ҷониб дар ҳар як хонадони Ванҷ захираҳои эҳтиётии маводи ғизоӣ барои дастархони меҳмонон ҳатман вуҷуд дошту дорад.
Ногуфта намонад, ки ҳар як хонавод аз замонҳои пеш ва дар замони мо ҳам барои қабули меҳмонон ҳуҷраеро ҳамчун меҳмонхона (мемунхуна) доимо тозаву озода ва барҳаво нигох медошт.
Ёд дорам, солҳои 2013-14 дар фасли тирамоҳи мошини боркаши Камаз дар деҳаи корношоям гашта буд, дар миқёси водӣ қисмҳои эҳтиётии мошини боркашро пайдо накарданд ва яке аз ронандахои он барои пайдо кардани қисми эхтиетии мошин ба пойтахт рафта буд. Ронандаи дигар бо бачаи ҷавони хамроҳашон ночор дар деха монданд.
Ронандае, ки барои қисми эҳтиётии мошин рафта буд, дар тӯли даҳ-дувоздаҳ рӯз ба водӣ бар нагашт. Ронандаи дигару ҷавони ҳамроҳашро, ки аз шаҳри Кӯлоб буданд, мардум ба навбат, яке дар вақти хӯроки чошт, яке дар вақти хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ, дигаре дар вақти хӯрдани хуроки шом ҷаҳт (даъват) карда, зиёфат мекарданд.
Ман, ки дар он замон дар деҳа будам, як рӯзи дигар дар вақти хуроки нисфирӯзӣ ронандаву ҳамроҳи ҷавонашро ба хона даъват кардам. Изхори сурури қалби ронанда, ки аз меҳмонавозии мардум ҳайратзада гашта буд, интиҳо надошт.
– “Ака – мегуфт ӯ – дар ин даҳ, дувоздаҳ рӯз “соф вазн” гирифтем, дар ҳаёти сарамон чунин меҳмонавозӣ ва чунин кушоддастие, ки мардуми Ванҷ доранд, надида будем. Меҳмонавозиашон як тараф, ин мардум рӯи хушу қалби софу сӯҳбатҳои гарму самимии шӯхтабъ доранд, табъи касро болидаву ғубори дили касро дур месозад”.
Ин овардаҳо намунае буданд, ки мо дар ин ҷо мисол овардем ва боварии комил дорам, ки дар ҳар деҳа агар мошини онҳо вайрон мешуд, мардуми софдилу меҳмонавози водӣ онҳоро ҳамин хел ғамхорона ва самимонаву бо дастони кушоду дастархони обод қабул мекарданд.
Маҳз ҳамин хислати нек мардуми сарбаланди водиро шӯҳратёр кардааст ва касе, ки дар ҳаёташ як бор аз ин водӣ дидан карда бошад, пеш аз ҳама аз хислатҳои меҳмонавозӣ ва самимияту хушгуфтории ин мардум васф мекунад.
Дар ин водӣ мардумонаш бо дили кушоду қалби соф шиносу бегонаро муроот карда мегуянд, ки ,”Э бача, ко шӣ?. Бзгар дам бзан, як пиёла чой бгӣ”. Ё ки самимона ва дилсӯзона мегуянд, ки “Ко мерай?. Нмозшумӣ шияст, бзгар, шав бшин, ичӣ гапе нест, рӯз шӣ ва рӯшанӣ мерай”. Бинобар мардуми водӣ бо сари баланд ҳамеша иброз мекунанд, ки “Ризқи мемун ай Хдост!”. Азиз Қадамов.
Назари хешро иброз кунед