Камолиддин Бозӣ

  Камолиддин Бозӣ (Бозиев Камолиддин Садриддинович) 10 апрели соли 1986 дар деҳаи Бичхарви (Пайшанбеобод) ноҳияи Ванҷ дар оилаи омӯзгори маъруфи диёр Садриддин Бозиев таваллуд шудааст.
Мактаби миёнаи №40-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 2003 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегардад. Донишгоҳи мазкурро низ бо тахассуси муносибатоҳои иқтисодии байналмиллалӣ соли 2008 бо дипломи аъло хатм менамояд. Баъд аз хатми донишгоҳ ҳамчун ассистент дар кафедраи менеҷменти молиявии донишгоҳи номбурда ба кор шуруъ менамояд.
  Ҳамчунин, солҳои 2007-2010 ба барномаи курсҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шомил шуда, мавзуъҳои Introduction to Humanity (Муқаддимаи инсоншиносӣ), Seeking Social Justice (Адолати иқтимоӣ) ва Identifing Civil Society (Шиносоӣ бо ҷомеъаи маданӣ) бо забони англисӣ аз худ менамояд.
  Соли 2010 дар курси магистратураи Шабакаи донишгоҳии ИДМ (Сетевой Университет СНГ) дохил шуда, таҳсилро дар факултаи иқтисодии донишгоҳи Дӯстии халқҳои Русия (РУДН) ва факултаи Иқтисод ва идораи ДМТ бо гирифтани унвони магистрии ин ду донишгоҳ бо ихтисоси менеҷменти байналмиллалӣ соли 2012 ба анҷом мерасонад.
  Баъд аз хатм ва бозгашт, корро дар ташкилот ва лоиҳаҳои байнамиллалӣ шуруъ намуда, ҳамзамон дар кафедраи менеҷменти молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар гурӯҳҳои англисӣ дарс мегӯяд.
  Соли 2017 корро дар вазорати Рушди иқтисод ва савдо ҳамчун сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ шуруъ намуда, дар самти татбиқ ва амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ва милликунонии Ҳадафҳои рушди устувори СММ (Sustainable Development Goals) дар Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар ин самт, дар таҳия ва тартиби як қатор ҳуҷҷатҳои заминавӣ барои амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва ҳамгироии онҳо бо Ҳадафҳои рушди устувор иштирок ва саҳм мегузорад.
Дар давоми фаъолияти худ дар ин вазоратхона як қатор курсҳои омузишии кутоҳмуддати кишаврҳои хориҷаро гирифта, раванди миллишавии Ҳадафҳои рушди устувор ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронсҳои байналмилалии СММ ва дигар вохуриҳо дар хориҷа, муаррифӣ намудааст.
  Соли 2019 дар озмуни барномаи SDGs global Leadership, ки аз ҷониби JICA (Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ) роҳандози гардидааст, баранда гардида, ба курси магистратураи донишгоҳи Тсукуба дар Ҷопон, Master’s Program in International Area Studies, Graduate School of Humanities and Social Sciences (Барномаи коршиноси аршад дар мутолиоти минтақаи байналмиллалӣ, донишкадаи таҳсилоти такмили улуми инсонӣ ва иҷтимоӣ) бо ихтисоси Master of Arts in International Public Policy (устоди ҳунар дар сиёсати умумии байналмиллалӣ) дохил мегардад.
  Ҳоло дар мавзуъи National pathway to Sustainable Development, Case study of Republic of Tajikistan (Масири миллии рушди устувор дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳқиқоти худро идома дорад.
  Ҳанӯз аз хурди шавқи шеъргӯӣ дар дили Камолиддин пайдо гашт ва гоҳ-гоҳ дар хилват ба эҷоди шеър машғул мегардад.

Намунае аз ашъори Камолиддин:

Гуфтамаш: девона то кай дуриям иншо кунӣ?
Гуфт: бар девонагардиҳо туям боло кунӣ.
Гуфтамаш: ман нестам ман, то набошӣ дар барам,
Гуфт: ҳар дам бо маниҳоят хатар бино кунӣ.
Гуфтамаш: бозо, то маънии ман пайдо шавад,
Гуфт: бозоям, агар маънии мо пайдо кунӣ.
Гуфтамаш: танҳо биё ҳарчӣ бигӯ он мешавам,
Гуфт: бо кӯрӣ чӣ тур ҷавҳар зи худ пайдо кунӣ?
Гуфтамаш: гуфтӣ, ки кӯрам розиям, аммо чаро?
Гуфт: дарёбӣ, агар чашми хирад бино кунӣ.
Туфтамаш: то кай бувад бар сар маро бехирадӣ?
Гуфт: бехирад набошӣ корро расво кунӣ!
Гуфтамаш: русвогиро ҳар дам сабаб беақлӣ нест?
Гуфт: бохирад ту бошӣ, гар маро пайдо кунӣ.
Гуфтамаш: бар ман хирад деҳ то туро пайдо кунам,
Гуфт: ман пайдо шавам, гар тарки ин дунё кунӣ.
Гуфтамаш: бехуд шудам дигар нат(в)онам бинамат,
Гуфт: ман пайдо шавам, гар ту Худо пайдо кунӣ.
Гуфтамаш: аз бехудоҳо нестам, хандиду гуфт:
Банда ман ҳам бо туям, хомӯш чаро иғво кунӣ?.

******
Гуфтамаш: ту аз манӣ ё ман зи ту? Гуфто: ҷудо.
Гуфтамаш: ин ҷо магар якто наям? Гуфто: дуто.
Гуфтамаш: посух маро аз ту бувад? Гуфто, ки на.
Гуфтамаш: ман нест дигар дар танам. Гуфто: хато.
Гуфт: ту девонаӣ бо худ суханбозӣ кунӣ?
Гуфтамаш: пас, бо кӣ бошам дар сухан? Гуфт: бо Худо.
Гуфтамаш: манро нигаҳ дорад Худо аз шарри ту,
Гуфт: шайтон, ки наям девона, яъне ба худ о!
Гуфтамаш: ман бо худ о-ятро Худо кардам гумон.
Гуфт: бо худ гар набошӣ бо ту кай бошад Худо?
Гуфтамаш: ман бо Худоям, гуфт: ман ҳам бо туям,
Бандаро як ҷисму як руҳ бошаду, якто Худо.

******
Ману оғуши шаби тору қалам ба рӯи дафтар,
Дайу барфу тираабру нимамоҳу хира ахтар.
Ману нолаҳои ғурбату ғами ҷаҳони фардо,
Қалами ба хоб рафтаву хати сапеди дафтар.
Шаби барфпӯши нимзинда дар орзуи маҳтоб,
Мани ниммурдазинда ҳаваси диёр бар сар.
Чӣ басе ба шакл дурему ба дарки дард наздик,
Ба ҷаҳони ҷисм бар худ ба ҷаҳони рӯҳ бар дар…

******
Аз куҷо донӣ ту, ки ман кистам?, ман надонам сири хеш,
Ман ҳамонам, ки надорам тарс аз тақдири хеш.
Турк нозад зон ки ман турку араб зон ки араб,
Карда марди мурдаи торихи манро реш реш.
Гар араб мегӯиям ман то мусалмонӣ будам,
Туркам-ар хонӣ биёрам Мавлавиро рӯй пеш.
Танг чашмонам накарди кирдигоро баҳри чӣ?
То муғулҳам гирадам дар риштаи бобои хеш.
Аз куҷо донӣ забонам чист пирам кист хони ман куҷост?
Хонаам хок ҷадди ман Одам забонам нест неш
То ба кай айбам биҷӯи ҳамчу шона аз қафо?
То ба кай аз худ намои хонаи ман пеши хеш?
Аз қафо гар ҷуиям айб дӯстам андеша кун,
Зоти манро набвадаш дум ҳеҷ гоҳ аммо на риш.
Хоҳи дони гар зи чӣ обод гардад шаҳри ман,
Аз Самарқанду Бухоро пурсу аз фардои хеш
Ман надорам зарраи гар кибр аз аҷдоди худ,
Ҳам натарсам з-онки ҳар дам тешае дорам ба реш.
Порсигӯ шав чу банда порсо андеша кун,
Гар зи Одам мешуморӣ решаи бобои хеш.

******
Шукри он рӯзе, ки бошам дар сафар бар сӯи ту,
Пар барорам чун уқоб баҳри шикор дар кӯи ту.
Оҳувон гар дар гурезанд аз тири сайёдшон,
Нахчирам ман дар ғами тири хами абрӯи ту.
Дузди шаб андеша дорад аз нигоҳи моҳтоб,
Моҳи нав ҳайрон шавад аз рӯшани рӯи ту.
Моҳи гар як дам натонад зист бе ишқи ҳубоб,
Ман натонам зист бе гирдоби тори мӯи ту.
Дил зи танҳои барам занҷир созам дар қафас,
Дар ҷаҳон то чанд гардам гар наёбам бӯи ту.
Булбулу гул моҳу хуршед рӯзу шаб бе ҳам хароб,
Ҷони ман қурбони рӯю мӯю ҳам гесӯи ту.
Банда дорам ман талаб аз даргаҳаш рӯзу шабон,
Сози булбул бӯи гул дарди ману доруи ту.

******
Сози мо аз сӯзи ту бар осмон сар мезанад
Бо умеди он ки раҳмат сӯи мо пар мезанад
Як тавофи каъбаи ҳуснат дувоздаҳсола буд
Оби чашми ҳоҷии ту ҳавзи кавсар мезанад
Масти дидори туро ҳушёр байъат мекунад
Сад Сикандаршоҳро аз ту қаландар мезанад
Кавкаб андар осумонат нур меборад чу моҳ
Моҳи ҳуснат нур бар дунёи дигар мезанад
Лоҷарм тафсири ту фӣ аҳсани тақвим гашт
Ҳилми илмат зарба бар ахлоқи кофар мезанад
Аз алифат лом гаштем андарин дашти ҷиҳод
Ин муҷоҳид ноилоҷ сад дил ба ханҷар мезанад
Бандаи Ҳақ рӯзу шаб андар ғами ҳиҷрони ту
Нолаи тарро басе дар кунҷи дафтар мезанад.

******
«Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро
Ки сар ба куҳу биёбон ту додаи моро»
Ҳадиси ёди ту дар шеъри нотавон ин аст
Ки гул ба нола барад анделеби гӯёро
Ҳиҷобу парда напӯшад зеби ҳурр зинҳор
Чу хоку санг напӯшид ҷилои тиллоро
Чи сахт бастани кумпуз бар оҳанги фироқ
Зи сӯзи ъишқ кашам сози чанги шайдоро
Мани шариъатӣ бе гарми нигоҳат рӯзе
Ба гӯри сард барам тоби рақси сарморо
Ту чунони ки надонам чи гуна васф кунам
Ба пор мебари аз мо умеди фардоро
Ба ҷуз шеър рози дил ба ту чигуна расад
Ту карда роми худ ин тутии шакархоро.

******
Муноҷот 
Худовандо аҷаб беморам имшаб
Ба бахти хеш дар ҷанҷолам имшаб
Миёни қилу қолу адлу инсоф
Намо рӯшан мақому ҳолам имшаб
Ба умқи шаб ба илмат истихора
Ба ҷо орам раҳо кун борам имшаб
Ту қодир ҳастию ман менадонам
Зи ғайбат ҳосил овар корам имшаб
Ту доноиву аз ҳар тасмим огоҳ
Агар нек аст намо иқболам имшаб
Агар зиштаст ба дин роҳу равишам
Раҳоям кун намо хушҳолам имшаб

Рубоиёт

Ман як гунаҳам ҳазор такрор кунам,
Ҳар гаҳ ба гуноҳи хеш иқрор кунам.
То кай набувад ишораат ҷониби мо,
Айб аст агар ҳазору як бор кунам.

******

Имшаб гунаҳи калони манро ту бишӯй,
То субҳ шурӯ кунам бо хулқи накӯй.
Дар доми савоб чунон занҷирам банд,
Шайтон биканад зи кори ман оразу рӯй.

******
Ё Раб ту маро ба ҷодае рост бубар,
К-анҷом бувад бӯи хуши лолаи тар.
Холӣ зи каҷу килебу найрангу бало
Лабрези маю созу наю ёр ба бар.

******
Имшаб ба умеди карамат хоб кунам,
Торикии шаб ба бӯ-т маҳтоб кунам.
То рӯз ба лаб бихонамат истиғфор,
Бошад, ки ҳидояти ту дарёб кунам

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.